Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо гуфт, ба осебдидагон аз сел ёрӣ медиҳад


Сел дар Кӯлоб ба садҳо кас зиён расондааст
Сел дар Кӯлоб ба садҳо кас зиён расондааст

Иттиҳоди Аврупо ба осебдидагони селу боронгариҳои моҳи майи имсол ба Тоҷикистон 100 ҳазор евро кумаки башардӯстона ҷудо кард. Ин ёрӣ бевосита ба 1800 осебдида дар Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлон расонида мешавад.

Маблағгузории мазкур тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои харидани ашёи рӯзгор сарф мешавад.

Ба ҷуз аз ин, ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра вайрон шудаанд ё зарари ҷиддӣ дидаанд, кумаки молии бебозгашт мекунад. Аз 6 то 13-уми май дар пайи омадани сел дар Тоҷикистон беш аз 25 000 нафар зиён дида, тақрибан 1000 хона қисман ва ё пурра вайрон шудааст.

XS
SM
MD
LG