Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Модар, агар ба дасти милисаи тоҷик меафтодед". ВИДЕО


Сохтмони пул дар Ашт

Имрӯз дар бораи зиёрати Ҳаҷ ва ё кори хайр суҳбат мекунем. Дар бораи накӯкории Ҳуриниссо Сайидалиева, сокини 72-солаи ноҳияи Ашт, ки ба ҷойи зиёрати Маккаву Мадина дар деҳаашон пуле сохтааст.

Баъди сари шавҳарам, ба ман Ҳаҷ чӣ даркор гуфтаму ҳаминҷо қабристон ҳаст. Гирду атрофашро покиза карда дар инҷо пул сохтам.

Барои ин пул, ки деҳаи Ғудосро бо гӯристони он васл мекунад, Ҳуриниссо Сайдалиева 30 ҳазор сомониашро, ки барои Ҳаҷ пасандоз карда буд, сарф кардааст. Барои ин кораш садҳо нафар ба пиразани тоҷик офарин хонда ва гуфтаанд, кори ӯ шоистаи пайравист.

Аз ҷумла корбаре бо номи Парвиз дар вебсайти мо чунин гуфтааст: “Ташаккур ба шумо модари азиз! Ин кори савоби шумо барои дигарон намунаи ибрат бошад, ки барои намоиш се-чор бор Ҳаҷ мераванд. Ин худнамоҳо намедонанд, ки дар кишвари мо корҳои савоб зиёданду мардум ниёз ба дастгирӣ доранд. Худованд ба Шумо қувват диҳад модарҷон.»

Дар Фейсбук ҳам ситоиш аз кори Ҳуриниссо Сайдалиева зиёд аст, ки Ҳаҷ нарафт ва як мушкили ҷиддиии сокинони деҳаи Ғудоси Аштро ҳал кард. Пулеро тармим кард, ки мардум ҳар рӯз аз он мегузаранду дар ҳаққи гузаштагонашон дуо мекунанд.

"Модар агар ба дасти милисаи тоҷик меафтодед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00

Корбаре бо номи Сабр Сабр дар Фейсбук шарҳеро бо ҳамин мазмун гузоштааст, ки ҳамроҳ мехонем: «Хуш ба ҳолат модари азиз, бисёр ҳам як кори нек кардед, аз болои ин купрӯк чӣ қадар инсонҳо мегузаранд ва дар ҳаққи шумо модари азиз дуои нек мекунанд. Худованд ба шумо умри дароз хонаи обод тани сиҳат бидиҳад ва дар зиндагӣ соҳиби атову рӯзӣ бигардонад.”

Дар Инстаграм низ айни шарҳҳо зиёданд ва теъдоде аз корбарон гуфтаанд, кори неке, ки модари аштӣ кард, бисёре аз сарватмандон дар Тоҷикистон намекунанд. Шарҳи Зайнура Мусулмоноваро мехонем, ки дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм гузоштааст: “Кореро, ки ин зан кард, баъзе аз пулдорҳо, сарватмандон намекунанд. Бечора аз нафақааш пул ҷудо карда, роҳро дуруст кардааст. Аҳсан ба шумо модари азиз.”

Ба ақидаи як гуруҳи дигари корбарон, ҳарчанд кори Ҳуриниссо Сайдалиева аз ноҳияи Ашт некӣ дар ҳаққи ҳамдеҳагонаш аст, вале ӯ бояд фаризаи диниашро анҷом медоду ба Ҳаҷ мерафт. Қисми дигар гуфтаанд, кори пиразани 72-соларо бояд ҳукумат анҷом медод.

Корбаре, ки худро дар вебсайти мо Некном муаррифӣ кардааст, чунин менависад: «Ин кори модар нодуруст аст, барои он ки тармими тамоми ин иншоотро давлат бояд ба зимма гирад. Модар агар як маротиба ба дасти милисаи тоҷик меафтодед, шояд дарк мекард, дар назди ин давлату ҳукумат баробари як пули пучак қадр надоред. Беҳтар мебуд, ин пулҳоро барои худатон ва оилаатон пасандоз мекардед. Як бор Инстаграм дароед, фарзандони ин мансабдорҳоро бинед, мефаҳмед.»

Шарҳе бо ҳамин мазмунро корбаре бо номи Ҷабрдида дар вебсайти мо гузошта ва гуфтааст, ки ҳукумат набояд масъулиятҳои худро ба дӯши мардуми оддӣ вогузор кунад. Шарҳаш чунин аст: «Сохтани пулу роҳ, мактабу беморхона вазифаи якумдараҷаи ҳукумат аст, на аз шахсони оддӣ. Агар халқи оддӣ аз пайи ҳалли ин мушкилиҳо бошад, пас вазифаи ҳукумату давлат аз чӣ иборат аст? Дар ҳоле, ки музди бисёриҳо то 800 сомонӣ асту як литри равған 25 сомонӣ, магар ҳамин аз рӯи ақлу инсоф ва адолат аст?»

Кори модари 72-солаи тоҷик, ки Ҳаҷ нарафту дар деҳаашон пул сохт кори дуруст буд, ё бояд фаризаи диниашро анҷом медод. Шумо ҳам дар вебсайти мо нависед, ё назаратонро дар видео сабт кунеду ба шуморае, ки мебинед бифристед. Бо вайбер вотсапп ва ё телеграму имо.

XS
SM
MD
LG