Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қарорро дигар кунед." Баҳси сокинону Вазорати маориф дар бораи таътили тобистона


Набераи Саломат Муъминова, сокини шаҳри Душанбе, дар синфи чаҳорум мехонад. Абубакр 11-сола аст ва омадани таътили тобистонаро бесаброна интизор аст. Ба ӯву ҳамсолонаш гуфтаанд, имсол таҳсили онҳо 14-уми июн ба охир мерасад. Вазорати маориф ин санаро дуруст меҳисобад, вале волидон аз ҳавои гарму хастагии зиёди кӯдакон шикоят мекунанд.

Саломат Муъминова, модаркалони Абубакр, рӯзи 25-уми май гуфт, "хуб, солҳои пеш бо сабаби камбуди барқ дар зимистону як моҳ таътили зимистона чунин баҳонаҳо буд. Ҳоло чӣ? Чаро бачаҳоро 25-уми май ҷавоб надоданд? Инҳо хеле хаста шудаанд."

"Вазир, қарорро дигар кунед"

Айни чунин суолҳоро корбарони шабакаҳо ҳам дар миён гузоштаанд. Исмоил Зарифӣ, шоири тоҷик, дар шеъри танзомезаш бо номи “Ариза ба вазири маориф” рӯзи 22-юми май навишт:

"…Хонандаи дилфигор,

Аз мактаб бошад безор.

Аз гармии синфхона,

Шуда беҳолу бемор…

Дар рӯзи гарми баҳор,

Нафас гирифтан душвор,

Рӯ тобед аз ин "мерос",

Даст кашед аз ин қарор.

Корҳоро беҳтар кунед,

Қарорро дигар кунед…"

Худи Зарифӣ ба Радиои Озодӣ далели эҷоди ин мисраъҳоро "ба гарм будани ҳавову хаста шудани омӯзгорону талабаҳо" рабт дод.

Вазорати маориф: таҳсил бояд 36 ҳафта бошад

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, муҳлати таъиншудаи таҳсил мутобиқ ба талаботи барномаи таълимии солона мебошад. 25-уми май дар мактабҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи охири таҳсил ба шумор мерафт.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илм, дар посух ба Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми май навишт: "Ягон тағйирот нест... мисли солҳои қаблӣ, яъне синфҳои 1 аз 7-уми июн ва синфхои 2-11 аз 14-уми июн ба таътили тобистона мераванд."

Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, чунин низом ду сол пеш ҷорӣ шудааст. Дар шарҳи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2019 чунин омадааст: "Пештар дар мактабҳо дарс аз 1-уми сентябр оғоз гардида, 7-уми июн ба анҷом мерасид. Таҳсил 34 ҳафтаи таълимиро (дар синфҳои якум 33 ҳафта) ташкил медод. Тасмим ин шуд, ки барномаи таҳсили 36-ҳафтаина риоя шавад ва аз ин рӯ таҳсил то 14-уми июн идома ёбад.”

Дар шарҳи зарурати риояи ин муҳлат, ки ба он инчунин рӯзҳои ид ва чаҳор ҳафтаи таътил илова мешавад, мақомоти Вазорати маориф мегӯянд:

“Дар давлатҳои Аврупою Амрико вазъи демографӣ мусоид ва нуфуси аҳолӣ паст буда, ин кишварҳо имкони пурраи истифодаи буҷаи вақти таълимиро аз ҳисоби давомнокии рӯзи таълимии муайяншуда пурра карда метавонанд... Вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфуси аҳолӣ зиёд буда, дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ соати 8:00 шуруъ гашта, то соати 19 дар ду баст идома меёбанд. Вобаста ба вазъияти мазкур хонандаи мактаби тоҷик имкони пурраи истифодаи буҷаи вақтро аз ҳисоби давомнокии рӯзи таълим надорад”.

Дар аксар мактабҳои Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ таҳсил дар ду баст ба роҳ монда шуда, басти аввал аз соати 8-и субҳ то сотҳои 14 ва басти дуюм аз соати 13 то 19 идома мекунад.

Мақомоти маориф, инчунин, мегӯянд, як далели дигари зарурати риоя шудани 36 ҳафтаи ҳатмии таҳсил дар талоши “баробар шудан ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот, қонеъ сохтани эродҳои шарикони рушд доир ба кам будани буҷаи вақти хонандаи тоҷик (махсусан, эроди созмонҳои байнамилалии молиявӣ оид ба кам будани вақти таҳсил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба давлатҳои дигари ИДМ ва кишварҳои пешрафта дар ҳудуди аз 18 то 25 фоиз)” мебошад.

Мунтақидон: сифати таълим ҷавобгӯи меъёрҳо бошад

Дар ин замина, баъзе аз волидон, бахусус дар деҳаҳои кишвар, ки шароити аксар мактабҳо аз муассисаҳои таълимии шаҳрҳои калон тафовут доранд, набудани ошхона ва ғизои гармро дар мактабҳо далели нонавиштаи мақомот барои ҳифзи ду басти таҳсил медонанд.

Вале дар шаҳрҳҳои аксар корбарон дар шабакаҳо масъалаи сифати таълим дар мактабҳои буҷавии Тоҷикистон бештар мавриди интиқод аст, ки ба гуфтаи онҳо, бояд пеш аз ҳама мавриди ташвиши мақомоти маориф бошад. Ба қавли мунтақидон, бо вуҷуди талоши мақомоти маориф барои риоя шудани муҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ, барои ба талаботи ҷаҳонӣ расидани сифати таълим кори каме анҷом мешавад.

XS
SM
MD
LG