Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суперҷоми Тоҷикистон. Кӣ мебарад: "Истиқлол" ё "Равшан"?


Tajikistan -- Tajik football players (Istiqlol and Ravshan teams), 26Sep2016
Tajikistan -- Tajik football players (Istiqlol and Ravshan teams), 26Sep2016

Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе ва "Равшан"-и Кӯлоб рӯзи 3-юми апрел баргузор хоҳад шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон 29-уми март эълон кард, ки бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор мегузарад. Ба иттилои манбаъ, тамошои бозӣ дар майдон бепул аст.

Аммо он чи аз ҳоло мухлисони футболро ба ҳаяҷон овардааст, тахмину гумонзаниҳо дар бораи пирӯзии яке аз дастаҳост. "Истиқлол" қаҳрамони феълии кишвар ва "Равшан" барандаи Ҷоми миллӣ аст.

Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори дувоздаҳум баргузор мешавад. Дар ин муддат ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро соҳиб шудаанд:

  • "Истиқлол"-и Душанбе нӯҳ бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2020)
  • “Равшан”-и Кӯлоб як бор (2013)
  • “Ҳосилот”-и Фархор як бор (2017).

Соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон “Истиқлол” бар “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада буд.

Суперҷоми Тоҷикистон - 2021

3-юми апрел (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

"Истиқлол" – "Равшан"

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Натиҷаҳои ҳама бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2020):

2010. “Вахш" (Қӯрғонтеппа) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013. "Равшан" (Кӯлоб) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014. “Равшан" (Кӯлоб) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Пеналти – 4:3
2016. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017. "Истиқлол" (Душанбе) – ”Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

XS
SM
MD
LG