Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ ба соли 2022 гузаронида шуд


Акс аз бойгонӣ.

Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бояд рӯзҳои 10-19-уми сентябри соли 2021 дар Қунияи Туркия доир мегардид, ба соли 2022 гузаронида шуд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Шӯрои иҷроияи Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ таҳти раёсати шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал бо Кумитаи тадорукоти Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ – Қуния-2021 бо роҳбарии вазири ҷавонон ва варзиши Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ ҳамаи масъалаҳо дар робита ба тадорукоти Бозиҳо ва вазъияти феълии тандурустии ҷаҳон дар пасманзари пандемияи коронавирус баррасӣ гардид. Зикр шуд, вазъи тандурустии ҷаҳон мумкин аст барои иштироки бисёре аз кишварҳо, ки иммунизатсияи COVID-19 суст ҷараён дорад, монеа эҷод кунад.

Аз сабаби он ки Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ ва Кумитаи тадорукоти бозиҳо ҷонибдори иштироки ҳамаи кишварҳои аъзо дар бозиҳо ҳастанд, тасмим гирифта шуд Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ соли 2022 аз 9-ум то 18-уми август баргузор карда шавад.

Дар аввал қарор буд, ки бозиҳо 20-29-уми августи соли 2021 доир мегардид. Вале баъд аз он ки моҳи марти соли 2020 Бозиҳои олимпӣ дар Токио ба соли 2021 гузаронида шуд, санаи баргузории Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қуния 10-19-уми сентябри соли 2021 муайян шуд.

Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ, ки ин Бозиҳоро доир мекунад, қаблан мусобиқотро лағв намуда буд, зеро Бозиҳои олимпӣ дар Токио тобистони соли 2021 баргузор хоҳад шуд.

Ба барномаи Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ низ тағйирот ворид гардид. Аз барнома ҳашт намуд - чавгонбозӣ, тирандозӣ, теннис, гуштии анъанавии туркӣ, пара-варзиши сабук, пара-камонварӣ, пара-тенниси рӯи миз, пара-шиноварӣ – хориҷ шуда, боз як намуд - бадминтон - илова гашт.

Қаблан ба барномаи бозиҳо 27 намуди варзиш дохил буд. Ҳамакнун барномаи мусобиқот аз 20 намуди варзиш иборат аст: варзиши сабук, камонварӣ, бадминтон, баскетбол 3х3, бочче, велосипедронӣ (дар шоҳроҳ; пайгирӣ (трек), шамшербозӣ, футбол, гимнастика (варзишӣ; аэробика), ҳандбол, ҷудо, каратэ, кикбоксинг, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таэквондо, волейбол, вазнабардорӣ, гуштӣ (озод; юнонӣ-румӣ), камонварии анъанавӣ.

Бояд гуфт, ки тибқи барномаи қаблӣ варзишгарони имконияти ҷисмониашон маҳдуд аз рӯи чаҳор намуд имкони иштирок дар бозиҳоро доштанд, вале мувофиқи барномаи нав аз ширкат дар мусобиқот маҳрум шуданд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҳамагӣ 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии олимпӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо ВТФ дар вазни зери 54 кг бо медали нуқра мукофотонида шуданд.

Бозиҳои II ҳамбастагии олимпӣ, ки бояд моҳи апрели соли 2009 дар Эрон доир мешуд, ба иллати мухолифат миёни Эрону кишварҳои арабӣ дар масъалаи номи халиҷи Форс, барпо нагардид.

Тоҷикистон дар Бозиҳои III ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи сентябри соли 2013 дар шаҳри Палембанги Индонезия доир шуд, ширкат надошт.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи майи соли 2017 дар пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Боку – доир гардид, 4 медали биринҷӣ гирифт. Наврӯз Арабов дар рақобатҳо дар навъҳои “санг” ва “мили сангин” соҳиби ду медали биринҷӣ шуд. Ду медали дигари биринҷиро Абдуалӣ Назаралӣ дар рақобатҳо дар навъи “чархи чаманӣ” ва Исмоил Сангов дар “каббода” ба даст оварданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG