Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-20) ба қаҳрамонии CAFA


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-20).
Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-20).

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-20) бо раҳбарии сармураббӣ Илдар Раҳмонов омодагиро ба мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Душанбе шуруъ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҷамъомади таълимиву тамринии даста 23 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар - даъват шудаанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2021 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20-сола, ки аз 11-ум то 17-уми июн дар Душанбе баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Эрон (11-уми июн), Афғонистон (12-уми июн), Қирғизистон (14-уми июн) ва Узбекистон (17-уми июн) рақобат мекунад. Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20):

Дарвозабонҳо: Дилноза Нурова («Ҳосилот»), Фараҳноз Холмуродова («Хатлон»), Муниса Гулова («Зебо»);

Ҳимоятгарон: Нисо Абдуллоева, Нилуфар Абдулҳаева, Карина Мирзоева, Некӯбахт Худододова, Шукрона Хоҷаева (ҳама аз «Зебонисо»), Гулфайрӯз Ҳазратова («Равшан»), Гузал Юсупова («Бешкент»), Лайло Кучкинова («Зебо»), Дилдора Имомалиева («Панҷшер»);

Нимҳимоятгарон: Сабрина Одинаева, Саёҳат Раҷабова, Мунира Шарипова (ҳарсе аз «Хатлон»), Сабрина Салимова, Раҳёна Камолова (ҳарду аз «Ҳосилот»), Мадина Давлатова («Зебонисо»), Дилафрӯз Кучкинова («Панҷшер»);

Ҳамлагарон: Малика Қаюмова («Чашма»), Марҷона Саидова («Зебонисо»), Дилдора Раҳмонова («Конибодом»), Муҳайминаи Гулаҳмад («Хатлон»).

Сармураббӣ – Илдар Раҳмонов.

XS
SM
MD
LG