Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се голи легионери русиягӣ Артём Сердюк ба "Хуҷанд" дар бозӣ бо "Истаравшан" пирӯзӣ овард 


Бозӣ миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Истаравшан".
Бозӣ миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Истаравшан".

Даври шашуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ба поён расид. Аз панҷ бозӣ танҳо дар яктоаш мизбонон ғолиб шуданд, се бозӣ бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт ва як дидор бо натиҷаи мусовӣ анҷом пазируфт.

Дар бозии марказии даври шашум «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ «Истаравшан»-ро бо ҳисоби бузурги 3:2 шикаст дод. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бо ҳузури 17800 тамошобин баргузор шуд. Ҳарсе голи “Хуҷанд”-ро легионери русиягӣ Артём Сердюк ба самар расонид.

Дар бозии дигари даври шашум «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ССКА-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Зимнан, ин аввалин бозии қаҳрамони Тоҷикистон дар мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ баъди иштироки муваффақонаи даста дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ба шумор меравад. Голи ягонаро Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 14-ум зад.

Се бозии дигари даври шашум бо чунин натиҷаҳо хотима ёфт: «Файзканд»-и Восеъ - «Эсхата»-и Хуҷанд - 1:3, «Равшан»-и Кӯлоб – «Хатлон»-и Бохтар – 1:2, «Кӯктош»-и Рӯдакӣ - «Душанбе»-и Душанбе - 2:2.

Баъди натиҷагирии шаш даври мусобиқа дар ҷадвал “Хуҷанд” бо 13 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. “Эсхата” ва “Файзканд” бо ҳаштимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дуюму сеюм ҷойгир шудаанд.

Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 15-16-уми май баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 6-ум

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 2:3

Голҳо: Артём Сердюк, 31 (0:1). Артём Сердюк, 45 (0:2). Илҳомҷон Баротов, 47 (1:2). Бахтиёр Абдураҳмонов, 78 (2:2). Артём Сердюк, 83 (2:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Артём Сердюк («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

6-уми май. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 17 800 тамошобин.

«Равшан» – «Хатлон» – 1:2

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 17 (0:1). Тоҳирҷон Тағойзода, 79 (0:2). Эффах Кингслей Осей, 90+3 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

6-уми май. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.

«Кӯктош» – «Душанбе» – 2:2

Голҳо: Люк Менҷана Леонел, 28 (0:1). Расул Файзов, 33 (1:1). Люк Менҷана Леонел, 69 (1:2). Суҳроб Раҳмонов, 83 (2:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Алишер Холмуродов («Кӯктош»), 90

Беҳтарин бозигари дидор: Люк Меҷжана Леонел («Душанбе»).

Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).

8-уми май. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 3000 тамошобин.

«Файзканд» – «Эсхата» – 1:3

Голҳо: Шаҳзод Абдураҳимов, 43 (0:1). Маҳмадалӣ Содиқов, 48 (1:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 51 (1:2). Абдусамад Самадов, 68 (1:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Шаҳзод Абдураҳимов («Эсхата»).

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

9-уми май. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 200 тамошобин.

«Истиқлол» – ССКА – 1:0

Гол: Манучеҳр Ҷалилов, 14.

Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Ятимов («Истиқлол»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

9-уми май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

4

1

1

14-5

13

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

6

2

2

2

11-9

8

3

«Файзканд» (Восеъ)

5

2

2

1

5-4

8

4

«Истаравшан» (Истаравшан)

5

2

1

2

6-6

7

5

«Душанбе» (Душанбе)

5

2

1

2

9-11

7

6

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

5

2

1

2

6-10

7

7

«Хатлон» (Бохтар)

5

1

3

1

5-5

6

8

«Равшан» (Кӯлоб)

6

1

2

3

5-8

5

9

ССКА (Душанбе)

6

1

1

4

5-9

4

10

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

1-0

3

Нишонзанҳо: Артём Сердюк («Хуҷанд»), Акобир Тураев («Эсхата») – 5-тӯбӣ, Люк Менҷана Леонел («Душанбе») – 4 тӯб, Абдухалил Боронов («Файзканд») – 3 тӯб.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 1-ум

12-уми май (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Кӯктош» – «Истиқлол»

Даври 7-ум

15-уми май (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Хатлон» – «Кӯктош»

16-уми май (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Эсхата» – «Истиқлол»

«Душанбе» – «Истаравшан»

XS
SM
MD
LG