Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргузории нишасти Истанбул дар бораи сулҳи Афғонистон бори дигар ба таъхир афтод


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Нишасти сулҳи Афғонистон, ки қарор буд 24-уми апрел бо мизбонии Туркия ва бо ҳимояти Амрико дар Истанбул баргузор шавад, то баъд аз Иди Фитр ба таъхир афтодааст. Ин бори дувум аст, ки баргузории ин нишаст ба таъхир меафтад.

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия шаби гузашта дар як барномаи телевизионӣ гуфт, нишаст ба он хотир ба таъхир афтод, ки то замони баргузории он фурсати хеле кам монда буд ва бархе аз иштирокчиён наметавонистанд то се рӯзи дигар барои ширкат конфронс омода шаванд.

Вазири умури хориҷии Туркия дар посух ба ин пурсиш, ки оё Толибон дар нишасти Истанбул иштирок мекунанд ё не, гуфт, ки ҳама талошҳо сурат мегирад то намояндагони Толибон дар нишаст иштирок кунанд. Вай афзуд, умедвориҳо вуҷуд дорад, ки Толибон дар нишасти Истанбул иштирок мекунанд.

Дувумин бор шуд, ки баргузории ин нишаст ба таъхир меафтад. Пеш аз ин интизор мерафт, ки нишаст дар 16-уми апрел баргузор шавад. Ҳукумати Афғонистон рӯзи сешанбе аз омодагии комил барои иштирок дар нишасти Истанбул хабар дод.

Аз тарафи дигар, хабаргузории "Меҳр"-и Эрон аз қавли Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон хабар дод, ки бархе кишварҳо талош мекунанд то аз тариқи нишасти Истанбул дар умури Афғонистон мудохила кунанд. Ба гуфтаи сухангӯи Толибон, афғонҳо мехоҳанд, ки ояндаашонро худашон муайян кунанд.

Пеш аз ин Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки агар нигарониҳои онҳо бартараф шавад, талош мекунанд дар нишасти Истанбул иштирок кунанд. Бо ин ҳол, Толибон ба нишасти Истанбул шак ва тардид доранд.

Аз ҷониби дигар, Фаридун Хузун, сухангӯи Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи сешанбе дар паёме ба расонаҳо гуфт, ки феҳристи иштироккунандагони давлат барои ҳузур дар нишасти Туркия такмил шудааст.

Ҳафтаи гузашта Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, нерӯҳои кишвараш бар асоси созиши гузашта бо Толибон, на дар аввали моҳи май, балки то 11-уми сентябри имсол берун мешаванд.

Толибон дар вокуниш ба ин тасмим гуфтанд, то ҳангоме, ки ҳама нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк накунанд, дар ҳеҷ нишасти сулҳ иштирок намекунанд.

Интизор меравад, дар нишасти сулҳи Афғонистон дар Истанбул, намояндагони беш аз кишвар ва муассисаҳои байналмилалӣ иштирок кунанд.

XS
SM
MD
LG