Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ Муғулистонро шикаст дод


Мунтахаби Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври ҳафтуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" тими миллии Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Ин бозӣ шоми имрӯз, 25-уми март, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 9300 тамошобин баргузор шуд.

Бозӣ бо ҳуҷумҳои пайиҳами футболбозони тоҷик оғоз ёфт ва дере нагузашта мизбонон муваффақ гаштанд. Ҳисобро дар дақиқаи 3-юми дидор ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов, ки аз бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе ба дастаи мунтахаб даъват шудааст, ба самар расонид. Ӯ тӯби ба ҷаримагоҳи меҳмонон ирсолнамудаи ҳамдастаашро бо зарбаи сар ба тӯри дарвоза ворид кард. Зимнан, ин голи 18-уми Манучеҳр Ҷалилов дар ҳайати мунтахаби кишвар мебошад.

Голи дувумро нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов (ӯ ҳам аз бошгоҳи “Истиқлол”) дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 50-ум, зад. Вай тӯбро аз масофаи наздик вориди дарвозаи меҳмонон намуд.

Голи севумро дар дақиқаи 87-ум ҳамлагар Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова) зад. Вай тӯби ба ӯ равонкардаи Комрон Турсуновро аз назди дарвоза ба ҳадаф расонд.

Ба гуфтаи сармураббии мунтахаби Муғулистон Растислав Божик, мутахассис аз Словакия, бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон барои дастааш дар давраи пандемияи коронавирус аввалин ба шумор мерафт. “Мутаассифона, мо соли гузашта ягон бор ҷамъ наомадем. Омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Тоҷикистон 27-уми феврал шуруъ карда будем. Як моҳ дар Туркия тамрин намуда, якчанд бозии санҷишӣ анҷом додем. Мо медонистем, ки мунтахаби Тоҷикистон дастаи пурзӯр аст. Бинобар ин, кӯшиш кардем ба ҳарифамон муқобилият нишон диҳем, вале мағлуб гаштем”, - гуфт Растислав Божик.

Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, аз пирӯзии дастааш изҳори хушҳолӣ карда, гуфт, "мо ба бозӣ бо Муғулистон як ҳафта омодагӣ дидем ва даста ба рақобат комилан омода буд. Бачаҳо тамоми қувваю маҳораташонро ба бозӣ равона карда, пирӯз шуданд ва фикр мекунам, мо бо бозии хуб мухлисонамонро хушҳол намудем.”

Дар мувофиқа бо FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ин бозиро тавонистанд ҳудуди 10 ҳазор мухлис дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамошо кунанд.

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистонро ҳакамон аз Ироқ бо раҳбарии довари FIFA Алӣ Сабоҳ Ал-Қайсӣ доварӣ карданд. Аҳмад Яъқуб Ҷумъа аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон, Ҳамид Муъминӣ аз Эрон комиссари бозӣ буданд. Инчунин бозиро намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё Жунг Ҳван Вон аз Кореяи Ҷанубӣ назорат кард.

Ёдовар мешавем, бозии аввали мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Муғулистон, ки 10-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Улан-Батор доир гардид, бо пирӯзии меҳмонон – футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Голи ягонаро ҳимоятгар Давронҷон Эргашев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 81-ум, ба самар расонид.

Ҳоло дар гурӯҳи "F" мунтахаби Ҷопон бо 12 имтиёз аз 4 бозӣ мақоми аввалро касб намудааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 10 имтиёз аз 6 бозӣ ба ҷойи дувум баромад. Мунтахаби Қирғизистон, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 7 имтиёз дар ҷойи севум аст. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбонони мусобиқаҳои мутамарказонидашудаи марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро, ки аз 31-уми май то 15-уми июн баргузор мешаванд, тасдиқ кард.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, бозиҳои моҳи июнро муқобили тимҳои миллии Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2022

Мусобиқаи интихобӣ. Маҳилаи дувум

Гурӯҳи «F». Даври 7-ум

Тоҷикистон – Муғулистон 3:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 3 (1:0), Алишер Ҷалилов, 50 (2:0), Шаҳром Самиев, 87

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев (Абдулмуъмин Забиров, 85), Муҳаммадҷон Раҳимов (Табрези Давлатмир, 66), Алишер Ҷалилов, Комрон Турсунов, Парвизҷон Умарбоев (Алиҷони Айнӣ, 85), Манучеҳр Ҷалилов (Шаҳром Самиев, 78).

Огоҳӣ гирифтанд: Ваҳдат Ханонов (Тоҷикистон), Гат Тугулдур (Муғулистон).

Беҳтарин бозигари дидор: Алишер Ҷалилов (Тоҷикистон).

Сардовар: Алӣ Сабоҳ Ал-Қайсӣ (Ироқ).

25-уми март. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 9300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҷадвали гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

4

4

0

0

13-0

12

2

Тоҷикистон

6

3

1

2

9-8

10

3

Қирғизистон

5

2

1

2

10-5

7

4

Мянмар

5

2

0

3

5-13

6

5

Муғулистон

6

1

0

5

2-13

3

Тақвими бозиҳои боқимонда дар гурӯҳи «F:

30-юми март

Муғулистон – Ҷопон

3-юми июн

Ҷопон – Мянмар

7-уми июн

Ҷопон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Муғулистон

11-уми июн

Мянмар - Қирғизистон

15-уми июн

Ҷопон – Қирғизистон

Тоҷикистон – Мянмар

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «F дар Ҷопон баргузор мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG