Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сездаҳ варзишгари тоҷик ба "Tashkent Grand Slam 2021" омодагӣ мебинад


Шоҳида Қаландарова.
Шоҳида Қаландарова.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудоTashkent Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7-уми март дар пойтахти Узбекистон – Тошканд - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 13 варзишгар (12 мард ва як зан) намояндагӣ хоҳад кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” то имрӯз, 26-уми феврал, иштироки 533 варзишгар (311 мард ва 222 зан) аз 77 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон 12 варзишгар – Абумуслим Қаюмзода (то 60 кг), Баҳром Сӯфиев, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни то 66 кило), Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (ҳарду дар вазни то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Амирҷони Насимҷон (ҳарду дар вазни то 90 кг), Саидҷалол Саидов, Мансур Раҳмон (ҳарду дар вазни то 100 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати занон бошад, танҳо як нафар аз Тоҷикистон – Шоҳида Қаландарова (то 63 кг) – ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки Беҳрӯзи Хоҷазода ва Аҳлия Муъминова аз рӯйхати қаблан нашршудаи иштироккунандагони мусобиқа лағв шуда, шаш гуштигири дигари тоҷик - Абумуслим Қаюмзода, Баҳром Сӯфиев, Алиҷон Сафаралиев, Ҳақназар Назаров, Амирҷони Насимҷон ва Мансур Раҳмон илова гаштанд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, “Tashkent Grand Slam 2021” севумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад. Моҳи январ дар мусобиқаи устодони ҷаҳонии ҷудо (World Judo Masters), ки дар Доҳаи Қатар баргузор шуд, аз миёни се варзишгари тоҷик натиҷаи беҳтарро Темур Раҳимов ба даст овард. Ӯ дар вазни сангинтарин (+100 кг) мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Темур Раҳимов, инчунин дар мусобиқаи ҷудо “Tel Aviv Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 18-20-уми феврал дар пойтахти Исроил – Тел-Авив – баргузор шуд, аз байни шаш варзишгари тоҷик натиҷаи хубтар нишон дод. Ӯ мақоми ҳафтумро касб кард.

XS
SM
MD
LG