Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як Оҷонсиро дар Тоҷикистон аз боҷу андоз озод карданд. Нархи маҳсулот дигар боло намеравад?


Tajikistan,Dushanbe city, people in "Mehrgon" market, 5March2020
Tajikistan,Dushanbe city, people in "Mehrgon" market, 5March2020

Вакилони порлумони Тоҷикистон барои, ба гуфтаи худашон, муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ ба як идораи давлатӣ имтиёз доданд. Бино бар қароре, ки рӯзи 31-уми март қабул шуд, Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ, ҳангоми овардани маҳсулоти хӯроквориву сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (НДС), аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Дар як соли охир нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон ба таври чашмрас боло рафта, боис ба нигаронии сокинон шудааст. Маълум нест, имтиёзе, ки ҳоло ба як идораи давлатӣ доданд, арзиши маҳсулотро то куҷо поин меорад ва ё ҳадди ақал дар як сатҳ нигоҳ медорад.

Қароре, ки бо шитоб, вале бе баҳс қабул карданд

Ин масъала дар рӯзномаи ҷаласа, ки дастраси хабарнигорон шуд, ворид нагардида буд, вале дар оғоз онро бе баҳсу баррасии ҷиддӣ қабул карданд. Гулбаҳор Назирӣ, мувоини раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон, лоиҳаро муаррифӣ кард, вале баъди ҷаласа ба суолҳо посух надод.

Ӯ нагуфт, ки Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ барои овардани чӣ миқдор маҳсулот ҳақ дорад. Танҳо таъкид кард, ки "ин лоиҳа бо қонуҳои дигар мухолифат надорад".

Муовини вазири молияи Тоҷикистон, Карим Гулмуродзода, гуфт, ин тарҳро бо ҳадафи беҳтар кардани вазъи "таъминоти бозори истеъмолӣ ва зарурати муътадил нигоҳ доштани нархҳо" таҳия кардаанд. "Дар доираи ҳамкориҳои Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Точикистон бо Бонки Исломии Рушд... харидорӣ ва ба кишвар овардани маҳсулоти ниёзи мардум, аз қабили гандум, шакар, биринҷ ва сӯзишворӣ ба нақша гирифта шудааст", -- афзуд, ӯ.

Шиква аз “бархурди дугона”

Вакилони порлумон дар ҳоле барои муътадил кардани нархҳо ба як ниҳоди давлатӣ имтиёз доданд, ки дар гузашта баъзе аз соҳибкорон аз бархурди дугонаи мақомот бо субъектҳои соҳибкорӣ нигаронӣ карда буданд. Онҳо иддао доранд, ки имтиёзҳо ба таври интихобӣ ба идораву ширкатҳо ва бахусус ширкатҳои наздик ба мансабдорони баландпоя дода мешавад. Мақомот инро инкор мекунанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, барои ба миён омадани рақобат ва коҳиши нархи маҳсулот дар бозор бояд бештар таваҷҷуҳ ба ширкатҳои хусусӣ дода шавад. Ӯ рӯзи 31-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ширкатҳои хусусӣ метавонанд, маҳсулотро бо нархи арзонтар ворид кунанд. Ҳамон маҳсулотеро, ки Оҷонси захираҳои моддӣ бо нархи баланд ворид мекунад.”

Умаров таъкид намуд, беҳтар аст, мақомот ин масъаларо баррасӣ кунанд, ки аз ҳисоби маҳсулоти худӣ то куҷо ба нархҳои бозор метавон таъсир гузошт.

"Агар ҳадаф поин овардани нарх аст…"

Пайрав Чоршанбиев, хабарнигори тоҷик, ки бештар мавзуъҳои иқтисодиро пайгирӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо озод намудани як ниҳоди давлатӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ҳеч тағйироти ҷиддӣ дар бозор ба миён нахоҳад омад.

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

"Агар ният паст кардани нархи молу мавод бошад, ба тамоми воридкунандагон чунин сабукиҳо диҳанд. Барои мисол, Агентӣ яке аз се воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба кишвар аст, лекин ғайр аз он зиёда аз 50 ширкати дигар дар ин бозор фаъолият доранд. Чун дигарон аз ин сабукӣ бархурдор нестанд, нархи асосии маводи воридотӣ монанди пешина мемонад", -- гуфт Чоршанбиев.

Рӯзи 31-уми март баъзе аз вакилони Маҷлиси намояндагон гуфтанд, қабули тарҳи илова ба буҷети давлатӣ, ки имтиёз ба Оҷонси захираҳои моддиро пешбинӣ мекунад, бовар доранд, ба нархи молу маҳсулот таъсир мегузорад.

Дар пайи паҳншавии бемории COVID-19 ва баста шудани марзҳо тайи бештар аз як соли охир сокинон аз гаронии арзиши маҳсулот шикоят доштанд.

Феълан як халта орд дар бозорҳои Тоҷикистон то ҳудуди 250 сомонӣ ва як литр бензин то 9,5 сомонӣ расидааст. Масъулони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, нархи сӯзишвории дизелӣ дар се моҳи гузашта 23 дарсад ва гази моеъ то 13 дарсад гарон шуд.

Оҷонси захираҳои моддии Тоҷикистон ба хариду воридот ва захираи маҳсулот машғул аст. Дар сурати камбуди мол ё гаронии нархи маҳсулот, Оҷонсӣ муваззаф аст, захираҳояшро барои танзими нарх бо арзиши пасттар ба бозор барорад. Раёсати ин ниҳодро Нурмаҳмад Аҳмадзода ба дӯш дорад.

XS
SM
MD
LG