Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" барои ширкат дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ба Арабистони Саудӣ расид


Бошгоҳи футболи "Истиқлол" -и Душанбе субҳи 11-уми апрел барои ширкат дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021, ки дар шакли мутамарказ баргузор мешавад, ба Арабистони Саудӣ расид. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи “Истиқлол” хабар додааст.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» бо иштироки қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол» -и Душанбе - дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. “Истиқлол” дар як гурӯҳ бо бошгоҳҳои “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Шабоб Ал-Аҳлии Дубай” (Имороти Муттаҳидаи Араб) ва АГМК (Узбекистон) бозӣ мекунад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2021 қаҳрамони Тоҷикистон шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дар бозии аввалини худ дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа "Истиқлол" рӯзи 15-уми апрел бо қаҳрамони Имороти Муттаҳидаи Араб - бошгоҳи "Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай" - рақобат хоҳад кард.

Виталий Левченко, сармураббии дастаи «Истиқлол», гуфт, "Лигаи қаҳрамонҳо барои мо як даъвати нав аст, мехоҳем натиҷаҳои баландро ба даст орем ва мухлисони худро бо ҳар бозӣ шод гардонем."

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар даҳ гурӯҳ сурат мегирад. Даври гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё дар минтақаи Ғарб аз 14-ум то 30-юми апрел ва дар минтақаи Шарқ аз 21-уми апрел то 7-уми май дар шакли мутамарказ баргузор мешавад.

Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севумро мегиранд ва нишондиҳандаҳояшон хубтар аст, дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 иштирок хоҳанд кард.

Ҳамаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар як вақт - соати 22:00 (00:00 бо вақти Душанбе) оғоз ёфта, дар ду варзишгоҳ - Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд ва варзишгоҳи ба номи шоҳзода Файсал бин Фаҳд дар Риёз - баргузор мешаванд.

“Истиқлол” 21 футболбозро ба марҳилаи гурӯҳии бонуфузтарин сабқати бошгоҳҳои Осиё шомил кард. Ба иллати ҷароҳат доштан дар ин мусобиқа ба “Истиқлол” ҳимоятгар Искандар Ҷалилов, нимҳимоятгар Амирбек Ҷӯрабоев ва ҳамлагар Ислом Зоиров кӯмак карда наметавонанд.

Ҳайати «Истиқлол» барои ширкат дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021:

Дарвозабонҳо – Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов, Сафармад Гаффоров.

Ҳимоятгарон – Аҳтам Назаров, Алексей Ларин (Украина), Манучеҳр Сафаров, Андрей Мишенко (Украина), Зоир Ҷӯрабоев, Ромиши Насрулло, Вахдат Ханонов.

Нимҳимоятгарон – Шаҳром Сулаймонов, Шарифбек Раҳматов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Хуршед-Темур Ҷӯраев, Рёта Нома (Ҷопон), Нуриддин Давронов, Алишер Ҷалилов (капитан).

Ҳамлагарон – Рустам Соиров, Салам Ашурмамадов, Ҳусейн Доған (Ҳолланд), Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ - Виталий Левченко.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

АГМК (Узбекистон).

Даври 1-ум

15-уми апрел (панҷшанбе)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – АГМК (Узбекистон)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

Даври 2-юм

18-уми апрел (якшанбе)

АГМК (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 3-юм

21-уми апрел (чоршанбе)

АГМК (Узбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

24-уми апрел (шанбе)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – АГМК (Узбекистон)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 5-ум

27-уми апрел (сешанбе)

АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – АГМК (Узбекистон)

XS
SM
MD
LG