Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои пайдарпай дар Кобул. Нолаҳои кӯдакон хашми мардумро барангехт


Кобул, 21 феврал, 2021.

Навори нашршудаи видеоӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ аз таркиши рӯзи якшанбе дар шаҳри Кобул, саҳнаи дилхарошеро нишон медиҳанд. Ин навори дилхарош, хашми мардумро барангехт. Пойтахти Афғонистон шоҳиди се таркиш буд, ки дар он панҷ нафар кушта шуд, ки миёни онҳо як кӯдак низ мебошад.

Фирдавс Фаромарз, сухангӯи фармондеҳи амнияти Кобул гуфт, таркиш бар як мошини дар наздикии минтақаи Баракӣ дар ноҳияи чаҳоруми шаҳр рух дод, ки дар натиҷаи он 2 нафар ҷон бохта ва 5 тани дигар захмӣ шуданд.

Дар наворҳо, ки лаҳзае баъз аз таркиш гирифта шуд ва дар расонаҳои расонаҳои иҷтимоӣ даст ба даст шуданд, ду кӯдаки оғушта ба хунро нишон медод, ки фарёд мезаданд. Дар саҳнаи дигари ин видео, кӯдак болои сари модари беҳушаш истода, мегиряд ва мегӯяд, "Модар, бархез!.

Пас аз он дар шабакаҳои иҷтимоӣ маърака ё аксияи "Модар бархез" ба роҳ андохта шуд. Яке аз корбарон дар "Твиттер" навишт, ки тамошои чунин саҳна ғайри қобили таҳаммул буда, намешавад онро дид.

Фавзия Кӯфӣ, яке аз аъзои тими гуфтугӯкунандаи ҳукумати Афғонистон дар Давҳа мегӯяд, касоне, ки чунин ҳамлаҳо анҷом медиҳанд, чигуна ин гуна саҳнаҳоро мебинанд. Ӯ гуфт, ки ин гуна амалҳо бояд фавран поён ёбанд.

Чун аксари ҳамлаҳои дигар, масъулияти ин таркишро ҳам касе ба ӯҳда нагирифт. Аммо мақомҳои амниятии Афғонистон Толибонро масъули ин гуна ҳамлаҳо ва таркишҳо медонанд.

Вазорати умури дохилии Афғонистон мегӯяд, ки ин ҳамлаҳо аз берун аз Кобул раҳбарӣ мешаванд. Ба гуфтаи Ториқ Ориян, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, даҳшатафканони гурӯҳи Толибон, ДОИШ ва Ал-Қоида ба он хотир ба Кобул таваҷҷуҳашонро равона кардаанд, то дар байни мардум тарсу ваҳшат эҷод кунанд ва фишорҳои равониро афзоиш диҳанд.

Ӯ гуфт, ки дар моҳҳои ахир наздик ба 400 нафарро, ки дар чунин ҳамлаҳо даст доранд, боздошт кардаанд. Ин гуна ҳамлаҳо дар ҳоле дар Кобул ва шаҳрҳои калони Афғонистон афзоиш ёфтааст, ки аз имзои созишномаи сулҳ миёни Амрико ва Толибон наздик ба як сол мегузарад.

Бар асоси ин созиш, Толибон бояд хушунатҳоро коҳиш медоданд ва музокиротро бо ҳукумат пеш мебурданд ва робитаҳои худро бо Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои тундрав қатъ мекарданд. Мақомҳои афғон ва амрикоӣ мегӯянд, ки Толибон ба ваъдаи худ амал накарданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG