Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Ҷопон аввалин шуда ба даври баъдии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби миллии футболи Ҷопон. Акс аз бойгонӣ.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Ҷопон. Акс аз бойгонӣ.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Ҷопон, ки рӯзи 28-уми май дар бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар варзишгоҳи «Ниссан»-и шаҳри Иокогама мунтахаби Мянмарро бо ҳисоби бузурги 10:0 шикаст дод, дар гурӯҳи “F” ғолиб шуд ва пешакӣ ба даври баъдии мусобиқа роҳ пайдо кард.

Дар бозӣ муқобили мунтахаби Мянмар ҳамлагари «Вердер»-и Олмон Юя Осако панҷ гол, нимҳимоятгари «Ливерпул»-и Англия Такуми Минамино, ки дар мавсими гузашта дар бошгоҳи «Саутгемптон»-и Англия бо ҳуқуқи иҷора бозӣ мекард, ду гол, инчунин Ҳидемаса Морита, Даити Камада и Коу Итакура якголӣ заданд.

Ин пирӯзӣ мавқеи пешсафии мунтахаби Ҷопонро дар гурӯҳи “F” боз ҳам мустаҳкам кард. Даста дар ҳамаи шаш бозии интихобӣ ғолиб омада, бо 18 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳ мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопониҳо ба дарвозаи рақибонашон 37 тӯб зада, аз дарвозаи худ ягон тӯб сар надодаанд. Ба ҷуз аз мунтахаби Мянмар, ҷопониҳо мунтахаби Муғулистонро бо натиҷаҳои 6:0 ва 14:0 шикаст додаанд.

Мунтахаби Ҷопон серунвонтарин тими миллӣ дар Осиё маҳсуб мешавад. Ин даста дар Ҷоми Осиё чаҳор бор ғолиб шуда, се маротиба ба 1/8 финали қаҳрамонии ҷаҳон-2002, 2010 ва 2018 роҳ ёфтааст. Мунтахаби Ҷопон, инчунин дар финали Ҷоми конфедератсияҳо-2001 бозӣ кардааст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 10 имтиёз аз 6 бозӣ дар гурӯҳи «F” дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 7 имтиёз дар ҷойи севум аст. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳамин ҳол мунтахаби кишвар бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб тамрин мекунад. Дар ҷамъомади таълимиву тамринии тими миллии Тоҷикистон, ки дар Дубай то 2-юми июн идома хоҳад кард, ба ҳайати даста 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар – ширкат доранд.

Вале капитан ё сарвони «Истиқлол»-и Душанбе Алишер Ҷалилов наметавонад дар ду бозии боқимондаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили тимҳои миллии Ҷопон ва Мянмар ширкат варзад. Сабабаш ҷароҳати пояш мебошад, ки нимҳимоятгар дар бозии даври ҳафтуми қаҳрамонии Тоҷикистон муқобили «Эсхата» -и Хуҷанд гирифтааст. Дар айни ҳол ӯ дар шаҳри Қазони Русия табобат мегирад.

Субҳи рӯзи 3-юми июн футболбозони тоҷик аз Дубай ба Осакаи Ҷопон сафар мекунанд ва дар он ҷо ду бозии боқимондаашонро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввалинаш дар майдони худ бар мунтахаби Қирғизистон ва дар бозии дувумаш дар меҳмонӣ бар мунтахаби Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада, дар даври севум дар Душанбе аз тими миллии Ҷопон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Баъдан дар меҳмонӣ аз мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт ва бозиро бо мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Футболбозони тоҷик дар бозии даври ҳафтуми гурӯҳи "F" 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими миллии Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карданд.

Дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

XS
SM
MD
LG