Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 10 шаҳрванди Қирғизистонро раҳо кардааст


Акс аз бахши қирғизии Радиои Озодӣ
Акс аз бахши қирғизии Радиои Озодӣ

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомоти Тоҷикистон рӯзи 1-уми май 10 шаҳрванди Қирғизистон, аз ҷумла раиси деҳаи "Интернатсионал" Мирзобек Ҷумъабоевро "аз асорат раҳо карданд". Мақомоти Тоҷикистон дар бораи гаравгон афтодани шаҳрвандони Қирғизистон ва озодии онҳо расман чизе нагуфтанд. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, онҳо рӯзи 29-уми апрел асир афтода буданд, вале маълум нест дар чӣ шароит. "Онҳо пас аз гуфтушуниди намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев ва раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода озод карда шуданд", -- навишт бахши қирғизии Радиои Озодӣ. Ба иттилои манбаъ, намояндагии ваколатдори ҳукумати Бодканд гуфтааст, шаҳрвандони раҳошударо барои ташхиси тиббӣ ба дармонгоҳи ноҳияи Лайлак бурданд.

Маълумоти умумӣ дар бораи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел бо баҳсу сангандозӣ миёни сокинони минтақаи наздимарзӣ оғоз шуд ва сипас, ба муноқишаи мусаллаҳонаи ду ҷониб печид. Аз ҳарду тараф даҳҳо захмӣ ва кушта шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол омори захмиёну ҳалокшудагонро эълон накарданд. Радиои Озодӣ номи 16 қурбонии муноқишаро маълум кард. Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, ки дар муноқишаҳои марзӣ 178 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 34 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 1-уми май ҳайатҳои ду тараф ба созиш расиданд, ки оташбаси доимӣ ҷорӣ карда, нирӯҳоро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ берун мебаранд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва то ин дам 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Минтақаҳои боқимонда баҳсӣ ҳастанд ва сари чанд вақт сабаби ихтилофу муноқишаҳо мешаванд.

Матолиби бештарро дар ин ҷо хонед:

XS
SM
MD
LG