Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи гуштигири тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Алмаато


Далер Ризозода.
Далер Ризозода.

Далер Ризозода, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии варзишӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷараён дорад, медали нуқра ба даст овард.

Ӯ дар сабқати гуштии юнониву румӣ дар вазни то 77 кило ба рақобат аз даври чорякниҳоӣ шуруъ кард ва Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманро шикаст дод. Баъдан дар даври ниманиҳоӣ бар Дамеу Жадраеви қазоқ ғолиб омад ва ба финал роҳ пайдо кард. Вале гуштигири тоҷик ба иллати латхӯрӣ натавонист дар қувваозмоии ниҳоӣ иштирок намояд. Медали тилло ба гуштигири эронӣ Пижман Поштам супурда шуд. Далер Ризозода медали нуқра гирифт.

Ду гуштигири дигари тоҷик – Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило ва Тоҳирҷон Охунов дар вазни то 87 кило ҷойҳои панҷумро соҳиб шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ:

Вазни то 55 кг: 1. Ю Шиотани (Ҷопон); 2. Илҳом Баҳромов (Узбекистон); 3. Нурмуҳамет Абдуллоев (Қирғизистон); 3. Поя Дад Марз (Эрон).

Вазни то 63 кг: 1. Султон Асетулӣ (Қазоқистон); 2. Мейсам Далханӣ (Эрон); 3. Ҷуй Хуан (Тайбэй); 3. Ханже Чунг (Кореяи Ҷанубӣ).

Вазни то 77 кг: 1. Пижман Поштам (Эрон); 2. Далер Ризозода (Тоҷикистон); 3. Демеу Жадраев (Қазоқистон); 3. Кайратбек Туголбоев (Қирғизистон).

Вазни то 87 кг: 1. Носир Ализода (Эрон); 2. Атабек Азизбеков (Қирғизистон); 3. Рустам Осақолов (Узбекистон); 3. Сюгхван Ли (Кореяи Ҷанубӣ).

Вазни то 130 кг: 1. Алиакбар Юсуфиаҳмадчалӣ (Эрон); 2. Алимхон Сиздиков (Қазоқистон); 3. Минжун Ким (Кореяи Ҷанубӣ); 3. Мурод Раҳмонов (Қирғизистон).

Сабқати гуштии юнониву румӣ дар панҷ вазни дигар имрӯз, 14-уми апрел, идома меёбад. Тоҷикистонро Фирӯз Мирзораҷабов (60 кг),
Шероз Очилов (67 кг), Муслиҳиддин Уроқов (72 кг) ва Амирҷон Ҷӯраев (97 кг) намояндагӣ мекунанд.

Дар қаҳрамонии Осиё дар Алмаато рӯзҳои 17-18-уми апрел сабқати гуштии озод доир мегардад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон инҳо дохиланд: 57 кг – Ҳикматулло Воҳидов, 61 кг – Муҳаммад Икромов, 65 кг – Мустафо Аҳмадов, 70 кг – Саидҳасан Ашрафхонов, 74 кг – Ғуломҷон Шарипов, 86 кг – Баҳодур Қодиров, 125 кг – Искандари Рустам.

XS
SM
MD
LG