Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев аз ҷараёни таҳқиқи марги ӯ норозиянд


Меҳроншоҳ Ҷумъаев 25-сола буд
Меҳроншоҳ Ҷумъаев 25-сола буд

Наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, афсари милисае, ки ба гуфтаи мақомот аз тири ҳамкораш дар бинои ШКД-и ноҳияи Панҷ ҷон бохт, тафтиши қазияро ноодилона хондаанд.

Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншо Ҷумъаев, дар суҳбат бо хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, аз раиси ҷумҳурӣ ва додситони кул хостанд, таҳқиқи қазияро аз ихтиёри Додситонии ноҳияи Панҷ гирифта, ба додситонии дигар бидиҳанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияи Панҷ “имкони ба таври холисона, беғаразона ва пурра пеш бурдани тафтишоти қазияи рухдода вуҷуд надорад.”

Пайвандони афсари кушташуда ҳамчунин талаб доранд, ки ба ҷуз аз гумонбари асосӣ, роҳбарияти ШКД-и ноҳияи Панҷ ва масъули қисми назорати яроқу ивази навбатдорон низ барои хунукназарӣ дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Панҷ
Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Панҷ

Холиқназар Ҷумъаев афзуд, талаби дигари онҳо ин аст, ки қазия бояд аз рӯйи иттиҳоми куштор баррасӣ шавад. Мақомот нисбат ба гумонбари асосӣ, бо моддаи “куштор аз беэҳтиётӣ” парванда кушодаанд. Мақомот ҳанӯз ба ин шикоят посух надодаанд.

Меҳроншои 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол дар Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Панҷ ҷон бохт ва рӯзи душанбе дар зодгоҳаш, шаҳри Панҷакент, дафн карда шуд. Баъд аз чанд соати ҳодиса як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "Ҷумъаев ҳангоми супурдани аслиҳаи хидматӣ дар Шуъбаи умури дохилии ноҳия ҷон дод."

Меҳроншо Ҷумъаев 7 моҳ пештар аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ба ноҳияи Панҷ ба кор гузашт ва унвони лейтенанти калони милисаро дошт.

XS
SM
MD
LG