Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози ҷавони тоҷик дар Испания бозӣ мекунад


Ҳамадонӣ Камолов.
Ҳамадонӣ Камолов.

Ҳамадонӣ Камолови 19-сола, нимҳимоятгари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе ва тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба бошгоҳи футболи испании Rayo Majadahonda” ("Райо Маҷадаҳонда") гузашт. Бошгоҳи нави ӯ дар дивизиони дувуми футболи Испания - Сегунда В - бозӣ мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти бошгоҳи футболи «Истиқлол».

«Райо Маҷадаҳонда» бошгоҳи футболи испанӣ аз шаҳри Маҷадаҳонда мебошад, ки бозиҳои хонагиаш дар варзишгоҳи “Ceрро дел Эспино” баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки феълан дар бошгоҳҳои хориҷӣ бархе аз аъзои дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ мекунанд. Чунончи, ҳимоятгар Фарҳод Восиеви 30-сола фаъолияти варзишиашро дар бошгоҳи футболи «Тамбов»-и шаҳри Тамбов, ки дар Премйер-лига ё Лигаи олии Русия бозӣ мекунад, идома медиҳад.

Нимҳимоятягар Ҷаҳонгир Эргашеви 27-сола узви бошгоҳи футболи «Қизилқум»-и шаҳри Зарафшони вилояти Навоӣ мебошад, ки дар Суперлигаи Узбекистон бозӣ мекунад.

Нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоеви 26-сола дар ҳайати дастаи “Локомотив”-и Пловдив дар мусобиқаи қаҳрамонии Булғористон ҳунарварӣ дорад.

Нимҳимоятгар Комрон Турсунови 26-сола узви бошгоҳи «ТРАУ» дар Hero I-League - дивизиони аввали Ҳиндустон аст.

Нимҳимоятгар Эҳсони Панҷшанбеи 21-сола дар ҳайати бошгоҳи «Навбаҳор»-и Намангон дар Суперлигаи Узбекистан бозӣ дорад.

Ҳамлагар Шериддин Бобоеви 21-сола фаъолияташро дар бошгоҳи футболи "Пенанг" дар Суперлигаи Малайзия идома медиҳад.

Ҳамлагар Шаҳром Самиеви 20-сола ҳамчун узви бошгоҳи «Динамо-Авто»-и Тираспол дар мусобиқаи қаҳрамонии Молдова ширкат меварзад.

Нимҳимоятгар Умарҷон Шарипови 20-сола дар мавсими имсола дар Суперлигаи Узбекистон шарафи бошгоҳи футболи “Турон” (Яйпан)-ро ҳимоя мекунад.

Зимнан, дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии даври ҳафтуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" муқобили тими миллии Муғулистон, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт, Давронҷон Эргашев, Комрон Турсунов, Парвизҷон Умарбоев ва Шаҳром Самиев ширкат доштанд. Голи севуми мунтахаби Тоҷикистонро Самиев ба самар расонид.

XS
SM
MD
LG