Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор паҳлавони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо "Kazan Grand Slam 2021" ноком шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Kazan Grand Slam 2021”, ки 5-уми май дар шаҳри Қазони Тотористони Русия оғоз шуд, дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи рақобатҳо маҳрум шуданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи "Kazan Grand Slam 2021" 408 варзишгар (244 мард ва 164 зан) аз 79 кишвари панҷ қораи ҷаҳон ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар дохил аст: Шаҳбоз Саидаброров, Абумуслим Қаюмзода (ҳарду дар вазни то 60 кг), Баҳром Суфиев, Алиҷон Сафаралиев (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг).

Дар нахустин рӯзи мусобиқа чаҳор паҳлавони тоҷик вориди сабқат шуда, ноком гаштанд. Абумуслим Қаюмзода дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз гуштигири пуртаҷрибаи русиягӣ Роберт Мшвидобадзе шикаст хӯрд. Дар ин вазн Шаҳбоз Саидаброров низ дар даври муқаддамотӣ бо гирифтани се «шидо» (огоҳӣ) аз Родриго Коста Лопеси португолӣ мағлуб гашт.

Алиҷон Сафаралиев дар вазни то 66 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум се “шидо”гирифт ва дар натиҷа рақибаш Йессет Куанови қазоқ ғолиб дониста шуд. Дар ин вазн намояндаи дигари Тоҷикистон Баҳром Суфиев низ ба сабқат аз даври дувум пардохт. Рақибаш Айюб Элидрисӣ аз Қатар буд. Ба Элидрисӣ барои фаъол набуданаш се «шидо» дода шуд ва ӯ мағлуб гашт. Вале паҳлавони тоҷик дар ҷараёни рақобат дар даври баъдӣ муқобили гуштигири русиягӣ Арам Григорян бо гирифтани се «шидо» шикаст хӯрд.

Имрӯз, 6-уми май, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кило дар даври дувум бо Ҷалолиддин Бойназаров аз Узбекистон вориди рақобат мешавад. Инчунин дар рӯзи дувуми мусобиқа Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал бо Мурод Земурӣ аз Қатар рақобат мекунад.

Дар рӯзи охирини мусобиқа – 7-уми май - Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило бар асоси қуръакашӣ бо ғолиби ҷуфти Сансиро Мурао (Ҷопон) – Кирил Гроссклаус (Швейтсария) ба рақобат мепардозад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ ва ҷоизаҳои молӣ мешаванд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойҳои севум 500 имтиёз муқаррар шудааст. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Мусобиқаи "Kazan Grand Slam 2021" дар маҷмааи варзишии “Татнефт-Арена” то рӯзи 7-уми май идома меёбад. Ин қасри яхбандӣ соли 2005 ҳангоми таҷлили ҳазорсолагии Қазон ифтитоҳ ёфтааст. Минбарҳои маҷмаа барои 8900 тамошобин ҷойгоҳ дорад. “Татнефт-Арена” мизбони мусобиқаҳои бузурги ҷудо аз рӯи барномаи Универсиадаи тобистонаи соли 2013 ва қаҳрамонии Аврупо-2016 мебошад. Тибқи қоидаҳои “Роспотребнадзор”, мусобиқаи "Kazan Grand Slam 2021" бо ҳузури тамошобинон баргузор шудааст, ки тибқи муқаррарот минбарҳо на бештар аз 50% пур мебошанд.

Мусобиқот аз силсилаи “Grand Slam” дар феҳрист баъд аз Бозиҳои олимпӣ, қаҳрамонии ҷаҳон ва “Masters” мақоми чорумро ишғол мекунад ва дар байни мусобиқаҳое, ки соле зиёда аз як маротиба доир мегарданд, дар мақоми аввал аст.

Ин охирин мусобиқа аз “Силсилаи ҷаҳонӣ” пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ва Олимпиадаи Токио-2020 мебошад. Зимнан, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки рӯзҳои 6-13-уми июн дар Будапешти Маҷористон доир мегардад, иштирок хоҳанд кард.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Kazan Grand Slam 2021”:

Мардон

-60 кг
1. ЧХВИМИАНИ Лухуми (Гурҷистон)
2. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
3. АБДУЛЛОЕВ Рамазоан (Русия)
3. СЮКЕНОВ Даурен (Қазоқистон)

-66 кг
1. ЧОПАНОВ Мурод (Русия)
2. МИНКУ Дмитрий (Беларус)
3. КУАНОВ Йессет (Қазоқистон)
3. ШАМИЛОВ Яъқуб (Русия)

Занон

-48 кг
1. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)
2. ДОЛГОВА Ирина (Русия)
3. ХУБУЛОВА Ирэна (Русия)
3. МИЛАНИ Франческа (Италия)

-52 кг
1. АБЕ Ута (Ҷопон)
2. ГНЕТО Астрид (Фаронса)
3. ПЕРЕС БОКС Ана (Испания)
3. СЧОП Евелин (Швейтсария)

-57 кг
1. РЕСЕВО Елена (Фаронса)
2. МЕЖЕТСКАЯ Даря (Русия)
3. ПЕРИСИК Марика (Сербия)
3. СТОЛЛ Тереза (Олмон)

XS
SM
MD
LG