Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи интихобӣ оид ба таэквондо бе роҳхати олимпӣ монданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё оид ба таэквондо WTF, ки рӯзҳои 21-22-юми май дар шаҳри Уммони Урдун баргузор шуд, ширкат варзида, натавонистанд ба Олимпиадаи Токио-2020 роҳхат бигиранд. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар чаҳор варзишгар – Муҳаммадҷон Суннатов (-68 кг), Хуррам Меҳтаршоев (-80 кг) миёни мардон, Муниса Ойматова (-49 кг) ва Моҳрӯ Ҳалимова (-67 кг) миёни занон дохил буданд.

Муниса Ойматова дар даври аввал аз намояндаи Покистон Оиша Афсар шикаст хӯрд. Муҳаммадҷон Суннатов дар даври аввал варзишгари Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ Мустафо Қарниро мағлуб кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи Қазоқистон Кайрат Саримсоқов ноком шуд.

Хуррам Меҳтаршоев дар чорякфинал бар намояндаи Қатар Алӣ Алараимӣ пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз варзишгари Тайпей Вей-Тинг Лиу ва дар рақобат барои ҷойи сеюм аз варзишгари Қирғизистон Акбар Айтохунов мағлуб шуд. Моҳрӯ Ҳалимова дар нимфинал аз намояндаи Қазоқистон Кансел Дениз ва дар рақобат барои ҷойи сеюм аз намояндаи Филиппин Кирстӣ Алора шикаст хӯрд.

Аз 16 квотаи пешбинишуда дар мусобиқаи интихобии Осиё Тайпей 4, Узбекистон 3, Урдун ва Қазоқистон 2, Ветнам, Эрон, Тайланд, Филиппин ва Чин якроҳхатӣ ба даст оварданд.

Мусобиқаҳои интихобии олимпӣ аз рӯи намуди таэквондо ба анҷом расид. Намоядагони 57 кишвар соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 гардиданд.

Мусобиқаи таэквондо дар Олимпиадаи Токио-2020 аз рӯи 8 дараҷаи вазнӣ (4 вазн миёни мардон, 4 вазн миёни занонон) бо иштироки 128 варзишгар (дар ҳар вазн 16 нафар) баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ду варзишгари тоҷик – Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов – дар риштаи таэквондо WTF соли 2012 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон иштирок карда буданд.

XS
SM
MD
LG