Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" ба 1/8 финали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё роҳ ёфт


Бозигарони дастаи "Истиқлол"
Бозигарони дастаи "Истиқлол"

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бозии охиринашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 ба бошгоҳи АГМК-и Олмалиқи Узбекистон бо ҳисоби 1:2 бохт, аммо мавқеашро дар садри ҷадвали гуруҳи "А" нигоҳ дошт ва ба 1/8 финали мусобиқа роҳ пайдо кард.

Бозии ду даста дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз, дар Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд, шаби 30-юми апрел (бо вақти Душанбе шаби 1-уми май) доир гардид.

Ҳар се гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ба ду голи АГМК, ки онҳоро Зафар Полвонов дар дақиқаи 67-ум ва Йован Ҷокич дар дақиқаи 79-ум ба самар расониданд, Рустам Соиров бо зарбаи нишонрас аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ дар дақиқаи 87-ум посух дод.

Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи «А» ҳамзамон дар варзишгоҳи ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳди шаҳри Риёз «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ аз «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, “Истиқлол” дар марҳилаи гуруҳииЛигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 аз шаш бозӣ дар сетоаш пирӯз шуда, ду бозиро бохт ва як дидор бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

Қаблан қаҳрамони Тоҷикистон бозии даври аввалро дар гурӯҳи “А” бо бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар даври дувум бошгоҳи АГМК-и Узбекистонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда буд. Дар даври севум “Истиқлол” бозиро ба “Ал-Ҳилол” бо ҳисоби 1:3 бохт. "Истиқлол" дар бозии чорумаш «Ал-Ҳилол»-ро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Бозии даври панҷум низ бо пирӯзии «Истиқлол» ба «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид.

Ҳамин тариқ, дар ҷадвали гурӯҳи “А” дастаи “Истиқлол” бо даҳ имтиёз дар зинаи аввал қарор гирифт. Бошгоҳи “Ал-Ҳилол” низ даҳ имтиёз ба даст овард ва ҷойи дувумро касб кард. Дастаҳои “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” ва АГМК бо ҳафтимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум ҷойгир шуданд.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар минтақаи Ғарб, ки бо иштироки 20 даста дар панҷ гурӯҳ сурат гирифт, бо бозиҳои даври охирин – шашум – 1-уми май ба анҷом расид.

Сабқати минтақаи Шарқ, ки ҳоло шуруъ нашудааст, низ дар панҷ гурӯҳ баргузор хоҳад шуд. Тибқи низомнома, аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар минтақа, инчунин се дастае, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро мегиранд ва нишондодҳояшон хубтар аст, дар даври ҳаштякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 (дар маҷмуъ 16 даста) иштирок хоҳанд кард.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – АГМК (Узбекистон) – 1:2

Голҳо: Зафар Полвонов, 67 (0:1), Йован Ҷокич, 79 (0:2), Рустам Соиров, 87 – аз пеналти (1:2).

“Истиқлол” (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов (Хуршед-Темур Ҷӯраев, 80), Алишер Ҷалилов (капитан), Ваҳдат Ҳанонов, Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ – Виталий Левченко

АГМК (Узбекистон): Бозоралӣ Эргашев, Акрамҷон Комилов, Сардор Раҳмонов, Аббосҷон Отахонов, Дилшодбек Аҳмадалиев (Мирғиёс Сулаймонов, 56), Йован Ҷокич, Санҷар Турсунов (капитан, Дилшод Ҷӯраев, 60), Мирҷамол Қосимов (Зафар Полвонов, 46), Гадоев (Ҳусниддин Ғафуров, 46), Касян, Элвин Фортес (Мурод Тошматов, 63).

Сармураббӣ - Мирҷалол Қосимов

Огоҳӣ: Шаҳром Сулаймонов, Андрей Мишенко («Истиқлол»), Сардор Раҳмонов, Бозоралӣ Эргашев (АГМК).

Сардовар: Муҳаммад Ёсир (Эрон).

30-юми апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

«Ал-Ҳилол Риёз” (Арабистони Саудӣ) – “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” (Имороти Муттаҳидаи Араб) – 0:2

Голҳо: Игор Ҷесус, 54 - аз пеналти (0:1), Игор Ҷесус, 90+1 (0:2).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

6

3

1

2

10-8

10

2

“Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ)

6

3

1

2

11-9

10

3

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (Иморот)

6

2

1

3

6-6

7

4

АГМК (Узбекистон)

6

2

1

3

9-13

7

XS
SM
MD
LG