Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ садрнишин шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 30-юми апрел ва 1-уми май баргузор шуданд.

«Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии даври панҷум дар майдони худ «Кӯктош»-и Рӯдакиро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Голҳоро Дилшод Бозоров, Далер Ёдгоров, Нозим Бобоҷонов ва Тоҳир Малодӯстов ба самар расониданд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар ва ССКА-и Душанбе бо натиҷаи мусовӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Ҳарду гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ба голи бозигари мизбонон Суннатулло Исмоилов дар дақиқаи 67-ум баъди 6 дақиқа Комрони Мирзохон аз бошгоҳи низомиён посух дод.

Дастаи “Душанбе” дар майдони худ тими “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард. Голи аввалро дар ин дидор Алишер Эргашев аз тими “Равшан” ба дарвозаи дастааш зад. Ду голи дигари мизбононро Иззатулло Рӯзиев ба самар расонид. Боз як гол ба Амир Манеш мансуб аст. Голҳои “Равшан”-ро Муҳаммад Ризомов ва Аваз Қамчинов заданд.

Дар бозии охирини даври панҷум “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан дар меҳмонӣ бар “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Голҳои “Истравшан”-ро Ҷаҳонгир Сафаров, Отабек Каримов, Фирӯз Раҳматов, голҳои “Эсхата”-ро Акобир Тураев ва Мубинҷон Муъминов ба ҳадаф расонданд.

Баъди натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар ҷадвал “Хуҷанд” бо 10 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. “Файзканд” бо ҳашт имтиёз дар зинаи дувум ва “Истаравшан” бо ҳафт имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Бозиҳои даври шашуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 6-9-уми май баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«Хуҷанд» – «Кӯктош» – 4:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 41 (1:0). Далер Ёдгоров, 68 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 90+2 (3:0). Тоҳир Малодӯстов, 90+3 (4:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

30 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2500 тамошобин.

«Хатлон» – ССКА – 1:1

Голҳо: Суннатулло Исмоилов, 67 (1:0). Комрони Мирзохон, 74 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

30 апрел. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1500 тамошобин.

«Душанбе» – «Равшан» – 4:2

Голҳо: Алишер Эргашев, 13 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Ризомов, 29 (1:1). Аваз Қамчинов, 51 (1:2). Иззатулло Рӯзиев, 66 (2:2). Амир Меъморӣ Манеш, 75 (3:2). Иззатулло Рӯзиев, 87 – аз пеналти (4:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Иззатулло Рӯзиев («Душанбе»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

1 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

«Эсхата» – «Истаравшан» – 2:3

Голҳо: Акобир Тураев, 23 (1:0). Ҷаҳонгир Сафаров, 36 (1:1). Мубинҷон Муъминов, 59 (2:1). Отабек Каримов, 76 (2:2). Фирӯз Раҳматов, 90+1 (2:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Фирӯз Раҳматов («Истаравшан»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

1 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 4000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷодвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

5

3

1

1

11-3

10

2

«Файзканд» (Восеъ)

4

2

2

0

4-1

8

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

4

2

1

1

4-3

7

4

«Душанбе» (Душанбе)

4

2

0

2

7-9

6

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

4

2

0

2

4-8

6

6

«Эсхата» (Хуҷанд)

5

1

2

2

8-8

5

7

«Равшан» (Кӯлоб)

5

1

2

2

4-6

5

8

ССКА (Душанбе)

5

1

1

3

5-8

4

9

«Хатлон» (Бохтар)

4

0

3

1

3-4

3

10

«Истиқлол» (Душанбе)

0

0

0

0

0-0

0

Голзанҳо: Акобир Тураев («Эсхата») – 5 тӯб, Абдухалил Боронов («Файзканд») – 3 тӯб, Артём Сердюк, Дилшод Бозоров (ҳарду аз «Хуҷанд»), Люк Менҷана Леонел («Душанбе»), Азизбек Султонов, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (ҳарду аз «Кӯктош»), Иззатулло Рӯзиев («Душанбе») – 2-тӯбӣ.

Даври 6-ум

6 май (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо соати – 17:00

«Равшан» – «Хатлон»

«Истаравшан» – «Хуҷанд»

8 май (шанбе)

«Кӯктош» – «Душанбе»

9 май (якшанбе)

«Истиқлол» – ССКА

«Файзканд» – «Эсхата»

XS
SM
MD
LG