Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Манчестер Сити" ва "Челси" ба финали Лигаи қаҳрамонҳои UEFA роҳ ёфтанд


Ду бошгоҳи футболи Англия - “Манчестер Сити” ва Челси», ки дар даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои UEFA дар мавсими 2020/2021 пирӯзӣ ба даст оварданд, ба финал роҳ пайдо карданд.

«Манчестер Сити» дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ, ки 4-уми май дар варзишгоҳи «Иттиҳод»-и шаҳри Манчестери Англия баргузор шуд, бар “ПСЖ” («Пари Сен-Жермен»)-и Фаронса бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.

Бозии аввал миёни «ПСЖ» ва «Манчестер Сити» 24-уми апрел дар варзишгоҳи «Парк де Пренс» дар Парижи Фаронса бо пирӯзии бошгоҳи бритонӣ бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расида буд. Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дастаи Хосеп Гвардиола бо ҳисоби умумии 4:1 ғолиб омад ва ба финали ин мусобиқаи пурнуфуз роҳ пайдо кард.

Лигаи қаҳрамонҳои UEFA. 1/2 финал. Бозии ҷавобӣ

«Манчестер Сити» (Манчестер) - «ПСЖ» (Париж) - 2:0

Голҳо: Марез, 11, 63.

Аз майдон хориҷ шуд: Ди Мария, 69 («ПСЖ»).

4-уми май. Манчестер, варзишгоҳи «Иттиҳод».

Бозии аввал - 2:1

Дар бозии дигари ҷавобии ниманиҳоӣ, ки 5-уми май дар варзишгоҳи «Стэмфорд Бриҷ»-и Лондон доир гардид, дастаи мизбон – «Челси» - тими «Реал»-и Мадриди Испанияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Бозии аввал миёни «Реал» ва «Челси» 27-уми апрел дар варзишгоҳи «Алфредо Ди Стефано»-и Мадрид бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расида буд. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дастаи Томас Тухел бо ҳисоби умумии 3:1 ғолиб омад ва ба финали Лигаи қаҳрамонҳои UEFA баромад.

Лигаи қаҳрамонҳои UEFA. 1/2 финал. Бозии ҷавобӣ

«Челси» (Лондон) - «Реал» (Мадрид) - 2:0

Голҳо: Тимо Вернер, 28, Мэйсон Маунт, 85.

Аз майдон хориҷ шуд: Ди Мария, 69 («ПСЖ»).

Сардовар: Даниэле Орсато (Скио, Италия).

5-уми май. Лондон, варзишгоҳи «Стэмфорд Бриҷ».

Бозии аввал - 1:1

Ҳамин тариқ, дастаҳои “Манчестер Сити” ва “Челси” дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои UEFA дар мавсими 2020/2021, ки 29-уми май дар Истамбули Туркия доир мегардад, бо ҳам рақобат мекунанд.

Финал

29-уми май (шанбе)

«Манчестер Сити» - «Челси»

Истамбул. Варзишгоҳи олимпии Отатурк.

XS
SM
MD
LG