Дар чанд ҷумла
Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт
Имрӯз 8-уми май президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кардааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, ин сафар бо даъвати Владимир Путин раисҷумҳури Русия сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, дар рафти ин сафар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин доир мешавад. Президент Раҳмон рӯзи 9-уми май дар гашти низомии Иди Ғалаба дар Майдони сурхи Маскав ширкат мекунад.
Қабл аз ин сафар, субҳи 8-уми май раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе ширкат варзид. Қаблан Абдуфаттоҳ Шарифзода сухангӯи президент гуфта буд, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав рӯзи 9-уми май, сурат мегирад.
Дар мулоқоти Раҳмон ва Путин мавзӯи ҷанҷолҳои охир дар марз бо Қирғизистон баррасӣ хоҳад шуд. Се рӯз қабл Абдуфаттоҳ Шарифзода, роҳбари хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд: "Тоҷикистону Қириғизистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ҳастанд ва, аз ин рӯ, ин мавзуъ дар мулоқот баррасӣ хоҳад шуд".
Дар ҳамин ҳол, сафари Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон ба Маскав дар назар нест. Дмитрий Песков, сухангӯи Путин дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, "ширкати президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар ҷашни Рӯзи ғалаба дар назар нест".
Қаблан Владимир Путин барои миёнравӣ дар ҳалли ҷанҷолҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ибрози омодагӣ карда буд. Дар ҷангу ҷидоле, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон пас аз чанд рӯзи муноқиша гуфтанд, дар задухӯрди мусаллаҳона дар марз 87 нафар сокинони Тоҷикистон захмӣ ва 19 нафар кушта шуданд. Ёздаҳ нафари кушташудаҳо низомӣ ҳастанд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 189 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд.
Ҳарду кишвар якдигарро ба оғози даргирӣ муттаҳам мекунанд ва Додситониҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд. Тоҷикистону Қирғизистон оташбаси доимӣ эълон карда, нерӯҳои худро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ берун бурданд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб танҳо 519 километри онро мушаххасу аломатгузорӣ кардаанд. Минтақҳои боқимонда, иборат аз обу замину чарогоҳ, баҳсӣ ҳастанд ва сари чанд вақт сабаби занозаниву тирпарронии сокинону нерӯҳои ду кишвар мешаванд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Эълони ташхиси ройгони тиббӣ дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки сокинони кишвар метавонанд ин ҳафта бепул ё ройгон аз ташхиси тиббӣ ва муоинаи пизишкон гузаранд.
Ба иттилои расмӣ, дар доираи иқдоми ҳафтаи саломатӣ ва рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, аз 6 то 10-уми апрел "мутахассисон бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир" сокинонро ройгон ташхис мекунанд.
Дар хабари расмӣ омадааст, рӯзи аввали чорабинӣ дар беморхонаи маъруф ба Клиникаи Мансуров мегузарад ва сокинон аз субҳ метавонанд барои гузаштан аз ташхиси ройгон ва гирифтани машварати тиббӣ ба ин дармонгоҳ муроҷиат кунанд.
Рӯзи 7-уми апрел бошандагони шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ метавонанд барои гузаштан аз ташхиси бепул ба дармонгоҳи ҷойи зисташон раванд.
Барои сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ин иқдом рӯзи 8-уми апрел баргузор мешудааст.
Солҳои гузашта низ сокинон ройгон аз ташхиси пизишкон мегузаштанд. Ин иқдом боис мешуд, ки одамони зиёде барои бепул супоридани ташхис дар назди беморхонаҳои давлатӣ ҷамъ шаванд.
Шикоят аз гарон будани нарх дар ташхисгоҳҳо ва хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон кам нест. Онҳое, ки тавони пардохтро надоранд дар рӯзи ҷаҳонии тандуруст ба беморхонаҳо шитофтаанд.
Саршумори як ҳайвони нодири Тоҷикистонро аниқ мекунанд
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон барои ҳисоб кардани саршумори ҷонвари нодири бузи "Морхӯр" кормандонашро ба минтақаи баландкуҳи кишвар фиристодааст.
Ба иттилои расмӣ, мутахассисон бояд ҳисоб кунанд, ки дар кишвар чанд сар бузи "Морхӯр" ҳаст.
Мақомот мегӯянд, ин кор "барои муайян намудани вазъи воқеии саршумори бузи кӯҳии морхӯр, ҳифзи гуногунии биологӣ" ва роҳҳои ҳифзи ин ҷонвари нодир зарур аст.
Тибқи маълумоти ахири Оҷонси омор, давоми даҳ соли ахир саршумори бузи "Морхӯр" дар Тоҷикистон аз 1900 то 6827 сар зиёд шудааст.
Морхӯр, аз нодиртарин ва гаронтарин ҷонвари шикорӣ дар Тоҷикистон аст, ки барои шикори як сари он 40 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт мешавад. Иҷозаи шикори ҳайвоноти нодирро бештар хориҷиён харидорӣ мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон имсол барои шикори танҳо 24 сар бузи “Морхӯр” иҷозат додааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта аз мақомоти расмӣ ва донишмандон хоста буд, саршумори чанде аз ҷонварҳои нодир, аз ҷумла, бабри барфӣ, морхӯр ва меши кӯҳӣ ва ё архарро аз нав дақиқ карда, ба ҳукумат гузориш бидиҳанд.
Зилзила ба 22 хона дар Тоҷикобод зарар расондааст
Дар пайи заминларзаи рӯзи 3-юми апрел 22 хона дар ноҳияи Тоҷикобод зарар дидаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, 16 хонаи истиқоматӣ дар ҷамоати Ширинчашма ва 6 манзили дигар дар ҷамоати Нӯшор "зарари сабук" дида, як оғилхона пурра хароб шудааст.
"Дар натиҷаи заминларза талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар хабари расмӣ.
Мақомот мегӯянд, комиссияи вижа ҳаҷми пурраи зарарро муайян мекунад. Корбарони Радиои Озодӣ бо ирсоли навор хабар доданд, ки дар пайи заминларза дар ноҳияи Тоҷикобод тарма фаромадааст.
Навор аз ҷойи ҳодиса:
Рӯзи 3-юми апрел ду заминларза чанд минтақаи Тоҷикистонро такон дод. Як зилзила соати 15:26 ва дуввумӣ соати 21:12 сабт шудааст.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Тоҷикистон, қувваи заминларза дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Лахш 4–5 ва дар Душанбе 2 дараҷа буд.
Ларзиши ин зилзила дар Покистон, Афғонистон ва Ҳиндустон низ эҳсос шудааст. Бар асари ин зилзила ҳашт нафар дар вилояти Кобули Афғонистон ҷон бохтанд.
Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки дар баробари зилзила осебпазир мебошанд.
"Ӯро пайдо кардем". Трамп аз наҷоти халабони амрикоӣ дар Эрон хабар дод
Халабони дуввуми ҳавопаймои ҷангии F-15, ки дар Эрон сарнагун шуда буд, наҷот дода шудааст.
Ин хабарро президент Доналд Трамп субҳи 5-уми апрел дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social пахш кард. "Мо ӯро пайдо кардем. Ӯ ҷароҳат бардоштааст, аммо хуб мешавад", - навишт Трамп.
Раиси ҷумҳури Амрико дар паёмаш навиштааст, дар ҷараёни амалиёти наҷоти халабон, ягон амрикоӣ кушта ё захмӣ нашудааст.
Як мақоми амрикоӣ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "маъмурият иҷро шуд".
Дар бораи пайдо шудани халабони дуввуми ҳавопаймои ҷангии F-15E дар Эрон, нахуст хабаргузории "Рейтерз" гузориш дода буд.
Чанд расона, аз ҷумла рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" гузориш доданд, ки халабон дар ҷанубу ғарби Эрон пайдо шуда, барои табобат ба як дармонгоҳи Кувайт интиқол ёфтааст. Дар бораи вазъи саломатии ин низомӣ маълумоти расмӣ нашр нашудааст.
Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ин афсар, ки масъули низоми идоракунии силоҳ (WSO) буд, аз сӯи нерӯҳои махсуси ИМА ва дар як амалиёти мураккаб наҷот дода шуд.
Ба гузориши шабакаи Fox News, халабон ва ҳам гурӯҳи наҷот аз Эрон хориҷ шудаанд.
Мансабдорони ИМА гуфтанд, ки Сипоҳи посдорон ва неруҳои Басиҷ талош карданд монеи амалиёти наҷоти халабон шаванд ва низомиёни амрикоӣ бо онҳо даргир шуданд.
Ба гузоришҳои расонаҳо, ду ҳавопаймои борбари амрикоӣ, ки дар амалиёти наҷоти халабон иштирок доштанд, натавонистанд аз як пойгоҳи Эрон берун шаванд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ин ду ҳавопайморо пеш аз афтидан ба дасти нерӯҳои эронӣ нобуд кардаанд.
Ҳарду халабони ҷангандаи F-15 баъди сарнагун шудани ҳавопаймоашон дар ҷанубу ғарби Эрон, худро ба берун партофтаанд. Ба гузориши расонаҳои Axios ва Fox News, онҳо бо истифода аз таҷҳизоти алоқаи фаврӣ бо нерӯҳои ИМА тамос барқарор карданд.
Рӯзи ҷумъаи 3-юми апрел як ҳавопаймои ҷангии F-15-и амрикоӣ дар Эрон суқут кард. Сипоҳи посдорон эълон кард, ки ин ҷангандаро сарнагун кардааст.
Ин ҳавопаймо ду сарнишин дошт, ки яке аз онҳо дар ҳамон соати аввал аз сӯи нерӯҳои артиши Амрико наҷот ёфт, аммо халабони дуввум пайдо набуд. Сипоҳи посдорон ҳам ба ҷустуҷӯи ин халабони амрикоӣ пардохт ва барои ёфтани ӯ ба мардум ҷоиза ваъда кард.
Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин нахустин ҷангандаи F-15E аст, ки дар ҷанг бо Эрон ҳадаф қарор мегирад.
Рӯзи ҷумъаи 3-юми апрел ҳамчунин як ҳавопаймои ҷангии дигари нерӯҳои ҳавоии Амрико (А 10) дар Халиҷи Форс суқут карда, ягона халабони он ҷони солим ба дар бурдааст.
Пештар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба шабакаи NBC News гуфт, ки сарнагунии ҳавопаймои ҷангӣ бар гуфтугӯҳо бо Эрон таъсир нахоҳад гузошт, зеро ӯ ҳамчунон ба Теҳрон фишор меоварад, то созиши сулҳ бо Амрикоро, ки то кунун чеҳраҳои ҳукумати Эрон онро рад кардаанд, бипазирад.
Рейтерз: артиши Амрико халабони дуввумро дар хоки Эрон ёфт
Халабони дуввуми ҳавопаймои ҷангии F-15, ки дар Эрон сарнагун шуда буд, наҷот дода шудааст. Дар ин бора хабаргузории "Рейтерз" субҳи якшанбеи 5-уми апрел ба нақл аз ду мақоми амрикоӣ хабар дод.
То ҳол ҳеч мақоми расмӣ дар Пентагон ин хабарро тасдиқ накардааст. Сипоҳи посдорон низ дар ин бора чизе нагуфтааст.
Рӯзи ҷумъаи 3-юми апрел як ҳавопаймои ҷангии F-15-и амрикоӣ дар Эрон суқут кард. Сипоҳи посдорон эълон кард, ки ин ҷангандаро сарнагун кардааст.
Ин ҳавопаймо ду сарнишин дошт, ки яке аз онҳо дар ҳамон соати аввал аз сӯи нерӯҳои артиши Амрико наҷот ёфт, аммо халабони дуввум пайдо набуд. Сипоҳи посдорон ҳам ба ҷустуҷӯи ин халабони амрикоӣ пардохт ва барои ёфтани ӯ ба мардум ҷоиза ваъда кард.
Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин нахустин ҷангандаи F-15E аст, ки дар ҷанг бо Эрон ҳадаф қарор мегирад.
Рӯзи ҷумъаи 3-юми апрел ҳамчунин як ҳавопаймои ҷангии дигари нерӯҳои ҳавоии Амрико (А 10) дар Халиҷи Форс суқут карда, ягона халабони он ҷони солим ба дар бурдааст.
Пештар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба шабакаи NBC News гуфт, ки сарнагунии ҳавопаймои ҷангӣ бар гуфтугӯҳо бо Эрон таъсир нахоҳад гузошт, зеро ӯ ҳамчунон ба Теҳрон фишор меоварад, то созиши сулҳ бо Амрикоро, ки то кунун чеҳраҳои ҳукумати Эрон онро рад кардаанд, бипазирад.
Ҳамлаҳои нав ба сохтмонҳои ёрирасони нерӯгоҳи Бушаҳр осеб расондааст
Дар идомаи бомбаборони бандарҳои ҷануби Эрон дар рӯзи 4 апрел, ки маълум нест аз сӯи Исроил ё Амрико сурат гирифтааст, Бушаҳр низ дар ҳамин рӯз ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ҳамлае, ки таркишҳои он ба нерӯгоҳи атомии Бушаҳр ҳам расид.
Хабаргузории "Тасним", наздик ба Сипоҳи посдорони Эрон навиштааст, ки субҳи шанбе "як партоб дар наздикии атрофи нерӯгоҳи атомии Бушаҳр бархӯрд... ва бар асари мавҷи инфиҷор ва таркишҳои ин ҳамла, яке аз биноҳои ҷонибии нерӯгоҳ дучори осеб шуд".
Ба навиштаи "Тасним", дар ин ҳамла яке аз кормандони бахши ҳифозати физикии нерӯгоҳ ҳам ба ҳалокат расидааст.
Баррасиҳои ибтидоӣ нишон медиҳад, ки "чаҳорумин ҳамла" ба нерӯгоҳи Бушаҳр осебе ба бахшҳои аслии нерӯгоҳ ворид накарда ва "раванди баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳ низ таҳти таъсир қарор нагирифтааст".
Дар ҳафтаи ҷорӣ қарор аст ҳудуди 200 корманди рус нерӯгоҳи Бушаҳрро тарк кунанд. Ҳафтаи гузашта Русия эълон карда буд, ки 162 нафар аз коркунони худро аз ин маҳал берун бурдааст.
Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон сафири нав таъйин кард
Холид Аш-Шамронӣ сафири нави Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Валид Абдурраҳмон Ар-Рушайдон шуд, ки аз августи соли 2021 то декабри 2025 сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон буд.
Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон эълон кард, ки сафири навтаъйини ин кишвар Холид Аш-Шамронӣ рӯзи 3 апрел дар Душанбе нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супурд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам дар хабарномае гуфт, ки Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо Холид Аш-Шамронӣ роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Душанбе ва Риёз баррасӣ карданд.
Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи ду кишвари арабӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон сафорати худро дорад. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо ин кишвари нафтхези арабӣ равобити ҳасана дорад. Арабистони Саудӣ солҳои ахир ба Тоҷикистон миллионҳо доллар кӯмак кардааст.
Аз ҷумла, Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди саудии рушд тобистони соли гузашта барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 100 миллион ва ҳам барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб 30 миллион доллари амрикоӣ ихтисос дод.
Як ширкати дигар арабистонӣ бо номи ACWA Power ҳам мехоҳад дар Тоҷикистон истгоҳҳои тавлиди барқи офтобӣ ва бодӣ роҳандозӣ кунад.
Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмон ҳамасола ба ҳазорон хонаводаҳои ниёзманди тоҷик сабади ғизо пешниҳод мекунад.
Аз ҷумла, ин марказ аввали соли 2025 ба 7 ҳазор хонаводаи камбизоати Тоҷикистон 490 тонна ёрии башардӯстона дода буд. Ба ҳар хонавода қариб 70 кило орду равған ва лубиёву макарону шакар.
Аммо сифати ин маҳсулот интиқодҳоеро дар пай дошт, ҳарчанд намояндагони Сафорати Арабистон гуфтанд, онҳо пул медиҳанд ва маҳсулотро ширкатҳои тоҷикистонӣ интихоб мекунанд.
Ҳалокати 8 нафар аз зилзила дар Афғонистон
Бар асари зилзилаи шаби ҷумъа ба шанбе, ҳашт нафар дар вилояти Кобули Афғонистон ҷон бохтаанд.
Мақомоти ҳукумати Толибон дар вилояти Кобул эълон карданд, ки ин зилзила хонаеро дар ноҳияи Багромии ин вилоят вайрон кард ва ҳама аъзои як хонавода ба ҳалокат расиданд.
Ҳофиз Башорат, сухангӯи мақоми вилояти Кобул дар ин эъломия гуфт, ҷонбохтагон падар, модар, чаҳор духтар ва ду писари ин хонавода буданд.
Як кӯдаки хурдсол дар ин ҳодиса захмӣ шудааст.
Бар асоси ин эъломия, шидати ин зилзила 5,8-дараҷа буд ва минтақаҳои дигари Афғонистонро низ такон дод.
Маркази заминшиносии Амрико ҳам эълон кард, ки заминларзаи 5,8-дараҷаӣ соати 21:12 (ба вақти Душанбе) минтақаро такон дод, ки маркази он Ҳиндукуши Афғонистон аст.
Ларзиши ин зилзила дар бахшҳое васеъ аз Тоҷикистон, Покистон ва Ҳиндустон низ эҳсос шудааст.
Пештар Маркази таҳқиқоти улуми замини Олмон эълон карда буд, ки заминларзаи 5,5-дараҷаӣ минтақаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистонро ларзонд. Ин марказ афзуд, ки ин заминларза дар умқи 10-километрии замин рух додааст.
Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки дар баробари зилзила осебпазир мебошанд.
Дар Қрим як ҳавопаймои ҷангии Русия суқут кардааст
Дар Қрими ишғолӣ ҳавопаймои ҷангии навъи Су-30-и Русия суқут кардааст.
Хабаргузории русии "Интерфакс" бо такя ба Вазорати мудофиаи Русия навиштааст, ки ҳавопаймои ҷангӣ соати 11:00-и рӯзи 3-юми апрел ҳангоми парвози таҳрезишудаи омӯзишӣ ба садама дучор шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, парвоз бидуни лавозимоти ҷангӣ сурат гирифтааст. Сарнишинон бо васоили хос, ки маъмулан ҳангоми рух додани садама истифода мешаванд, худро ба замин андохта, наҷот ёфтаанд.
Аз ин пеш, рӯзи 31-уми март низ дар Қрими ишғолӣ ҳавопаймои низомии боркаши Ан-26-и Русия суқут карда буд. Расонаҳо навиштаанд, ки дар дохили он 30 нафар, ҳафт сарнишин ва 23 мусофир будаанд, ки ҳалок шудаанд. Ба навиштаи расонаҳо, ин ҳавопаймо ба кӯҳпора бархӯрдааст. Мақомоти Русия сабаби садамаро "нуқси техникӣ" номидаанд.
Бахши русии Би-би-си навиштааст, ки дар миёни кушташудагон эҳтимол генерал-лейтенант Александр Отрошенко низ будааст.
Қрим, як бахше аз хоки Украина буд, ки аз ҷониби Русия ишғол шудааст.
Русия донишҷӯёнро ба ҷанги зидди Украина ҷалб мекунад
Донишгоҳҳои Русия ӯҳдадор шудаанд, ки тибқи нақшаи муайяншуда донишҷӯёнро бо ҳадафи ширкат дар ҷанг бо Украина ба артиш сафарбар кунанд.
Бино ба навиштаи нашрияи Faridaily, ҳар як Донишкадаву Донишгоҳ вазифадор шудааст, ки камаш ду дарсади донишҷӯёнро ба бастани қарордод барои рафтан ба артиш водор созад.
Хабарнигорони нашрия ба нақл аз дӯстони ректори яке аз таълимгоҳҳои Маскав навиштаанд, дар оғози соли равон вазири илм ва таҳсилоти олии Русия Валерий Фалков дар ҷаласае эълон кардааст, ки ду дарсади донишҷӯён аз Донишгоҳҳо ҳадди аққал барои як сол бояд бо Вазорати дифоъ қарордод банданд.
Хабарҳо дар бораи ҷалби фаъолонаи донишҷӯён дар Русия аз охири соли гузашта расонаӣ шуда буд. Ба донишҷӯёнӣ мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ пешниҳод доранд, ки рухсатии академикӣ гирифта, ба ҷанг раванд. Мақомот кӯшиш доранд, ки донишҷӯёнро дар бахши идоракунии бесарнишинҳо ҷалб кунанд.
Эрон аз ҷалби наврасон ба "ҳимояи ватан" хабар дод
Мақомоти Эрон хабар доданд, ки барои ҳифзи амнияти кишвар ба ҷалби ихтиёриён, аз ҷумла наврасони болотар аз сини 12-сола, оғоз кардаанд.
Дар пасманзари кушта шудани як писарбачаи 11-сола дар Теҳрон дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мавзӯъ равона шуд.
Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки Алиризо Ҷаъфарии наврас ҳангоми навбатдорӣ дар як блокпост ё дидбонгоҳ ҳамроҳ бо падараш ҳадафи ҳамлаи бесарнишин қарор гирифт.
Ба далели камбуди нерӯ дар ин нуқта падараш ӯро ба кор ҷалб кардааст.
Дар ҳамин ҳол Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, аз оғози барномаи нави низомии “Ҳомии ватан. Барои Эрон” хабар дод. Тибқи ин барнома, наврасони аз 12-сола боло низ метавонанд ба хидмат ҷалб шаванд.
Ба иттилои Сипоҳи посдорон, сарбозони наврас барои навбатдорӣ дар дидбонгоҳҳои назоратӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Шоҳидон дар Теҳрону Караҷ мегӯянд, дар роҳҳо наврасони силоҳбадаст мушоҳида мешаванд.
Созмонҳои ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқ ин амали Эронро шадидан маҳкум намуда, онро “нақзи ҳуқуқи кӯдак” ва “ҷинояти ҷангӣ” номидаанд.
Фармондеҳи Ситоди нерӯҳои заминии артиши Амрико барканор шуд
Вазири ҷанги Амрико раиси Ситоди кулли нерӯҳои заминии артиши Амрикоро аз мақомаш барканор кард. Пит Ҳегсет рӯзи панҷшанбеи 2 апрел аз генерал Рэнди Ҷорҷ хост, ки билофосила аз мақомаш канорагирӣ ва худро бознишаста кунад.
Як мақоми амрикоӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" гузориши шабакаи CBS дар ин бораро тасдиқ кард.
Далели расмии ин мавзуъ ҳанӯз эълон нашудааст. Аммо CBS ба нақл аз як манбаъ гузориш дода буд, ки Пит Ҳегсет фардеро дар ин мақом мехоҳад, ки "дидгоҳи ӯ ва Доналд Трампро дар нерӯи замини артиш ба иҷро бигузорад".
Генерал Рэнди Ҷорҷи 61-сола, охирин мақоми баландпояи низомӣ аст, ки дар давраи дувуми президентии Доналд Трамп барканор мешавад. Он ҳам дар ҳоле, ки Амрико даргири ҷанги густурда бо Эрон аст.
Ин низомии амрикоӣ дар тӯли наздик ба чаҳор даҳа дар хидмати артиш, борҳо ба Ироқ ва Афғонистон фиристода шуда буд ва дар мақомҳое чун ёвари вазири дифои пешини Амрико Ллойд Остин дар даврони Ҷо Байден, анҷоми вазифа карда буд.
Қарор аст генерал Кристофер ЛаНеве, муовини фармондеҳи Ситоди нерӯҳои заминӣ, ки пештар ёвари Пит Ҳегсет будааст, муваққатан фармондеҳии ситодро ба ӯҳда бигирад. Ӯ дар солҳои 2022-2023 фармондеҳи лашкари 82-и фазоӣ будааст.
Доналд Трамп аз замони бозгашташ ба Кохи Сафед чандин чеҳраи шинохта шуда ва мақомҳои баландпояи низомӣ, аз ҷумла, раиси пешини Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳ, фармондеҳи нерӯҳои баҳрӣ ва Горди соҳилӣ, раиси Оҷонси иттилооти дифоӣ ва муовини раиси Ситоди нерӯҳои ҳавоиро аз мақомҳояшон барканор кардааст.
Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Амрико исрор дорад, ки президент танҳо фармондеҳони мавриди назарашро баргузида ва дар мақомҳои калидӣ мегузорад. Аммо қонунгузорони демократ, аз эҳтимоли "сиёсӣ шудан"-и артиши Амрико, ки ба шакли суннатӣ, аз назари сиёсӣ бетараф будааст, ибрози нигаронӣ мекунанд.
Дар пайи сангрезӣ дар Ванҷ як навсарбоз ҳалок ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд
Дар натиҷаи сангрезӣ дар ноҳияи Ванҷ ба автобусе, ки навсарбозонро ба артиш мебурд, як нафар ҷон бохта, панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.
Ҳодиса баъд аз нисфирӯзии дуюми апрел дар мавзеи Хехики ноҳияи Ванҷ рух додааст
Манобеи Радиои Озодӣ дар ноҳияи Ванҷ гуфтанд, ки ҷасади Максим Айдарбеков, навсарбози 18-сола ба зодгоҳаш, ноҳияи Шуғнон, бурда шудааст. Панҷ тан аз захмишудаҳои дигар, ки зодагони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд, тариқи чархбол барои табобат ба Душанбе интиқол ёфтаанд. Навсарбозони захмишуда аз 20 то 26 сол доранд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, сангҳои аз кӯҳ кандашуда ба миёнаҷои автобус бархӯрда, сабаби ин садама шудааст.
Ин автобус ва корвони мошинҳои дигар бояд навдаъватшудаҳоро аз Хоруғ то пойтахт мерасонданд.
Тасдиқи расмии ин хабар ва ҷузъиёти бештар ҳоло дастраси Радиои Озодӣ нест.
Илҳом Ализода, Сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи вазорати мудофиа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин ҳодиса маълумоте дар даст надоранд. Ахмед Маҳмадбеков, муовини Комисари ҳарбии ВМКБ, ки гуфта мешавад ин корвони навсарбозонро ҳамроҳӣ мекард низ, аз додани ҷузъиёти ин ҳодиса худдорӣ кард. Вазорти мудофиа ва ҳукумати ВМКБ то кунун расман ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Ҳодиса як рӯз пас аз маросими гусели даъватшавандаҳои вилояти Бадахшон ба артиш, рух додааст.
Саҳифаи фейсбукии "Pamir Insaid" навори автобус пас аз садамаро нашр кардааст:
Маъракаи "Рӯзи даъватшаванда" ва раҳпаймоии оммавӣ дар шаҳри Хоруғ бо ширкати шумори зиёди намояндагони мақомот, сарбозону афсарон ва даъватшавандаҳо рӯзи якуми апрел баргузор шуд.
Раиси вилояти Бадахшон дар ин чорабинӣ аз он ситоиш кардааст, ки дар 8 соли ахир вилоят нақшаи даъватро дар рӯзи аввали сафарбаркунӣ иҷро мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати мудофеаи Тоҷикистон гуфт, дар ду рӯзи аввали моҳи апрел нақшаи даъват ба артиш беш аз "54 дарсад иҷро шуд".
Ба иттилои ин ниҳод, дар баробари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Вахш дар рӯзи аввали даъват аз иҷро шудани нақша хабар додаанд.
Даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон аз якуми апрел оғоз ва то охири моҳи май идома мекунад.
Арӯси нопадидшударо дар шаҳри Бохтар пайдо кардаанд
С.Д., арӯси 19-солаеро, ки рӯзи 7-уми март дар пайи як муноқиша аз хонаи шавҳараш дар ноҳияи Ёвон берун шуда, нопадид гашта буд, дар шаҳри Бохтар ёфтаанд.
Яке аз пайвандонаш рӯзи дуюми апрел гуфт, "ӯ дар онҷо дар як хона бо духтарон зиндагӣ мекардааст".
Ҷузъиёт маълум нест.
Ба суоли наздикон, кӣ чаро ин корро кард, С.Д. аз бародари шавҳараш шикоят карда, гуфтааст, ӯро азият медод ва дар ғайби шавҳараш мехост, ба утоқи хоби вай ворид шавад.
Наздикони шавҳари С.Д. қаблан дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаои ҷониби арӯсро рад карда буданд.
Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми март аз нопадид шудани С.Д. хабар дод.
Пайвандонаш гуфта буданд, ӯро ҷустуҷӯ доранд ва ба нақли онҳо, вай дар пайи як моҷарои оилавӣ бедарак шуда буд.
С.Д. моҳи сентябри соли 2025 издивоҷ кардааст.
Бино бар эълонҳои ниҳодҳои умури дохилии Тоҷикистон ҳар сол даҳҳо нафар, аз ҷумла занону духтарон бедарак мешаванд. Афроди нопадидшудае низ ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аз онҳо нишоне пайдо нагаштааст.
Имтиҳони забони русиро барои кӯдакони муҳоҷир душвор номиданд
Вакилони порлумони Қирғизистон ҳангоми сафари худ ба Русия ба таври озмоишӣ дар санҷиш ё имтиҳони забони русӣ, ки аз кӯдакони муҳоҷирон барои қабул ба мактаб гирифта мешавад, ширкат намуда, онро душвор хондаанд.
Намояндагони Жогорку Кенеш ё порлумони Қирғизистон аз вакилони Думаи давлатии Русия хостанд, ки дар ин маврид чора андешанд.
Марлен Маматалиев, вакили қирғиз, гуфт, “таҷриба нишон медиҳад, ки аз санҷиш нагузаштани кӯдакони муҳоҷирон бештар на ба надонистани забони русӣ, балки ба омилҳои равонӣ вобаста аст. Мо дирӯз дар маркази тестӣ будем ва дидем, ки воқеан мушкилот ҷой доранд. Мехостем дар ин масъала кор бурда шавад, роҳи ҳал вуҷуд дорад”.
Вакили қирғиз пешниҳод кард, ки ҳадди ақал барои кӯдакон то синфи панҷ ин имтиҳон бекор карда шавад.
Русия аз моҳи апрели соли гузашта қоидаҳои қабули фарзандони муҳоҷиронро ба мактаб дигар кард ва ҳоло ин гурӯҳи кӯдакон танҳо баъди гузаштан аз имтиҳони забони русӣ ва санҷиши санади иқомат ҳаққи таҳсил хоҳанд дошт.
Мақомоти ин кишвар гуфтанд, беш аз 87 дарсади фарзандони муҳоҷирон натавонистанд ба мактабҳои Русия дохил шаванд.
Чанде пеш вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, дар як соли охир беш аз 9 ҳазор кӯдаки тоҷик, ки аз мактабҳои Русия ронда ё дар онҷо аз таҳсил маҳрум шудаанд, ба Тоҷикистон баргаштаанд.