Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонон (U-23)-ро соли 2022 мизбонӣ хоҳад кард


Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола соли 2022 дар Узбекистон баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Ассотсиатсияи футболи Узбекистон (АФУ) хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) розӣ шудааст, ки қаҳрамонии Осиё (U-23)-ро соли оянда дар Узбекистон баргузор кунад. Аммо то ҳоло маълум нест, ки бозиҳо дар кадом шаҳрҳо ва кай доир мегарданд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё (U-23) соли 2022 дар Чин баргузор мешавад. Аммо моҳи октябри соли гузашта Ассотсиатсияи футболи Чин ба иллати муноқишаҳо дар ҷадвали бозиҳо, муҳлати ба итмом расонидани сохтмони варзишгоҳ дар арафаи дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ва мушкилоте, ки ба пандемияи COVID-19 бастагӣ дорад, аз мизбонии мусобиқа маҳрум шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё (U-23) аз соли 2013 гузаронида мешавад. Дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Ироқ дар солҳои гуногун ҷоизаи асосиро ба даст овардаанд.

Соли гузашта дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ (U-23), ки дар бозии ниҳоӣ бар тими Арабистони Саудӣ (U-23) дар замони изофа бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, қаҳрамони футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола гардид.

Бозии ниҳоӣ 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор шуд. Замони асосии дидор бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Голи дар замони изофа (дақиқаи 113-ум) задаи Ҷионг-Тае Вук ба кореягиҳо пирӯзӣ овард.

Як рӯз пеш аз финал бозӣ барои ҷойи севум миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Узбекистон баргузор шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи австралиягиҳо ба поён расид. Голи ягонаро Николас Д'Aгостино дар дақиқаи 47-ум ба самар расонид.

Бояд гуфт, ки ҷоизадорони қаҳрамонии футболи Осиё (U-23) дар Тайланд - Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ ва Австралия ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф шуданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии Усмон Тошев дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "F", ки моҳи марти соли гузашта дар Тошканд бо иштироки се дастаи мунтахаб доир гардид, аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ бенасиб монд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, бозии дувумашро бо дастаи мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Дастаҳои Узбекистон ва Тоҷикистон чоримтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Узбекистон дар гурӯҳи “F” ҷойи аввалро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо кард.

XS
SM
MD
LG