Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бохти "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021


Бозӣ миёни "Истиқлол" ва "Ал-Ҳилол".
Бозӣ миёни "Истиқлол" ва "Ал-Ҳилол".

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар бозии севумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар гурӯҳи «А» аз тими мизбон - «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ - бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Бозӣ миёни қаҳрамони Тоҷикистон ва ғолиби секаратаи Лигаи қаҳрамонҳои AFC 21-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд, баргузор шуд.

Ҳисобро дар ин дидор Алӣ Ҳодӣ Ал-Булайҳӣ, бозигари «Ал-Ҳилол”, дар дақиқаи 39-ум боз кард. Баъди ду дақиқа Ваҳдат Ханонов, бозигари «Истиқлол», ҳисобро баробар намуд - 1:1. Ҳаттан Баҳибрӣ аз бошгоҳи “Ал-Аҳлӣ” дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаҳои 52-юм ва 64-ум, ба дарвозаи “Истиқлол” ду гол зада, ба дастааш пирӯзӣ ва се имтиёз овард. Зимнан, Ҳаттан Баҳибрӣ беҳтарин бозигари ин дидор дониста шуд.

Зимнан, ин аввалин бохти “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ба шумор меравад. Қаблан қаҳрамони Тоҷикистон бозии даври аввалро дар гурӯҳи “А” бо бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар даври дувум бошгоҳи АГМК-и Узбекистонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда буд.

Дар бозии дигари даври севуми гурӯҳи «А», ки ҳамзамон 21-уми апрел дар варзишгоҳи ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳди шаҳри Риёз доир гардид, дастаи АГМК-и Олмалиқи Узбекистон тими «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-и Имороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали сабқати гурӯҳи “А” бошгоҳи “Ал-Ҳилол” бо 7 имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад. “Истиқлол” ва АГМК чоримтиёзӣ гирифтаанд. Таносуби тӯбҳои ҷоизадори биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Узбекистон беҳтар аст, аммо бо дарназардошти натиҷаи бозӣ миёни ҳарду қаҳрамони Тоҷикистон мақоми дувумро касб кардааст. АГМК дар ҷойи севум аст. “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” бо як имтиёз дар ҷойи охирин – чорум - мебошад.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи «А» дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ то рӯзи 30-юми апрел идома хоҳад кард. Ба ин гурӯҳ бошгоҳҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон), “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” (Имороти Муттаҳидаи Араб), “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва АГМК (Узбекистон) дохиланд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 қаҳрамони Тоҷикистон боз се бозӣ анҷом медиҳад. Дар бозии чоруми худ "Истиқлол" рӯзи шанбеи 24-уми апрел бори дувум бо бошгоҳи «Ал-Ҳилол» рақобат хоҳад кард.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар ду минтақа – Ғарб ва Шарқ - дар даҳ гурӯҳ сурат гирифтааст. Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд ва нишондиҳандаҳояшон хубтар аст, дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 иштирок хоҳанд кард.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

Даври 3-юм

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1

Голҳо: Алӣ Ҳодӣ Ал-Булайҳӣ, 39 (1:0). Ваҳдат Ханонов, 41 (1:1). Ҳаттан Баҳибрӣ, 52 (2:1). Ҳаттан Баҳибрӣ, 64 (3:1).

«Истиқлол» (Тоҷикистан): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ханонов, Аҳтам Назаров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Нуриддин Давронов (Хуршед-Темур Ҷӯраев, 68), Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған (Рустам Соиров, 68), Манучеҳр Ҷалилов.

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ): Абдулло Иброҳим, Муҳаммад Иброҳим Ал-Бураик (Амир Фаҳд Ал-Курдӣ, 83), Алӣ Ҳодӣ, Абдуллоҳ Отайф (Исо Носир Ал-Досарӣ, 77), Лусиано Вието, Ёсир Ал-Шаҳронӣ, Бафетимбӣ Гомис (Солех Халид Ал-Шаҳрӣ, 70), Андре Карилло (Фаваз Ал-Тераис, 78), Янг Хун Со, Ҳаттан Баҳибрӣ (Салим Ал-Досарӣ, 70), Муҳаммад Канно.

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳаттан Баҳибрӣ («Ал-Ҳилол»).

Огоҳӣ: Нуриддин Давронов («Истиқлол»).

Сардовар: Масъуд Туфайлӣ (Сурия).

Нозири доварон: Носир Ал-Ғаффорӣ (Урдун).

Комиссари бозӣ: Башир Абдул Холиқ (Лубнон).

21-уми апрел. Риёз. Варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд.

АГМК (Узбекистон) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – 2:1

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А»

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

3

2

1

0

7-3

7

2

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

3

1

1

1

4-5

4

3

АГМК (Узбекистон)

3

1

1

1

6-6

4

4

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

3

0

1

2

1-4

1

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 4-ум

24-уми апрел (шанбе)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – АГМК (Узбекистон)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

Даври 5-ум

27-уми апрел (сешанбе)

АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ)

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 6-ум

30-юми апрел (ҷумъа)

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – АГМК (Узбекистон)

Эзоҳ: бозиҳо соати 22:00 бо вақти Арабистони Саудӣ дар Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд ва варзишгоҳи Шоҳзода Файсал бин Фаҳди шаҳри Риёз шуруъ мешаванд.

XS
SM
MD
LG