Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар мусобиқаи ҷудо дар Бишкек Шукрона панҷум, Аҳлия ва Фазилат ноком шуданд


Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки 6-уми апрел дар пойтахти Қирғизистон Бишкек шуруъ шуд, Тоҷикистонро 11 варзишгар намояндагӣ мекунад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се зан ва ҳашт мард дохиланд. Рӯзи аввали мусобиқа - 6-уми апрел - мардон дар вазнҳои то 60 ва то 66 кило рақобат карданд. Аммо дар ин вазнҳо Тоҷикистон намоянда надошт.

Занон дар вазнҳои то 48, то 52 ва то 57 кило ба рақобат пардохтанд. Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило дар даври аввал бар намояндаи Чин - Ка Ки Вонг пирӯз шуд. Вале ӯ дар даври дувум аз рақибаш Лин Чен Ҳао аз Тайбэйи Чин мағлуб гашт.

Шукрона дар даври тасаллобахш Ойсулу Мусоқуловаро аз Қирғизистон шикаст дод. Баъдан барои ҷойи севум аз Гулнур Муродбоева аз Узбекистон мағлуб шуд ва аз медали биринҷӣ бенасиб монд.

Ду бонуи дигари тоҷик - Аҳлия Муъминова ва Фазилат Гулбоева - ноком шуданд. Аҳлия дар вазни то 52 кило дар даври аввал аз намояндаи Туркманистон Гулбодом Бобомуродова мағлуб шуда, аз идомаи сабқат маҳрум гашт.

Фазилат низ дар вазни то 52 кило дар даври нахуст аз Тинка Истони австриягӣ шикаст хӯрд ва ҳунарнамоияш дар ин мусобиқа хотима ёфт.

Ҳамакнун ҳашт варзишгари тоҷик дар сабқати мардон рақобат хоҳанд кард. Рӯзи 7-уми апрел Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило дар даври аввал бо Айяш Аҳмад аз Яман вориди рақобат мешавад.

Акмал Муродов дар вазни то 81 кило ба рақобат аз даври дувум мепардозад. Рақибаш Халил Рибоҳӣ аз Қатар мебошад. Дар вазни то 81 кило боз як намояндаи Тоҷикистон - Ҳақназар Назаров - дар даври дувум бо Мун Ҷин Ли аз Куриёи Ҷанубӣ рақобат мекунад.

Панҷ варзишгари дигари тоҷик дар сабқати мардон рӯзи 8-уми апрел қувваозмоӣ хоҳанд кард. Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило дар даври аввал бо Шодлик Тураев аз Туркманистон; Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило дар даври аввал бо Давлат Бобонов аз Узбекистон; Мансур Раҳмон дар вазни то 100 кило дар даври аввал бо Кайҳон Озчичека-Такагӣ аз Австралия; Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Карам Бир аз Ҳиндустон ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Алишер Юсупов аз Узбекистон рақобат хоҳанд кард. Варзишгарон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек имкони касби имтиёзҳои олимпиро доранд. Барои мақоми аввал 700 имтиёз, мақоми дувум - 490 имтиёз ва ҷойҳои севум - 350 имтиёз дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус, ки дар Бишкек то 9-уми апрел идома меёбад, 195 варзишгар аз 29 кишвар барои 15 маҷмуи медалҳо дар 7 вазн миёни мардон, дар 7 вазн миёни занон ва дар сабқати дастаӣ талош хоҳанд кард.

Барномаи мусобиқа

7-уми апрел (чоршанбе)

Мардон: то 73 кг, то 81 кг
Занон: то 63 кг, то 70 кг

10:00 - рақобатҳои пешакӣ

17:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

8-уми апрел (панҷшанбе)

Мардон: то 90 кг, то 100 кг, +100 кг
Занон: то 78 кг, +78 кг

10:00 - рақобатҳои пешакӣ

17:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

9-уми апрел (ҷумъа)

Мусобиқаи дастаӣ

Мардон: то 73 кг, то 90 кг, +90 кг
Занон: то 57 кг, то 70 кг, +70 кг

10:00 - рақобатҳои пешакӣ

16:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

Эзоҳ: оғози рақобатҳо - бо вақти Бишкек.

XS
SM
MD
LG