Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи дастаҳои лигаи аввал барои Ҷоми Тоҷикистон-2021


Бар асоси қуръакашии даври пешакии мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон-2021, ки 15-уми май дар қароргоҳи Федератсияи футболи кишвар доир шуд, дувоздаҳ дастаи лигаи аввал шаш ҷуфтро ташкил намуданд.

Бозиҳои аввали даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 21-22-юми май байни дастаҳои «Моҳир» (Ёвон) – «Барқчӣ» (Ҳисор), «Саройкамар» (Панҷ) – «Вахдат» (Ваҳдат), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – «Равшан» (Зафаробод), «Динамо» (Душанбе) – «Ҳулбук» (Восеъ), «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Ҳосилот» (Фархор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Исфара» Исфара) доир мегардад.

Ғолибони ҷуфтҳо ба даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбанд. Дастаҳои лигаи олӣ барои Ҷоми Тоҷикистон аз даври ҳаштякниҳоӣ мубориза мебаранд.

Бар асоси дастури мусобиқа барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2021 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Тоҷикистон)-2022 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидани як бошгоҳ, дар Ҷоми AFC дар мавсими оянда ҷоизадори биринҷии мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ширкат хоҳад кард.

Ҷоми Тоҷикистон-2021

Даври пешакӣ

21-22-юми май (ҷумъа, шанбе)

«Моҳир» – «Барқчӣ»

«Саройкамар» – «Ваҳдат»

«Панҷшер» – «Равшан» (Зафаробод)

«Динамо» – «Ҳулбук»

«Пахтакор» – «Ҳосилот»

«Регар-ТадАЗ» – «Исфара»

XS
SM
MD
LG