Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе аз Узбекистон ва Қирғизистон


Ниммарафони XI байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе
Ниммарафони XI байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе

Ниммарафони XI байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки 17-уми апрел дар Душанбе доир гардад, бо пирӯзии давандаҳо аз Узбекистон ва Қирғизистон ба анҷом расид. Дар ин бора сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Душанбе хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ниммарафони байналмилалӣ баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ дошта доир шуд.

Дар мусобиқаи имсола дар баробари варзишгарони тоҷик давандаҳо аз кишварҳои хориҷӣ - Афғонистон, Бразилия, Канада, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Русия, Узбекистон ва Эфиопия - ширкат карданд.

Ниммарафони Душанбе дар масофаи 21,97 км доир гардид. Дар байни мардон Шоҳрух Давлатов аз Узбекистон ғолиб шуд. Фенте Ҷирма аз Эфиопия ҷойи дувум ва Адилет Хиштагбеков аз Қирғизистон ҷойи севумро гирифтанд. Се варзишгари тоҷик - Ғайрат Олимов ҷойи чорум, Меҳроб Одинаев ҷойи панҷум ва Аъзамҷон Давлатов ҷойи шашумро соҳиб шуданд.

Дар сабқати занон Даря Маслова аз Қирғизистон ғолиб омад. Зимнан, ин ғалабаи чоруми Маслова дар ниммарафони Душанбе мебошад. Ҷойи дувум насиби Вероника Гришина аз Узбекистон гардид. Ҷойи севумро Зулҳиҷа Ғаффорзода аз Тоҷикистон азони худ кард. Инчунин се ҷойи минбаъадаро варзишгарони тоҷик Маҳина Баротова (ҷойи чорум), Раҷабмоҳ Абдуллоева (ҷойи панҷум) ва Нодира Мирзоева (ҷойи шашум) касб намуданд.

Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони XI байналмилалӣ 493 042 сомонӣ (беш аз 40 ҳазор доллари ИМА) ихтисос дод. Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон миёни мардон ва занон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро гирифтанд, бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд.

Бояд гуфт, ки ниммарафони байналмилалӣ, ки аз соли 2010 барпо мегардад, аз соли 2014 ба тақвими мусобиқоти Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст. Вале соли гузашта ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.

Натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар ёдаҳ даври ниммарафони байналмилалӣ ҷойи севум миёни занон ва ҷойи чорум миёни мардон мебошад. Зулҳиҷа Ғаффорзода имсол миёни занон мақоми севумро соҳиб шуд. Пеш аз Ғайрат Олимов, ки соли равон ҷойи чорумро гирифт, Ҳасан Ғаффоров ду бор (солҳои 2013 ва 2016) байни мардон ҷойи чорумро соҳиб шуда буд.

Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ (2010-2019 ва 2021):

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Узбекистон)

2013 – Андрей Петров (Узбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 — Даря Маслова (Қирғизистон)

XS
SM
MD
LG