Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони гуштигирони тоҷик дар "Tashkent Grand Slam 2021" маълум шуданд


Мусобиқоти ҷудо. Акс аз бойгонӣ.
Мусобиқоти ҷудо. Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудоTashkent Grand Slam 2021”, ки рӯзҳои 5-7-уми март дар маҷмааи варзишии “Ҳумо Арена”-и пойтахти Узбекистон баргузор мешавад, имрӯз, 4-уми март, қуръакашӣ доир гардид ва рақибони 14 варзишгари тоҷик (13 мард ва як зан) маълум шуданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” то ҳоло иштироки 497 варзишгар (296 мард ва 201 зан) аз 71 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон 13 варзишгар – Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 60 кг), Баҳром Сӯфиев, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни то 66 кило), Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов, Ҳақназар Назаров (ҳарду дар вазни то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён, Амирҷони Насимҷон (ҳарду дар вазни то 90 кг), Саидҷалол Саидов, Мансур Раҳмон (ҳарду дар вазни то 100 кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг) – намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати занон бошад, танҳо як нафар аз Тоҷикистон – Шоҳида Қаландарова (то 63 кг) – ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойи севум 500 имтиёз дода мешавад. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Натоиҷи қуръакашӣ

5-уми март (ҷумъа). Рӯзи аввал (шуруъ аз соати 09:20 бо вақти Душанбе)

-60 кг. Даври 2-юм. Абумуслим Қаюмзода - Солеҳ Юлдуз (Туркия)

-60 кг. Даври 2-юм. Шаҳбоз Саидаброров – Янислав Герчев (Булғористон)

-66 кг. Даври 2-юм. Алиҷон Сафаралиев – ғолиби ҷуфти Пирас Маттео (Италия) – Дмитрий Минков (Беларус)

-66 кг. Даври 1-ум. Баҳром Сӯфиев – Натан Бернс (Ирландия)


6-уми март (шанбе). Рӯзи дувум (шуруъ аз соати 09:30 бо вақти Душанбе)

-63 кг. Даври 2-юм. Шоҳида Қаландарова - Хан Хи-Ҷу (Кореяи Ҷанубӣ)

-73 кг. Даври 2-юм. Сомон Маҳмадбеков - ғолиби ҷуфти Евгений Прокопчук (Русия) - Георгиос Азоидис (Юнон)

-81 кг. Даври 1-ум. Акмал Муродов – Дидор Ҳамза (Қазоқистон)

-81 кг. Даври 1-ум. Ҳақназар Назаров - Георгий Шерзадашвили (Гурҷистон)


7-уми март (якшанбе). Рӯзи севум (шуруъ аз соати 09:30 бо вақти Душанбе)

-90 кг. Даври 2-юм. Комроншоҳи Устопириён - ғолиби ҷуфти Лорензо Рмгано (Италия) - Аслан Сагитбек (Қазоқистон)

-90 кг. Даври 1-ум. Амирҷони Насимҷон - Теодорос Тселидис (Юнон)

-100 кг. Даври 1-ум. Саидҷалол Саидов- Матиас Мадсен (Дания)

-100 кг. Даври 2-юм. Мансур Раҳмон - Рамазон Дарвеш (Миср)

+100 кг. Даври 1-ум. Темур Раҳимов – Ричард Сипотс (Маҷористон)

+100 кг. Даври 1-ум. Шакармамад Мирмамадов - Еней Маринич (Словения)

XS
SM
MD
LG