Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз назари озодии баён як зина поён "лағжид". ВИДЕО


Рӯзномафурӯшӣ дар хиёбони Душанбе. Акс аз соли 2014
Рӯзномафурӯшӣ дар хиёбони Душанбе. Акс аз соли 2014

Тоҷикистон дар шохиси матбуоти озоди "Гузоришгарони бидуни марз" аз нишондоди порсола як зина поин рафта, дар ҷои 162-юм қарор гирифт.

Муаллифон мегӯянд, дар ин кишвар мақомот, шабеҳи Русия, “мубориза бо хабарҳои дурӯғин дар бораи COVID-19-ро ҳамчун баҳонаи маҳдудкунии минбаъдаи матбуот истифода карданд”.

Фишор болои матбуот бо баҳонаи пандемия

Ба гуфтаи онҳо, дар ин кишвари худкома мақомот агар ҳама гуна хабар ё шарҳеро дар матбуот ва шабакаҳо дар бораи бемориҳои сироятӣ ҳамчун “бепояву асос” ё “носаҳҳеҳ” ҳисобанд, муаллифаш бе ду маоши моҳона мемонад ва ё то 15 рӯз ба зиндон меравад.

"Ин ҳолат журналистонро дар ҳолати истифодаи хабари ғайрирасмӣ, ба худсензура тела медиҳад”,--мегӯянд муаллифони гузориш дар бораи як тағйири қонун, ки моҳи майи соли 2020 ба имзо расид.

Жанна Кавелие, раиси шӯъбаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии созмони "Гузоришгарони бидуни марз" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “мақомот дар Тоҷикистон бо баҳонаи пандемияи коронавирус фишорро болои матбуоти мустақил афзоиш доданд".

"Мутобиқ бо талаби мақомот, барои ҳама гуна хабари дурӯғ ё носаҳҳеҳ дар бораи бемориҳои сироятӣ дар матубот ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷаримаҳои ҳангуфт ва то 15 рӯзи ҳабс пешбинӣ мешавад. Ин маънои онро дорад, ки худсензура боз ҳам афзоиш меёбад. Дар ин кишвар аксар матбуоти мустақил, аз ҷумла, ахиран вебсайти “Ахбор” баста шуданд. Рӯзноманигорон таҳти фишори доимӣ ҳастанд. Хабарнигори «Азия-Плюс» Абдулло Ғурбатӣ барои гузоришҳояш латукӯб шуд. Журналист Далер Шарипов бо иттиҳоми сохта давоми як сол зиндонӣ шуд”,--гуфт ӯ.

Бадтарин кишвар барои журналистон

Ӯ гуфт, ки созмон аз вазъи саломатии "журналисти дигари зиндонӣ Ҳикматулло Сайфуллозода нигарон ҳаст".

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Сайфуллозода на барои фаъолиятҳои журналистӣ, балки барои даст доштан дар ҷиноят зиндон шудааст. Иттиҳоме, ки пайвандони ӯ рад мекунанд.

Суҳбатро ин ҷо тамошо кунед.

Тоҷикистон аз нигоҳи озодии баён як зина поён "лағжид"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Ин масъули созмони "гузоришгарони бидуни марз" гуфт, ки дар Тоҷикистон журналистони хориҷӣ ё дар гирифтани парвонаи кор посухи рад мегиранд ва ё бояд зери фишори ин ки парвонаашон бозпас гирифта мешавад, кор мекунанд".

"Бо ҳамин далелҳо, Тоҷикистон барои журналистон яке аз бадтарин кишварҳо ба шумор меравад”,--гуфт ӯ.

Муаллифон ба омори маргумири сокинон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ишора кардаанд, ки аз ҷониби фаъолон анҷом шуд ва ба маротиб бештар назар ба омори расмӣ буд.

Дар робита бо вазъи матбуоти мустақил ва журналистон дар Тоҷикистон дар соле, ки гузашт, ба қазияи зиндонишавии Далер Шарифов ҳам муроҷиат шудааст. Созмон мегӯяд, ин журналист бар пояи иттиҳомоти сохтакоришуда ҳукми зиндон гирифт.

“Ба хабарнигорони хориҷӣ дар додани парвонаи кор ё аккредитатсия посухи рад медиҳанд ё онҳо маҷбур мешаванд, ки зери фишори доимии маҳрум шудан аз парвонаи кор ба сар баранд”, омадааст дар гузориш. Ба навиштаи ин созмон, мақомот назорат бар соҳаи мухобиротро аз роҳи фанновариҳои навин идома дода, “фабрикаи ҷавоб”-ро “барои беобрӯ кардани мунаққидон” ташкил кардаанд. Басташавии вебсайтҳои асосии хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба як таҷрибаи маъмулӣ табдил шудааст.

Мақомоти тоҷик гузоришро "якҷониба" меноманд

Пинҳонкории мақомоти тоҷик дар бораи вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон дар соли 2020 ва ҷорӣ кардани муҷозот барои паҳн кардани хабари носаҳҳеҳ дар бораи COVID-19 аз ҷониби дигар созмону кишварҳо ҳам борҳо интиқод шудааст.

Тоҷикистон ҳамеша баҳои созмонҳои байналмилалиро якҷониба унвон мекунад. Соли 2019 ​ Олим Салимзода, ки он замон раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти порлумони Тоҷикистон буд, ҳарфҳои созмони "Хабарнигорони бидуни марз"-ро "якҷониба" номида буд.

Ӯ гуфта буд, ки қонунҳои Тоҷикистон озодии суханро кафолат медиҳанд ва чунин баҳогузорӣ "назари ҳамон созмон аст".

Аз ҷумла, дар гузориши Департаменти давлатии ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳон, дар робита бо Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҷорӣ шудани моддаи муҷозот метавонад ҳамчун “дастак” барои фишор ба журналистон истифода шавад. Ин гузориш, ки 1-уми апрел нашр шуд, мегӯяд, Латукӯби Абдуллоҳ Ғурбатӣ, маҳрумияти хабарнигорони Озодӣ аз парвонаи кор, фишор ба наздикони Мирзои Салимпур, зиндонӣ шудани Далер Шарифов ва масдуд шудани сомонаи "Азия-Плюс" аз намунаҳои фишор ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон будааст. Ин гузориш ҳам гуфтааст, ки матбуот дар Тоҷикистон озод набуд ва рӯзноманигорон аз тарс ба худсонсурӣ гузаштанд.

Саркӯби журналистон дар Русия

Ин созмон ба вазъи журналистон дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ таваҷҷӯҳ кардааст.

Саркӯби бесобиқаи журналистон дар намоишҳои эътирозӣ дар Беларус ва монеъ шудан ба бозтоби низои ахир дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз дидгоҳи созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” дар ҷумлаи мушкилоти барҷастаи матбуоти Аврупои Шарқиву Осиёи Марказӣ дар соли 2020 ёд шудааст.

Созмони қароргоҳаш дар Порис ё Париж, ки 20-уми апрел шохиси озодии матбуот дар ҷаҳонро нашр кардааст, мегӯяд, сахттарин вазъият барои матбуот дар Русия мушоҳида шуд ва дар ин кишвар “модели сиёсии саркӯби бадтари журналистон ва матбуоти мустақил” ба намоиш гузошта шуд. Дар гузориши созмон омадааст, ки полиси Русия дар гузашта ба ин ҳад шадид ва мунтазам журналистонро саркӯб накарда буд, тавре дар замони саркӯби журналистон ба ҳангоми талоши пӯшиши хабарии эътирозҳои тарафдорони мунаққиди Кремлин Алексей Навалний дида шуд. Матбуоти мустақил дар Русияе, ки аз 180 кишвар дар мақоми 150-уми шохиси озодии матбуот қарор гирифт, инчунин давоми моҳҳои тӯлонӣ дар талоши ин буд, ки дар бораи пандемияи COVID-19 иттилои дуруст бидиҳад.

"Гузоришгарони бидуни марз" мегӯянд, дар саросари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ тамоюли “сирояткунандаи” талоши назорати иттилоъ мушоҳида шуд.

XS
SM
MD
LG