Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хатлон" баъди се ғалабаи пайиҳам дар ҷадвали лигаи олӣ ба ҷойи дуюм баромад


Дастаҳои футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои футболи Тоҷикистон.

Даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо се бозӣ ба поён расид. Дар як дидор мизбонон, дар яктоаш меҳмонон ғолиб шуданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом пазируфт.

Дар даври ҳаштум «Хатлон»-и Бохтар дар меҳмонӣ «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ду голи Худойдод Узоқов ва Тоҳирҷон Тағойзода ба «Хатлон» се имтиёз овард. Баъди се ғалабаи пайиҳам «Хатлон» дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи дуюм баромад.

Дар бозии дигар «Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар майдони худ ССКА-и Душанберо бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Бозӣ миёни дастаҳои «Файзканд»-и Восеъ ва “Душанбе”-и Душанбе бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт.

Баъди натиҷагирии ҳашт даври мусобиқа дар ҷадвал “Хуҷанд” бо 13 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад. “Хатлон” бо 12 имтиёз дар зинаи дуюм ва “Кӯктош” бо 11 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудаанд.

Бозиҳои даври нӯҳуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон имрӯз, 25-уми май, баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ

Даври 8-ум

«Кӯктош» – ЦСКА – 3:1

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 21 – аз пеналти (0:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 47 (1:1). Шарафҷон Солеҳов, 58 (2:1). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 71 (3:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммадшарифи Саидхоҷа («Кӯктош»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

21-уми май. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 6000 тамошобин.

«Файзканд» – «Душанбе» – 2:2

Голҳо: Абдухалил Боронов, 53 (1:0). Абдухалил Боронов, 63 (2:0). Ораз Ғаюров, 71 (2:1). Доробҷон Эргашев, 83 – ба дарвозаи худ (2:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Абдухалил Боронов («Файзканд»).

Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).

21-уми май. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.

«Истаравшан» – «Хатлон» – 1:2

Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Тоҳирҷон Тағойзода, 84 (0:2). Отабек Каримов, 90+8 – аз пеналти (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Тоҳирҷон Тағойзода («Хатлон»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

22-юми май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 4500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

4

1

1

14-5

13

2

«Хатлон» (Бохтар)

7

3

3

1

9-6

12

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

8

3

2

3

10-14

11

4

«Файзканд» (Восеъ)

6

2

3

1

7-6

9

5

«Душанбе» (Душанбе)

7

2

3

2

12-14

9

6

«Эсхата» (Хуҷанд)

7

2

2

3

11-11

8

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

7

2

2

3

8-9

8

8

«Истиқлол» (Душанбе)

3

2

1

0

4-1

7

9

«Равшан» (Кӯлоб)

6

1

2

3

5-8

5

10

ССКА (Душанбе)

7

1

1

5

6-12

4

Нишонзанҳо: Артём Сердюк («Хуҷанд»), Акобир Тураев («Эсхата»), Абдухалил Боронов («Файзканд») – 5-тӯбӣ, Люк Менҷана Леонел («Душанбе») – 4 тӯб, Нуриддин Ҳамроқулов, Тоҳирҷон Тағойзода (ҳарду аз «Хатлон») – 3-тӯбӣ.

Даври 9-ум

25-уми май (сешанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Душанбе» – «Эсхата»

«Хатлон» – «Файзканд»

ССКА – «Истаравшан»

XS
SM
MD
LG