Дар чанд ҷумла
Маъмурони пулиси Маскав Иззат Амонро бо худ "бурдаанд"
Маъмурони пулиси Маскав рӯзи 25-уми март Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷиронро бо худ "бурдаанд". Ӯ телефонӣ ба ҳамкоронаш гуфтааст, "дастгир шуд", вале пулис дар ин бора расман хабаре надод.
Ба иддаои ҳамкоронаш, тақрибан як моҳ пеш мақомоти интизомии Тоҷикистон аз ниҳодҳои Русия дархости лағви шаҳрвандии Иззат Амонро кардаанд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи панҷшанбе гуфтанд, ки дар бораи боздошти Иззат Амон чизе намедонанд.
Аз ин пеш, моҳи октябри соли 2020, мақомоти интизомии Маскав дафтари Маркази тоҷиконро бо баҳонаи "ҷустуҷӯйи адабиёти ифротгароёна" тафтиш карда буданд.
Дар дастуре, ки нусхаи он дар Фейсбук ин нашр шуд, гуфта буданд, "Холов Иззат эҳтимол тарғиботи ифротгароии диниро ба роҳ мондааст". Иззат Амон он вақт гуфта буд, зоҳиран ин як ҳушдор ба ӯ дар бораи фаъолиятҳояш дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон аст, ки ба ҳукумати Русия ва Тоҷикистон хуш намеояд.
Ин фаъоли тоҷик дар Русия барои ҳимоят аз ҳаққи тоҷикон кор мекунад. Дар ду соли охир аз сиёсатҳои мақомоти тоҷик низ интиқод мекунад ва мегӯяд, нисбат ба ӯ дар Тоҷикистон парванда кушодаанд.
Иззат Амон соли 1973 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, соли 1997 бахши иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 2000-ум дар Маскав кору зиндагӣ мекунад. Хатмкардаи Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи хидмати давлатии назди дастгоҳи иҷроияи президенти Русия аст.
Солҳои охир ҳамчун вакили мудофеъ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав кор мекунад. Айни замон дар шабакаи Ютуб саҳифа дорад ва масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирон ва мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон ба баҳс мегирад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Боздошти зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми қатли навраси рус
Расонаҳои Русия дар бораи зодаи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми куштори навраси рус боздошт шуд, маълумоти бештар нашр карданд.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, Имомалӣ Турдиев солҳо пеш ҳамроҳи оилааш аз Тоҷикистон нахуст ба вилояти Кемерово ва баъдан ба вилояти Маскав омадаанд. Имомалӣ шаҳрвандии Русияро доштааст. Бародараш гуфтааст, Имомалӣ Турдиев дар Русия бузург шудааст.
Ин зодаи Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ бо иттиҳоми куштани навраси рус боздошт шуд. Ҳодиса дар шаҳри Электростали вилояти Маскав рух додааст.
Ба гузориши расонаҳои русӣ, муноқиша пас аз он сар шуд, ки як гуруҳ аз наврасон ба автобус ворид шуда, ба сӯи мусофирон ишораҳои таҳқиромез кардаанд. Имомалӣ Турдиев, зодаи Тоҷикистон ба ҳимояи он мусофир хеста, ба назди ин ҷавонон меояд ва онҳоро огоҳӣ медиҳад.
Дар навор дида мешавад, ки миёни ду тараф баҳсҳои лафзӣ сар мешавад ва онҳо дар истгоҳи наздиктарин аз автобус пиёда мешаванд. Баҳсу занозанӣ дар истгоҳ идома мекунад ва наврасон ба сӯи Имомалӣ аз туфанги шуълагиранда оташ кушодаанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, баъди ин зодаи Тоҷикистон бо корд се маротиба ба бадани навраси рус задааст.
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, бо вуҷуди расондани кумаки тиббӣ навраси 18-сола ба ҳалокат расид. Алайҳи Имомалӣ Турдиев бо иттиҳоми куштор парванда боз шуда, ба ӯ то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Сафорати кишвар дар Русия дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Дархости Сафорати Чин: ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон наравед
Сафоратхонаҳои Чин дар Душанбе ва Кобул аз шаҳрвандони чинӣ хостанд, ки ба минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон сафар накунанд.
Намояндагони Сафорати Чин дар Душанбе ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, "вақтҳои охир вазъият дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон мураккабу ҳассос шудааст" ва барои ҳамин "сафоратхонаҳои Чин дар Тоҷикистону Афғонистон аз шаҳрвандони Чин даъват карданд, ки аз сафар ба минтақаҳои марзӣ худдорӣ кунанд".
Дар Сафорати Чин умедворӣ кардаанд, ки вазъият дар марз "дар ниҳоят ба эътидол меояд".
Коргарони чинӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамчунин шаҳрвандон Чин дар дохили хоки Афғонистон моҳҳои ахир ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Аз ҷумла рӯзи 19-уми январ дар ҳамла ба тарабхонаи чинӣ дар шаҳри Кобул ҳафт нафар кушта ва чандин каси дигар маҷруҳ шуданд. Шохаи "Хуросон"-и гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва ё ДОИШ масъулияти ин ҳодисаро ба уҳда гирифт.
Дар моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта дар пайи ҳамла аз хоки Афғонистон панҷ коргари чинӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон кушта шуданд. Дар пайи ин ҳамлаҳо коргарони чинӣ аз минтақаҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон хориҷ шуданд.
Барои хариди автобусҳои барқӣ ба Тоҷикистон 10 миллион евро медиҳанд
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои хариди автобусҳои барқӣ ва беҳтар шудани кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон, ба Тоҷикистон 10 миллион евро қарзу грант медиҳад.
Ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, созишнома 20-уми январ дар Душанбе имзо шудааст.
Манбаъ мегӯяд, аз 10 миллион евро 6,4 миллион қарз ва 3,6 миллиони евро грант ё маблағи бебозгашт мебошад.
“Ҳадафи асосии лоиҳа ин харидории автобусҳои барқӣ ва таҷҳизотҳо, сохтмони майдони таваққуфгоҳ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон мебошад”, - омадааст дар хабари расмӣ.
Мақомот нагуфтанд, ки қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо кадом шарту шароит гирифта шудааст.
Ҳамлаҳои Русия мардуми зиёди Киевро бе барқу гармӣ гузоштааст
Виталий Кличко, раиси шаҳри Киев гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи шабонаи Русия ба пойтахти Украина бештар аз 5600 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бе нерӯи барқ мондаанд.
Ӯ рӯзи 20-уми январ гуфт, 80 дар сади ин биноҳо, хонаҳое будаанд, ки системаи гармидиҳии онҳоро баъди ҳамлаи густурдаи Русия ба Киев дар рӯзи 9-уми январ барқарор карда буданд.
Ӯ гуфтааст: «Дар натиҷаи осеб дидани зербунёдҳои ҳаётан муҳим дар ҳамлаи душман, то дирӯз аз 16 ҳазор бино 16-тои он бе гармӣ мондаанд.» Дар ҳукумати шаҳри Киев гуфтаанд, ки ҳамлаҳои Русия сабаби мушкилот дар ҳаракати метрои шаҳр шудааст. Дар натиҷаи зарбаи як паҳпод мошинҳо оташ гирифтаанд ва як зане захм бардоштааст.
Аз ҳамлаҳо ба шаҳри Днепр ва осеб дидани ду зани пиронсол ҳам гузориш расидааст. Бомдоди сешанбе нерӯҳои Русия ҳамчунин ба зербунёдҳои ғайринизомии вилояти Одесса ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти энергетикӣ осеб дидаанд. Мақомоти низомии Русия ҳамлаҳо ба иншооти ғайринизомӣ дар Украинаро шарҳ надодаанд.
Тоҷикистон яке аз панҷ харидори асосии оби ҷави Русия шудааст
Тоҷикистон соли гузашта ба яке аз 5 харидори асосии оби ҷави Русия табдил ёфтааст.
Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия рӯзи 20-уми январ бо такя ба иттилои маркази “Агроэкспорт” навиштааст, ширкатҳои русӣ соли 2025 ба андозаи бештар аз 103 миллион доллар оби ҷав фурӯхтаанд, ки дар муқоиса ба соли 2024-ум 19 дар сад бештар аст.
Дар миёни харидорони асосии оби ҷави русӣ Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Чин ва Қирғизистону Тоҷикистон будаанд. Се дар сади оби ҷави содиротии Русияро соли 2025 дар Тоҷикистон харидаанд.
Русияву Тоҷикистон ду шарики тиҷоратии наздик ҳастанд, вале маҳсулоти аслии воридотии Русия ба Тоҷикистон нафту газ мебошад.
Дар Қазоқистон 81 муҳоҷири тоҷикро аз сардӣ наҷот доданд
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон 81 шаҳрванди Тоҷикистонро аз сармо наҷот додаанд.
Дар хабари расмӣ омадааст, аз сабаби сардии шадид ва бехатар набудани роҳҳо автобуси ин шаҳрвандони Тоҷикистонро дар яке аз роҳҳои вилояти Акмалинский манъ карда, худашонро ба меҳмонхона бурдаанд. Дар миёни ин афрод 17 кӯдак низ будааст.
"Ин нафарон барои кӯмак ва дастгирӣ ба наҷотдиҳандагон миннатдорӣ карданд", - гуфтанд мақомоти Қазоқистон.
Ҷузъиёти бештар дар бораи ин шаҳрвандони Тоҷикистон ва инки онҳо ба куҷо мерафтанд маълум нест. Одатан шаҳрвандони Тоҷикистон дар вақти сафар ба Русия аз тариқи Қазоқистон мегузаранд.
Бо сабаби гарон будани нархи билети ҳавопаймо солона ҳазорон тоҷикистон маҷбуранд аз тариқи Қазоқистон ба Русия раванд ё баргарданд. Дар ин роҳ шаҳрвандони Тоҷикистон гоҳо ба садама дучор шуда, ҷони худро аз даст медиҳанд.
Патент дар Русия гарон шуд. Дар кадом шаҳр чӣ қадар?
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз боло рафтани нархи патент ё иҷозатномаи кор дар шаҳрҳои калони Русия хабар додааст.
Ба хабари расмӣ, соли 2026 арзонтарин патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Чеченистон — 3 410 рубл муқаррар шудааст.
Гаронтарин патент дар минтақаи Краснодар— 27 ҳазор рубл хоҳад буд. Баъди ин болотарин нархи патент дар вилоятҳои Тула — 25 ҳазор ва Липетск — қариб 22 ҳазор рубл таъйин шудааст.
Имсол дар пойтахти Русия шаҳри Маскав муҳоҷироне, ки бо патент кор мекунанд бояд ҳар моҳ 10 ҳазор рубл супоранд. Нархи иҷозатномаи кор дар Санкт-Петербург 8 ҳазор, Қазон 8600 ва дар Новосибирск 11 ҳазор рубл таъйин шудааст.
Аксар муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.
Толибон: афроди кушташуда дар марзи Тоҷикистон қочоқбар буданд
Ҳукумати Толибон хабар дод, ки ба таҳқиқи кушта шудани чор нафар дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сар кардаанд.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон ба сомонаи маҳаллии “Салом Ватандор” гуфтааст, “мо ин мавзуъро таҳқиқ дорем, вале маълумотҳои аввалия ин аст, ки чанд тан аз қочоқбарони одӣ ҳастанд, ки шояд маводи мухаддирро интиқол медоданд ё ягон чизи дигарро мамнуъро”.
Изҳороти сухангӯи Толибон дар ҳолест, ки Неруҳои марзбонии Тоҷикистон афроди кушташударо “чаҳор террористӣ мусаллаҳ” гуфта буданд. Ҳодиса 18-уми январ дар минтақаи марзии воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рух дод.
Бо ин ҳол Забеҳулло Муҷоҳид гуфтааст, ба Тоҷикистон итминон медиҳанд, ки ҳеч гуруҳ ё фарде иҷозаи анҷоми фаъолияти шубҳанокро аз хоки Афғонистон надорад. Ваъдае, ки пештар ҳам садо дода буд, аммо дар моҳҳои ахир чанд ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон анҷом шуд.
Аз ҷумла дар як моҳи ахир бори дуввум аст, ки аз мавридҳои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон гузориш мешавад. Кумитаи амниятӣ миллии Тоҷикистон моҳи гузашта гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи се узви як гурӯҳи террористӣ дар марз ва дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду марзбони тоҷик Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков кушта шуданд.
Зилзила шаҳри Хоруғро такон дод
Рӯзи 19-уми январ заминларзае шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро такон дод.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳо, заминларза соати 11:21 рух дода, марказаш дар ҳудуди Покистон буд.
Манбаъ мегӯяд, қувваи зилзила дар марказаш 6-7 балл ва дар ҳудуди шаҳри Хоруғ 3 баллро ташкил кард. Ин заминларза дар Тоҷикистон хисороте дар пай надоштааст.
Як ҳафта пеш ҳам дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон заминларзае бо қувваи 5,1 балл рух дода буд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.
Шикояти як меҳмон аз рафтори кормандони фурудгоҳи Душанбе
Як афғонтабори муқими Канада мегӯяд, аз сафар ба Душанбе, ки барои ҷалби сайёҳон саъю талош дорад, ба сабаби рафтори кормандони фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо хотираи нохуш баргаштааст.
Хайрмуҳаммади Гулмуҳаммад аз Канада бо Радиои Озодӣ тамос гирифт ва гуфт, кормандони бахши амнияти фурудгоҳ аз ришва хостаанд, вале чун пул надошта ва надодааст, чанде аз ҳадяҳои ӯ, аз ҷумла атрҳои махсус барои дохили мошинҳоро гирифтанд.
Дар дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар се рӯзи гузашта, рафтори кормандони амният бо Хайрмуҳаммад Гулмуҳаммадро санҷидаанд ва 14 ҳадяи ӯро ба як дӯсташ дар Душанбе баргардонанд.
Хайрмуҳаммади Гулмуҳаммад рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аввали моҳи декабр ба аёдати аъзои хонаводааш аз Канада ба Душанбе омада буд. Рӯзи 13-уми январ ҳангоми бозгашт ва парвоз аз тариқи Туркия вақти вуруд ва санҷиши ҷомадонаш кормандони амнияти фурудгоҳ аз ӯ пул талаб кардаанд.
Ӯ афзуд: «Ман гуфтам, ки пули нақд надорам, дар корти бонкӣ дорам. Онҳо фишор оварданд, ки агар пул надиҳӣ, намегузарӣ. Вақте ҷомадонамро боз кардам, онҳо 14 дона атр барои хушбуй кардани дохили мошинҳоро гирифтанд. Ман аз бими онки ақиб барнагардонанд, хомӯш гузаштам.”
Радиои Озодӣ барои таҳқиқи иддаоҳои меҳмони Душанбе ба дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе муроҷиат кард.
Аз дафтари матбуоти фурудгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд: "Аз меъёр зиёд баровардани атри моеъи хушбӯйкунанда барои дохили автомашина аст ва ин амал аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти авиатсионӣ дар санад сабт шудааст. Гумрук ҳам иҷозат намедод. Бастаи ин мусофирро рӯзи дигар дӯсти тоҷикаш омада бурд.”
Ба гуфтаи мақомоти фурудгоҳ, иддаои Хайрмуҳаммади Гулмуҳаммад дар бораи тамаъҷӯии кормандон аз ӯ асосе надорад, ӯ дурӯғ гуфтааст, зеро чунин амале сурат нагирифтааст.
Хайрмуҳаммади Гулмуҳаммад, 18 сол пеш ба Тоҷикистон омада ҳамроҳи хонаводааш дар Душанбе зистааст ва ба Канада рафта шаҳрванди онҷо шудааст. Дар гузашта ҳам гузоришҳо дар бораи тамаъҷӯии кормандони фурудгоҳи Душанбе нашр мешуд, вале мақомот мегӯянд, назорат сахт аст ин мавридҳо кам иттифоқ меафтанд.
Дар эътирозҳои Эрон 3300 кас кушта шудааст
Теъдоди кушташудаҳои эътирозҳои ахир дар Эрон ба 3308 нафар расидааст. Дар ин бора Оҷонсии хабарии фаъолони ҳуқуқи башар (HRANA), ки қароргоҳаш дар Амрикост хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, 3097 кушташудаҳо эътирозгарон ва 166 каси дигар маъмурони низомӣ буданд.
Оҷонсии хабарии фаъолони ҳуқуқи башар ҳамчунин тасдиқ кардааст, ки 22 нафар аз кушташудаҳо ноболиғон буданд. Тибқи омори ин созмон, дар пайи эътирозҳо зиёда аз 24 ҳазор нафар дастгир шудаанд.
Созмони ҳуқуқи башари Iran Human Rights қароргоҳаш дар Норвегия кушта шудани ҳадди ақал 3428 эътирозгарро тасдиқ кардааст.
Гуруҳҳои дигари фаъолони ҳуқуқи башар шумораи кушташудаҳоро бештар аз ин мегӯянд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қатъи интернет дар Эрон санҷидани далелҳоро мушкил кардааст.
Оятулло Алии Хоманаӣ, роҳбари Эрон кушта шудани ҳазорон нафарро тасдиқ кардааст.
ИМА ба маҳсулоти чанд кишвари аврупоӣ таърифа ҷорӣ мекунад
Президенти ИМА Доналд Трамп ба молу маҳсулоти кишварҳое, ки ба сиёсатҳои ӯ дар бораи ҷазираи Гренландия мувофиқ нестанд таърифа ё боҷи гумрукӣ ҷорӣ мекунад.
Ба ин тартиб, шуруъ аз 1-уми феврали имсол ИМА аз маҳсулоти воридшуда аз Дания, Норвегия, Шветсия, Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва Финландия 10 дарсад боҷ меситонад.
Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш навишт, "ин боҷ то замоне ситонида мешавад, ки дар бораи хариди комили Гренландия тавофуқ ҳосил нашавад. ИМА беш аз 150 сол аст, ки талош дорад ин корро анҷом диҳад".
Раиси ҷумҳури Амрико дар як моҳи ахир борҳо гуфтааст, ки барои таъмини амнияти миллӣ, Амрико бояд ҷазираи Гренландияро зери назорат гирад. Трамп аз он норозигӣ кард, ки атрофи ҷазираро "киштиҳои Русия ва Чин иҳота кардаанд.
Рӯзи 17-уми январ дар Дания намоишҳо бо пуштибонӣ аз ҳифз шудани мақоми Гренландия баргузор шуд, ки он ҳазорон нафар ширкат карданд.
Гренландия калонтарин ҷазира дар ҷаҳон аст, ки 57 ҳазор аҳолӣ дорад ва он аз ҷониби Дания, як кишвари аврупоӣ идора мешавад.
Заҳролуд шудани аъзои як оила дар Суғд аз хӯриш
Аъзои як оила дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд баъди истеъмоли хӯриши хонагӣ ё "консерва" заҳролуд шудаанд. Ҳодиса 14-уми январ рух додааст.
Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", 5 узви ин оила баъди заҳролудшавӣ дар Бемористони марказии ноҳияи Спитамен бистарӣ шудаанд. Пизишкони аҳволи онҳоро вазнини миёна мегӯянд.
Манбаъ мегӯяд, 9 каси дигар, ки аз ин хӯриш хӯрда буданд аз ташхис гузаштанд.
Ҳамчунин аз хонаи ин оила 30 банка хӯришро барои ташхис бурдаанд.
Ин бори аввал нест, ки сокинон баъди хӯрдани "консерва" заҳролуд мешаванд. Соли гузашта танҳо дар вилояти Суғд 14 нафар аз консерва заҳролуд шудааст.
Сарнавишти партовгоҳҳои заҳрогини Тоҷикистон номаълум мемонад
Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ Барномаи нави стратегии идомаи ҳамкориҳо бо се кишвари Осиёи Марказӣ барои безарар кардани партовгоҳҳои уран дар ин кишварҳоро нашр кардааст.
Бар асоси барнома, ки рӯзи 14-уми январ худи оҷонсӣ аз он хабар дод, Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон дар заминаи муҳофизат ва безарар кардани партовгоҳҳои хатарноки моддаҳои атомӣ баҳра хоҳанд бурд. Барномаи ҳамкорӣ барои безиён кардани партовгоҳҳои уран то соли 2030 аст. Бар тибқи он Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ба се кишвар дар муҳофизати амни партовҳо, корхонаҳо ва конҳои собиқи истихроҷ ва коркарди уран мадад мерасонад, ки то солҳои 1990 дар аҳди Иттиҳоди Шӯравии собиқ фаъолият доштанд ва бидуни риояи меъёрҳои бехатарӣ ва безарарсозӣ гузошта шуда буданд.
Ҳилдегард Ванденҳов, намояндаи оҷонсӣ гуфтааст, барномаи нав, ки идомаи ҳамкориҳо аз соли 2017 аст, “ба тақвияти имконоти фаннӣ, молиӣ ва кадрӣ барои мудирияти дарозмуддати маконҳои безараршуда тамаркуз мекунад.” То кунун дар Осиёи Марказӣ аз ҷумла партовгоҳҳои Мингкуш ва Шекафтар дар Қирғизистон, Чоркесар ва Янгиобод дар Узбакистон безарар карда шудаанд, аммо ба гуфтаи оҷонсӣ вазъ дар Тоҷикистон вазъ печида боқӣ мемонад.
Дар партовгоҳи азими моддаҳои радиоактив дар мавзеи Истиқлол дар Суғд кор қисман иҷро шудаанд ва дар партовгоҳи азими дигар бо номи Деҳмой дар шаҳри Бӯстон ҳоло корҳо оғоз наёфтаанд. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфтааст, ки бидуни сармоягузории иловагӣ аз Бонки Аврупоии Тавсиа ва Рушд анҷоми ин ду тарҳ дар Тоҷикистон зери суол меравад.
Вилояти Суғд аз замони Шӯравӣ ва баҳрабардории Русия аз конҳои урани инҷо, 10 партовгоҳ мерос гирифтааст, ки бар пояи омори расмӣ, дар онҳо 55 миллион тонна моддаҳои радиоактив нуҳуфтаанд. Бе нигоҳубини дуруст ва ё зери хок накардани партовгоҳҳо хатари олуда шудани муҳити зист ва гирифтории мардуми атроф ба бемориҳои хатарнок зиёд боқӣ мемонад.
Писари захмии Рамазон Қодировро барои муолиҷа ба Маскав бурдаанд
Баъд аз нашри хабарҳо дар бораи садамаи сахти мошини писараш раҳбари Ҷумҳурии Чеченистони Русия, Рамазон Қодиров видеоеро бо ҳузури ӯ ва супурдани нишон ба Одам Қодиров дар нашр кард.
Аммо бино ба гузориши вебсайти қафқозии Радиои Озодӣ, таҳқиқи замону дигар иттилооти хоси видео дар канали Қодиров дар Телеграм нишон додааст, ки онро рӯзи 15-уми январ ва як рӯз пештар аз вуқӯи садама бардоштаанд. Созмони мухолифи NIYSO низ гуфтааст, ки аксҳо аз ҷаласаро наздикони Қодиров ҳамон рӯзи 15-уми январ нашр карда буданд.
"Кавказ.Реалии", вебсайти қафқозии Радиои Озодӣ мегӯяд, расонаҳои таҳти назорати мақомоти Чеченистон хабари садамаи сахт ва бистарӣ шудани Адам Қодировро тасдиқ ва рад накардаанд. Бар тибқи иттилои Flightradar24, шабона ҳавопаймои раҳбари Чеченистон ва ҳавопаймои муҷаҳҳаз бо васоили муолиҷаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия дар Маскав нишастаанд. Гузоришҳое ҳаст, ки Одам Қодиров дар шӯъбаи ҷарроҳии шифохонаи Боткини Маскав бистарӣ шудааст.
Рӯзи 16-уми январ гузориш расид, ки писари раҳбари Чеченистон ба садамаи нақлиётӣ дучор шудааст. Як манбаи "Кавказ.Реалии" гуфтааст, мошине, ки писари 18-солаи Қодиров худаш ронандаи он буд ва бо суръати бисёр баланд ҳаракат мекард, “ҳангоми ҳаракат аз роҳ баромада, ба як девор бархӯрд.” Дар натиҷаи як нафар ба ҳалокат расидааст ва чаҳор каси дигар, бо шумули худи Одам Қодиров захм бардоштаанд.
Пас аз садама Одам Қодировро ба шифохонаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Грозний бурдаанд. Агарчӣ ба "Кавказ.Реалии" хабар додаанд, ки писари раҳбари Чеченистон ба ҳуш омадааст ва "вазъи ӯ боиси нигаронии табибон нест", вале бо вуҷуди ин ӯро ба Маскав мебаранд. Одам Қодирови 18-сола, писари Рамазон Қодиров, дабири Шӯрои амнияти миллии Чеченистон аст ва ҳамчунин раҳбарии Хадамоти амнияти падарашро бар ӯҳда дорад.