Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба Осакаи Ҷопон расид


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон барои анҷом додани ду бозии боқимондааш дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн) рӯзи 3-юми июн аз Дубай ба Осака расид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар - дохиланд.

Вале капитан ё сарвони «Истиқлол»-и Душанбе Алишер Ҷалилов наметавонад дар ду бозии боқимондаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 муқобили тимҳои миллии Ҷопон ва Мянмар ширкат варзад. Сабабаш ҷароҳати пояш мебошад, ки нимҳимоятгар дар бозии даври ҳафтуми қаҳрамонии Тоҷикистон муқобили «Эсхата» -и Хуҷанд гирифтааст. Дар айни ҳол ӯ дар шаҳри Қазони Русия табобат мегирад.

Бозии наздиктарини марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” миёни тимҳои миллии Ҷопон ва Тоҷикистон рӯзи душанбе, 7-уми июн, дар варзишгоҳи «Panasonic Suita» соати 19:30 бо вақти маҳаллӣ (15:30 – бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввалинаш дар майдони худ бар мунтахаби Қирғизистон ва дар бозии дувумаш дар меҳмонӣ бар мунтахаби Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада, дар даври севум дар Душанбе аз тими миллии Ҷопон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Баъдан дар меҳмонӣ аз мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт ва бозиро бо мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Футболбозони тоҷик дар бозии даври ҳафтуми гурӯҳи "F" 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими миллии Муғулистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карданд.

Дастаи мунтахаби Ҷопон, ки рӯзи 28-уми май дар бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар варзишгоҳи «Ниссан»-и шаҳри Иокогама мунтахаби Мянмарро бо ҳисоби бузурги 10:0 шикаст дод, дар гурӯҳи “F” ғолиб шуд ва пешакӣ ба даври баъдии мусобиқа роҳ пайдо кард.

Ин пирӯзӣ мавқеи пешсафии мунтахаби Ҷопонро дар гурӯҳи “F” боз ҳам мустаҳкам кард. Даста дар ҳамаи шаш бозии интихобӣ ғолиб омада, бо 18 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳ мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопониҳо ба дарвозаи рақибонашон 37 тӯб зада, аз дарвозаи худ ягон тӯб сар надодаанд. Ба ҷуз аз мунтахаби Мянмар, ҷопониҳо мунтахаби Муғулистонро бо натиҷаҳои 6:0 ва 14:0 шикаст додаанд.

Мунтахаби Ҷопон серунвонтарин тими миллӣ дар Осиё маҳсуб мешавад. Ин даста дар Ҷоми Осиё чаҳор бор ғолиб шуда, се маротиба ба 1/8 финали қаҳрамонии ҷаҳон-2002, 2010 ва 2018 роҳ ёфтааст. Мунтахаби Ҷопон, инчунин дар финали Ҷоми конфедератсияҳо-2001 бозӣ кардааст.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 10 имтиёз аз 6 бозӣ дар гурӯҳи «F” дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 7 имтиёз дар ҷойи севум аст. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” муқобили дастаҳои мунтахаби Ҷопон (7-уми июн) ва Мянмар (15-уми июн):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев (ҳама аз «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Муҳаммадҷон Раҳимов, Ислом Зоиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе), Алиҷони Айнӣ (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

XS
SM
MD
LG