Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 АПРЕЛ. Суҳбати раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон баъди як рӯзи муноқишаи хунин. Ҷабборов ба Душанбе даъват шуд


Чакида

  • Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин дар марзи миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон, мақомоти ду кишвар мегӯянд, ки вазъ ҳоло ором аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар Исфара қарор дорад, мегӯяд, баъд аз эълони оташбас дар шаби гузашта, дар ин минтақа садои тирпаронӣ шунида намешавад. Аммо ба навиштаи баъзе хабаргузориҳо, шаби гузашта дар марз миёни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Бодканди Қирғизистон тирпарониҳои пароканда сурат гирифтааст. Радиои Озодӣ ҳодисаро пайгирӣ дорад ва хабарҳои навро дар зер бихонед:

Песков: Путин омодааст, дар ҳалли муноқишаҳои Тоҷикистону Қирғизистон миёнравӣ кунад

Сухангӯйи Кремлин гуфт, президенти Русия Владимир Путин омодааст, ки дар ҳалли муноқишаҳои байни Қирғизистону Тоҷикистон миёнравӣ кунад.

Дмитрий Песков рӯзи 30-юми апрел дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: "Албатта, бо дарназардошти умумияти мо дар созмонҳои гуногун – СПАД ва дигарон – президент Путин ҳамеша омодааст, дар ҳалли мушкилоти сахти байни кишварҳои узв нақши миёнравӣ дошта бошад. Вай инро аллакай борҳо нишон додааст."

Песков дар идома гуфт, феълан корҳои дипломатии анҷомшуда ва тасмим дар бораи оташбасро мусбат арзёбӣ мекунанд. "Мо аз ин қарор истиқбол мекунем", - гуфт сухангӯи Кремлин.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи 30-юми апрел аз муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки “боис ба талафоти зиёд шуд”, ибрози таассуф карда, аз созиши оташбас ситоиш намудааст.

Муноқиша дар марзи ду кишвар рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рух дод. Қирғизистон дар бораи марги 13 кас гузориш дод, Тоҷикистон ҳанӯз иттилои расмӣ нашр накардааст. Радиои Озодӣ номи 8 қурбонии муноқишаро маълум кард.

Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ба касоне, ки дар ин ҳодиса хешовандону азизонро аз даст доданд, ҳамдардӣ баён мекунад.

"ИА, аз ҷумла тавассути намояндаи вижаи худ дар Осиёи Марказӣ, намояндагиҳо, инчунин, дар Брюссел, ҳамеша бо мақомоти ду кишвар робитаҳои доимии дипломатӣ дорад. Бо назардошти бархурдҳо дар баъзе аз минтақаҳо имрӯз созишнома бояд бетаъхир барои ҳалли пойдор ва осоишта иҷро карда шавад. Ҳарду тараф бояд тамоми чораҳои заруриро бинанд, то дар оянда низоъ пешгирӣ карда шавад", -- гуфта шудааст дар изҳорот.

Мақомоти Иттиҳоди Аврупо гуфтаанд, омода ҳастанд, дар ҳолати зарурӣ дар доираи барномаҳои минтақавии марбут ба идораи марз ва захираҳои обӣ кумаки машваратӣ, ҳамчунин, барои субот ва шукуфоӣ дар минтақа дастгирии доимии сиёсӣ расонанд.

Номи 8 шаҳрванди ҳалокшудаи Тоҷикистон дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон:

Низомиён:

  • САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, 28-сола, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ;
  • ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА, сарбози қисми марзбонии Исфара;
  • САФАР НАБИЕВ, сарбози қисми марзбонии Исфара;
  • НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сарбоз, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода.​

Сокинон:

  • БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара;
  • УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  • ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВ, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;
  • ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДА, сокини маҳаллаи Навободи ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола

Русия ба муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон вокуниш кард

Маскав гуфтааст, аз созиши шаби 30-юми апрел миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки хатми бархурди низомӣ ва ба ҷойи аввала бозгардондани нерӯҳоро дар назар дорад, истиқбол мекунад.

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 30-юми апрел бо нашри як изҳорот гуфт, Маскав аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват мекунад, бо роҳи музокирот ба созишҳои устувор ва дарозмуддат даст ёбанд, то минбаъд чунин ҳодиса такрор нашавад.

Захарова афзуд, Маскав "аз тасмими Душанбе ва Бишкек дар мавриди ташкили Гуруҳи муштараки корӣ, ки бояд вазъро дар минтақаи марзӣ назорат кунад ва маъракаи таблиғотиро бо мардум ба роҳ монад, пуштибонӣ мекунад."

Ба қавли ӯ, Русия ташаннуҷи якбораи вазъро дар минтақаи баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо изтироб назорат дошт.

"Мутаассифона, дар натиҷаи бархурди низомӣ, одамон қурбон шуданд, аз ҳар ду ҷониб шумори осебдидагон зиёданд. Ҳоло вазъ муътадил шуд, аммо ташаннуҷ ҳанӯз боқӣ мемонад. Ба наздикону пайвандони қурбониён ҳамдардӣ баён мекунем, ба захмиён шифои зудрас орзумандем", -- гуфтааст Захарова.

Дар идомаи изҳороти сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфта мешавад, ки Маскав омодааст, барои ҳалли масъалаҳои баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз роҳи сиёсиву дипломатӣ ҳамаҷониба мусоидат кунад.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими об дар марзи Исфара ва Бодканд шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмиву кушта шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти 11 нафар гузориш дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтанд. Радиои Озодӣ номи 8 қурбониро дар муноқишаи марзӣ маълум кард.

Ёфтҳои бештар

Шарҳҳоро бинед (25)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG