Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суперлигаи футболи Аврупо лағв шуд


Лоиҳаи мусобиқаи нави баҳсбарангезу пурҳангома - Суперлигаи Аврупо лағв шуд. 12 бошгоҳи футболи созмондиҳанда тасмим гирифтанд, ки лоиҳаи Суперлигаро бекор кунанд, гузориш медиҳад talkSPORT дар Twitter.

Рӯзи 20-уми апрел бошгоҳҳо ҷаласаро доир ба бекор кардани мусобиқа баргузор карданд. Қаблан хабар дода шуд, ки бошгоҳҳои футболи англисии "Челси", "Манчестер Сити", "Манчестер Юнайтед", "Ливерпул" ва "Арсенал" барои тарк кардани мусобиқаи нав ҳуҷҷатҳо омода мекунанд. Баъдтар бошгоҳҳои испании “Атлетико”-и Мадрид ва “Барселона” низ Суперлигаро тарк карданд.

Сомонаи расмии Суперлигаи Аврупо низ дар бораи барҳам додани мусобиқа расман хабар дод. «Суперлигаи Аврупо боварӣ ҳосил кард, ки вазъи кунунии футболи Аврупо бояд тағйир дода шавад. Мо мусобиқоти нави аврупоиро пешниҳод мекунем, зеро системи мавҷуда кор намекунад. Ҳадафи пешниҳоди мо барои рушди варзиш тавассути тавлиди захираҳо ва субот барои тамоми ҷанбаҳои футбол, аз ҷумла кӯмак ба рафъи мушкилоти молиявие, ки тамоми ҷомеаи футбол дар натиҷаи пандемия дучор шуд, равона карда шудааст. Ташаккур ба ҳамаи он дастаҳое, ки моро дастгирӣ карда буданд", - хабар додааст сухангӯи Суперлига Роб Ҳаррис дар саҳифаи "Twitter"-и худ.

Ёдовар мешавем, лоиҳаи Суперлигаи Аврупо таъсиси як лигаеро дар назар дорад, ки дар он 20 беҳтарин бошгоҳҳои Аврупо ширкат меварзанд. Иштирок дар Суперлига аз ҷониби бошгоҳҳои беҳтарин, ба монанди “Милан”, “Арсенал”, “Атлетико”-и Мадрид, “Челси”, “Барселона”, “Интер”-и Милан, “Ювентус”-и Турин, “Ливерпул”, “Манчестер Сити”, “Манчестер Юнайтед”, “Реал”-и Мадрид ва “Тоттенҳэм Хотспур” тасдиқ карда шуд. Флорентино Перес, ки чунин мақомро дар “Реал”-и Мадрид дорад, президенти Суперлига шуд.

Президенти УЕФА Александр Чеферин ин ташаббусро маҳкум кард ва гуфт, ки бозигарони бошгоҳҳои Суперлига наметавонанд дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Аврупо дар таркиби тимҳои миллии худ ширкат варзанд.

Мавқеи ӯро Ассотсиатсияи футболи Англия, Премер-Лига, Федератсияи футболи Испания, Ла Лига ва Федератсияи футболи Италия, инчунин Серияи А ва дигар мусобиқоти миллӣ дастгирӣ карда, изҳороти муштарак содир намуданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG