Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финали Лигаи қаҳрамонҳои UEFA аз Туркия ба Португалия гузаронида шуд


Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои UEFA дар мавсими 2020/2021 аз Истамбули Туркия ба сабаби сатҳи баланди бемории коронавирус интиқол дода шуд. Дар ин бора Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (UEFA) дар вебсайти худ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, бозии ҳалкунандаи ин мусобиқа дар шаҳри Портуи Португалия дар варзишгоҳи “Драгау” баргузор мешавад. Теъдоди мухлисоне, ки ба минбарҳо пазируфта мешаванд, аз ҳар тим 6 ҳазор нафарӣ эълом шудааст.

Қайд карда мешавад, ки UEFA интиқоли бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳоро ба Англия баррасӣ кард, аммо ба истиснои зарурӣ аз маҳдудиятҳои коронавирус муваффақ нашуд.

Рӯзи 6-уми май сиёсатмадорони Бритониё тақозо карданд, ки финали Лигаи қаҳрамонҳоро ба Англия интиқол диҳанд, зеро ду бошгоҳи маҳаллӣ барои гирифтани ҷом мубориза мебаранд.

Онҳо таваҷҷуҳро ба он ҷалб карданд, ки бинобар маҳдудияти сафар ба хориҷа, бисёр мухлисон наметавонанд дар финал ширкат варзанд.

Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бояд рӯзи 29-уми май баргузор шавад. Барои гирифтани ҷом ду бошгоҳи футболи Англия - “Манчестер Сити” ва Челси», ки дар даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои UEFA дар мавсими 2020/2021 пирӯзӣ ба даст оварданд, мубориза мебаранд.

«Манчестер Сити» дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ, ки 4-уми май дар варзишгоҳи «Иттиҳод»-и шаҳри Манчестери Англия баргузор шуд, бар “ПСЖ” («Пари Сен-Жермен»)-и Фаронса бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.

Бозии аввал миёни «ПСЖ» ва «Манчестер Сити» 24-уми апрел дар варзишгоҳи «Парк де Пренс» дар Парижи Фаронса бо пирӯзии бошгоҳи бритонӣ бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расида буд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дастаи Хосеп Гвардиола бо ҳисоби умумии 4:1 ғолиб омад ва ба финали ин мусобиқаи пурнуфуз роҳ пайдо кард.

Дар бозии дигари ҷавобии ниманиҳоӣ, ки 5-уми май дар варзишгоҳи «Стэмфорд Бриҷ»-и Лондон доир гардид, дастаи мизбон – «Челси» - тими «Реал»-и Мадриди Испанияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Бозии аввал миёни «Реал» ва «Челси» 27-уми апрел дар варзишгоҳи «Алфредо Ди Стефано»-и Мадрид бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расида буд. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ дастаи Томас Тухел бо ҳисоби умумии 3:1 ғолиб омад ва ба финали Лигаи қаҳрамонҳои UEFA баромад.

XS
SM
MD
LG