Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ ва Темур дар қаҳрамонии  ҷудои Осиё ва Уқёнус барои медали биринҷӣ талош мекунанд


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик.

Ду паҳлавони маъруфи тоҷик – Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – ҷараён дорад, барои медали биринҷӣ мубориза хоҳанд бурд.

Комроншоҳ дар рӯзи севуми мусобиқа – 8-уми апрел - дар вазни то 90 кило дар даври аввал бар Шодлик Тураев аз Туркманистон пирӯз шуд. Баъдан бар Ислом Бозбоеви қазоқ ғолиб омад ва ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Шоичиро Мукайии ҷопонӣ мағлуб гашт. Комроншоҳ барои ҷойи севум ва дарёфти медали биринҷӣ бо Ҳебилиг Бу аз Чин рақобат мекунад.

Темур бошад, дар вазни беш аз 100 кило баъди пирӯзӣ бар Юрий Краковетский аз Қирғизистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале дар нимфинал аз Ҳисаёши Ҳарасаваи ҷопонӣ шикаст хӯрд. Акнун Раҳимов барои ҷойи севум ва медали биринҷӣ бо Ерассил Кажибоеви қазоқ талош меварзад. Рақобатҳои ниҳоӣ имрӯз соати 16:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешаванд.

Рӯзи 8-уми апрел боз се паҳлавони дигари тоҷик ба рақобат пардохта, дар даври аввал ноком шуданд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кило аз Давлат Бобонови узбекистонӣ, Мансур Раҳмон дар вазни то 100 кило аз Кайҳон Озчичека-Такагӣ аз Австралия ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило аз Алишер Юсупов (Узбекистон) шикаст хӯрданд.

Ёдовар мешавем, Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар рӯзи дувуми мусобиқа – 7-уми апрел - баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Яман ва Эрон ба нимфинал баромад ва дар даври ниманиҳоӣ Жансай Смагулови қазоқро шикаст дод. Паҳлавони тоҷик дар финал бо гуштигири номдор аз Кореяи Ҷанубӣ Чангрим Ан, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва ғолиби Doha Masters 2021, рақобат кард. Қувваозмоӣ бо пирӯзии Ан хотима ёфт.

Дар рӯзи дувуми мусобиқа дар Бишкек боз ду паҳлавони тоҷик – Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров – дар вазни то 81 кило ба рақобат пардохтанд. Акмал, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Халил Рибоҳӣ аз Қатар ғолиб омад. Вале дар даври баъдӣ аз Сайид Муллоӣ (Муғулистон) шикаст хӯрд. Акмал дар даври тасаллобахш қувваозмоиро ба Сингоҳ Ли аз Кореяи Ҷанубӣ бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Ҳақназар Назаров низ ба сабқат аз даври дувум оғоз намуд, вале аз Мун Ҷин Ли аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон се зан ва ҳашт мард дохиланд. Рӯзи аввали мусобиқа - 6-уми апрел - мардон дар вазнҳои то 60 ва то 66 кило рақобат карданд. Аммо дар ин вазнҳо Тоҷикистон намоянда надошт.

Занон дар вазнҳои то 48, то 52 ва то 57 кило ба рақобат пардохтанд. Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило дар даври аввал бар намояндаи Чин - Ка Ки Вонг пирӯз шуд. Вале ӯ дар даври дувум аз рақибаш Лин Чен Ҳао аз Тайбэйи Чин мағлуб гашт.

Шукрона дар даври тасаллобахш Ойсулу Мусоқуловаро аз Қирғизистон шикаст дод. Баъдан барои ҷойи севум аз Гулнур Муродбоева аз Узбекистон мағлуб шуд ва дар натиҷа мақоми панҷумро азони худ кард.

Ду бонуи дигари тоҷик - Аҳлия Муъминова ва Фазилат Гулбоева - ноком шуданд. Аҳлия дар вазни то 52 кило дар даври аввал аз намояндаи Туркманистон Гулбодом Бобомуродова мағлуб шуда, аз идомаи сабқат маҳрум гашт. Фазилат низ дар вазни то 52 кило дар даври нахуст аз Тинка Истони австриягӣ шикаст хӯрд ва ҳунарнамоияш дар ин мусобиқа хотима ёфт.

Варзишгарон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Уқёнус дар Бишкек имкони касби имтиёзҳои олимпиро доранд. Барои мақоми аввал 700 имтиёз, мақоми дувум - 490 имтиёз ва ҷойҳои севум - 350 имтиёз дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ва Уқёнус, ки дар Бишкек то 9-уми апрел идома меёбад, 195 варзишгар (112 мард ва 83 зан) аз 29 кишвар ширкат дорад.

Барномаи мусобиқа

8-уми апрел (панҷшанбе)

Мардон: то 90 кг, то 100 кг, +100 кг
Занон: то 78 кг, +78 кг

16:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

9-уми апрел (ҷумъа)

Мусобиқаи дастаӣ

Мардон: то 73 кг, то 90 кг, +90 кг
Занон: то 57 кг, то 70 кг, +70 кг

09:00 - рақобатҳои пешакӣ

15:00 - рақобатҳои ниҳоӣ

Эзоҳ: оғози рақобатҳо - бо вақти Душанбе.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG