Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки cе паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо "Antalya Grand Slam 2021"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Antalya Grand Slam 2021", ки рӯзҳои 1-3-юми апрел дар Анталияи Туркия баргузор мешавад, Тоҷикистонро се варзишгар - Шаҳбоз Саидаброров, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - намояндагӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи "Antalya Grand Slam 2021" то имрӯз, 30-юми март, иштироки 501 варзишгар (293 мард ва 208 зан) аз 96 кишвари панҷ қораи ҷаҳон дар назар аст.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг намояндагӣ мекунанд.

Рӯзи аввали мусобиқа – 1-уми апрел – қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Рӯзи дувуми мусобиқа – 2-юми апрел - гуштигирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 3-юми апрел бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои сангин -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон - ба поён мерасад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойҳои севум 500 имтиёз дода мешавад.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Зимнан, "Antalya Grand Slam 2021" панҷумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли равон мебошад.

XS
SM
MD
LG