Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддабандии FIFA як зина поин шуд


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар раддабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 7-уми апрел дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст, як зина поин шуд ва дар байни 210 кишвар бо 1151,1 имтиёз дар ҷойи 121-ум қарор гирифт.

Дар ин феҳрист мисли пешин Белгия бо 1783,38 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1757,3 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1742,65 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб гаштааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1509,34 имтиёз дар зинаи 28-ум) қарор дорад. Эрон дувум (дар ҷаҳон 31-ум, 1499,52 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 39-ум, 1460,25 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (24-ум, 1515,85 имтиёз), Русия (38-ум, 1462,65 имтиёз) ва Узбекистон (86-ум, 1280,99 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (124-ум), Туркманистон (130-юм), Литва (134-ум), Латвия (138-ум) ва Молдова (177-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (86-ум) ва Қирғизистон (98-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври ҳафтуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F", ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, тими миллии Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Ҳоло дар гурӯҳи "F" мунтахаби Ҷопон бо 15 имтиёз аз 5 бозӣ мақоми аввалро касб намудааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 10 имтиёз аз 6 бозӣ дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 7 имтиёз дар ҷойи севум аст. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) мизбонони мусобиқаҳои мутамарказонидашудаи марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро, ки аз 31-уми май то 15-уми июн баргузор мешаванд, тасдиқ кард.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи «F» шомил аст, бозиҳои моҳи июнро муқобили тимҳои миллии Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) дар Ҷопон баргузор мекунад.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

XS
SM
MD
LG