Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International аз Русия хост, 17 муҳоҷири эътирозгари тоҷикро ихроҷ накунад


Тазоҳурот ба ҳимоят аз Иззат Амон рӯзи 2-юми апрел дар Маскав баргузор шуд
Тазоҳурот ба ҳимоят аз Иззат Амон рӯзи 2-юми апрел дар Маскав баргузор шуд

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) рӯзи 16-уми апрел аз мақомоти Русия хост, ки дастикам 17 муҳоҷири эътирозгари тоҷикро ихроҷ ё "депортатсия" накунанд.

Ба қавли масъулони созмон, ин афрод дар ҷараёни як тазоҳуроти сулҳомез алайҳи интиқоли Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, аз Русия ба Тоҷикистон дастгир шудаанд. Тазоҳурот рӯзи 2-юми апрел дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав баргузор шуд.

Бино ба гузориши Афви Байналмилал, баъзе аз муҳоҷирони дастгиршуда гуфтаанд, ки аз дипломатҳои тоҷик таҳдид шуниданд.

Масъулони сафорат дар Маскав ҳанӯз ба ин масъала вокуниш накарданд. Қаблан дар сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, "азбаски муҳоҷирон бидуни иҷоза дар назди намояндагии дипломатии кишвар ҷамъ омаданд, пулиси Русия онҳоро дастгир кард".

Афви Байналмилал аз қавли муҳоҷирони дастгиршуда навишт, "мақомот ба хонаводаашон дар Тоҷикистон фишор меоранд ва аз онҳо талаб мекунанд, ки тазоҳуроти Маскав ва Иззат Амонро маҳкум кунанд".

"Ба онҳо гуфта шудааст, дар сурати иҷро накардани ин талабҳо, дар Тоҷикистон ба ҷиноятҳои марбут ба терроризм муттаҳам хоҳанд шуд", -- омадааст дар баёнияи Афви Байналмилал.

Мейзи Вейхердинг, пажуҳишгари умури Осиёи Марказӣ дар созмони Amnesty International, рӯзи 16-уми апрел гуфт, "мақомоти Тоҷикистон барои тарсондани шаҳрвандони худ дар хориҷа пайваста "шантаж" ва таҳдидро ба кор мебаранд. Дар ҳоли ҳозир ин як "тактика"-и шинос ва ҳамзамон ғамангез аст. Мунтақидонро дар хориҷа бо саломатии наздикон, истифода аз зӯр нисбат ба кӯдакону волидони пирашон ва боздошти онҳо метарсонанд."

Иззат Амон аз соли 2009 дар Русия кору зиндагӣ мекард ва шаҳрвандии Русияро дошт. Вай рӯзи 25-уми март дар Маскав "нопадид" ва пас аз ду рӯз дар Душанбе "ёфт" шуд.

Дар Русия ӯро ба вайрон кардани қоидаҳои будубош айбдор донистанд. Дар Тоҷикистон ба қаллобӣ муттаҳам аст. Аммо нигаронии Amnesty International аз он аст, ки ӯ аз тарафи маъмурони полиси Русия "рабуда" ва дар ҷараёни як амалиёт ба мақомоти Тоҷикистон супурда шудааст.

"Мақомоти Русия солҳост, ки дар бозгардондани маҷбурии одамон ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ шариканд. Ҷое, ки ба онҳо хавфи шиканҷа ва бадрафторӣ таҳдид мекунад. Мақомоти Русия бешармона ба ин кор идома медиҳанд", -- гуфт Мейзи Вейхердинг.

XS
SM
MD
LG