Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қадам то қаҳрамонӣ. Сомон Маҳмадбеков дар финали мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус


Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони номдори тоҷик.
Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони номдори тоҷик.

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки дар пойтахти Қирғизистон –Бишкек – ҷараён дорад, дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кард. Рақибаш Чангрим Ан аз Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

Сомон баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш Аҳмад Аяш аз Яман ва Муҳаммад Муҳаммадӣ аз Эрон ба нимфинал баромад. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ Жансай Смагулови қазоқро шикаст дод. Ҳамакнун паҳлавони тоҷик дар финал бо Чангрим Ан, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 ва ғолиби Doha Masters 2021, бегоҳи имрӯз рақобат хоҳад кард.

Дар рӯзи дувуми мусобиқа дар Бишкек боз ду паҳлавони тоҷик – Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров – ба рақобат пардохтанд. Ҳарду дар вазни то 81 кило қувваозмоӣ карданд. Акмал ба рақобат аз даври дувум оғоз кард. Рақибаш Халил Рибоҳӣ аз Қатар буд, ки ӯро мағлуб намуд. Вале дар даври баъдӣ аз Сайид Муллоӣ (Муғулистон) шикаст хӯрд. Акмал дар даври тасаллобахш қувваозмоиро ба Сингоҳ Ли аз Кореяи Ҷанубӣ бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Ҳақназар Назаров низ ба рақобат аз даври дувум оғоз намуд, вале аз Мун Ҷин Ли аз Куриёи Ҷанубӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се зан ва ҳашт мард дохиланд. Рӯзи аввали мусобиқа - 6-уми апрел - мардон дар вазнҳои то 60 ва то 66 кило рақобат карданд. Аммо дар ин вазнҳо Тоҷикистон намоянда надошт.

Занон дар вазнҳои то 48, то 52 ва то 57 кило ба рақобат пардохтанд. Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило дар даври аввал бар намояндаи Чин - Ка Ки Вонг пирӯз шуд. Вале ӯ дар даври дувум аз рақибаш Лин Чен Ҳао аз Тайбэйи Чин мағлуб гашт.

Шукрона дар даври тасаллобахш Ойсулу Мусоқуловаро аз Қирғизистон шикаст дод. Баъдан барои ҷойи севум аз Гулнур Муродбоева аз Узбекистон мағлуб шуд ва аз медали биринҷӣ бенасиб монд.

Ду бонуи дигари тоҷик - Аҳлия Муъминова ва Фазилат Гулбоева - ноком шуданд. Аҳлия дар вазни то 52 кило дар даври аввал аз намояндаи Туркманистон Гулбодом Бобомуродова мағлуб шуда, аз идомаи сабқат маҳрум гашт.

Фазилат низ дар вазни то 52 кило дар даври нахуст аз Тинка Истони австриягӣ шикаст хӯрд ва ҳунарнамоияш дар ин мусобиқа хотима ёфт.

Панҷ варзишгари дигари тоҷик дар сабқати мардон рӯзи 8-уми апрел қувваозмоӣ хоҳанд кард. Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило дар даври аввал бо Шодлик Тураев аз Туркманистон; Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило дар даври аввал бо Давлат Бобонов аз Узбекистон; Мансур Раҳмон дар вазни то 100 кило дар даври аввал бо Кайҳон Озчичека-Такагӣ аз Австралия; Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Карам Бир аз Ҳиндустон ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Алишер Юсупов аз Узбекистон рақобат хоҳанд кард.

Варзишгарон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек имкони касби имтиёзҳои олимпиро доранд. Барои мақоми аввал 700 имтиёз, мақоми дувум - 490 имтиёз ва ҷойҳои севум - 350 имтиёз дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус, ки дар Бишкек то 9-уми апрел идома меёбад, 195 варзишгар аз 29 кишвар барои 15 маҷмуи медалҳо дар 7 вазн миёни мардон, дар 7 вазн миёни занон ва дар сабқати дастаӣ талош хоҳанд кард.

Барномаи мусобиқа

7-уми апрел (чоршанбе)

Мардон: то 73 кг, то 81 кг
Занон: то 63 кг, то 70 кг

17:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

8-уми апрел (панҷшанбе)

Мардон: то 90 кг, то 100 кг, +100 кг
Занон: то 78 кг, +78 кг

10:00 - рақобатҳои пешакӣ

17:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

9-уми апрел (ҷумъа)

Мусобиқаи дастаӣ

Мардон: то 73 кг, то 90 кг, +90 кг
Занон: то 57 кг, то 70 кг, +70 кг

10:00 - рақобатҳои пешакӣ

16:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

Эзоҳ: оғози рақобатҳо - бо вақти Бишкек.

XS
SM
MD
LG