Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тоҷик доир ба низоъ дар марз бо дипломатҳои хориҷӣ гуфтугӯ кардааст


Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндагони Созмони Милал ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтугу кардааст.
Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндагони Созмони Милал ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтугу кардааст.

Сироҷиддин Муҳриддин вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 7-уми май бо ду дипломати баландпоя муноқиша дар марз бо Қирғизистонро баррасӣ карда ва гуфтааст, Душанбе музокиротро роҳи ягонаи ҳалли масъала медонад.

Вазорати умури хориҷӣ рӯзи 7-уми май бо нашри ду баёния гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳелга Шмид, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Сезин Синаноғлу, ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон суҳбатҳои алоҳида доштааст.

Аз дигар тараф Миргул Молдоисоева, намояндаи доимии Қирғизистон дар СММ дар гуфтугуи телефонӣ бо Антонио Гутерреш, дабири кулли ин созмон айни масъаларо баррасӣ кардааст.

Ба гуфтаи вазорат, Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷараёни гуфтугу бо Ҳелга Шмид дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон ва натиҷаи музокироти ду кишвар барои ба эътидол овардани вазъ иттило додааст. Дар баёния омадааст, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз тавофуқоти ду тараф барои созиши оташбас ва ҳалли низои мусаллаҳона истиқбол карда ва онҳоро ба идомаи музокирот барои коҳиш додани танишҳо ташвиқ кардааст. Дар баёния омадааст: “Дабири кулли САҲА кумаки ҳамаҷонибаи созмонро барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати ба вуҷудомада пешниҳод кард.”

Рӯзи 29-уми апрел дар натиҷаи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 50 нафар кушта шуданд ва садҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Низоъ барои як маркази тақсими об дар як минтақаи баҳсбарангези марз дар сарҳади вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ботканд сар зад. Дарғоти мазкур дар як маҳалли аломатгузоринашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон қарор дорад. Ҳарду тараф якдигарро ба барангехтани иғво ва оғоз кардани тирандозӣ муттаҳам мекунанд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар баёнияи дигаре аз рӯзи 7-уми май хабар дод, ки Сироҷиддин Муҳриддин низоъ дар марзро бо Сезин Синаноғлу, ҳамоҳангсози кишварии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар Душанбе баррасӣ кардааст. Дар баёния омадааст, ки ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар баёнияи омадааст, ки дар гуфтугуи рӯ ба рӯ бо Сезин Синаноғлу, вазири тоҷик таъкид кардааст, ки “Душанбе иродаи қавии сиёсӣ дорад, ки ҳамаи масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз бо Қирғизистонро танҳо аз тариқи музокирот ва бар пояи тавофуқоти қаблии тарафайн ҳаллуфасл кунад.”

Дипломати баландпояи Созмони Милал ба гуфтаи вазорат аз тавофуқоти Тоҷикистону Қирғизистон барои оташбас, имзои протоколҳо оид ба ҳалли низоъ ва азсаргирии гуфтушунидҳо оид ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳад истиқбол кардааст.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон рӯзи 7-уми май хабар дод, ки дар ҷараёни гуфтугуи телефонии Миргул Молдоисоева ба Антонио Гутерреш доир ба муноқишаи рӯзҳои 28 ва 30-уми апрел ва авзоъ дар минтақаҳои марзии Қирғизистон иттилоъ додааст. Дар баёнияи вазорат омадааст, ки дар ҷараёни муноқиша 36 шаҳрванди кишвари ҳамсоя кушта шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар натиҷаи даргириҳо 19 нафар ба ҳалокат расиданд ва бештар аз 80 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Пештар аз ин вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабар дод, ки Дониёр Мукашев, намояндаи доимии ин кишвар дар идораҳои Созмони Милал дар шаҳри Женева ба Мишел Бачелет, раиси Кумиссиёни Олии Ҳуқуқи Башари СММ доир ба муноқиша дар марз ва талафот дар он гуфтугу кардааст. Ӯ ба дипломати қирғиз гуфтааст, кумиссиёни мазкур аз оғоз вазъ дар марзи ду кишварро назорат мекунад ва хостори роҳ надодан ба шиддат гирифтани танишҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG