Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бо Эрон, Лубнон ва Непал бозӣ мекунад


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23)
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23)

Тибқи натиҷаҳои қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) ба гурӯҳи "В" шомил шуд. Рақибони дастаи Тоҷикистон тимҳои мунтахаби ҷавонони Эрон, Лубнон ва Непал хоҳанд буд. Бозиҳои сабқати интихобӣ аз 23-юм то 31-уми октябр дар Душанбе баргузор мешаванд.

Имрӯз, 9 июл, дар Тошканд қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола доир гардид. Дар натиҷа, 43 даста ба 11 гурӯҳ тақсим шуд. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ 5 гурӯҳ таъсис ёфт.

Бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Ғарб дар Тоҷикистон, Баҳрайн, Урдун, Кувайт, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешаванд. Дар минтақаи Шарқ гурӯҳҳоро Муғулистон, Индонезия, Сингапур ва Тайбэйи Чин мизбонӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июни соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо роҳ пайдо мекунанд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонон (U-23):

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи А: Сурия, Қатар (мизбон), Яман, Шри-Ланка.

Гурӯҳи B: Эрон, ТОҶИКИСТОН (мизбон), Лубнон, Непал.

Гурӯҳи С: Ироқ, Баҳрайн (мизбон), Афғонистон, Молдив.

Гурӯҳи D: Арабистони Саудӣ, Бангладеш, Кувайт (мизбон), Узбекистон.

Гурӯҳи "E": ИМА (мизбон), Умон, Ҳиндустон, Қирғизистон.

Гурӯҳи F: Урдун (мизбон), Фаластин, Туркманистон.

Минтақаи Шарқ

Гурӯҳи G: Австралия, Чин, Индонезия (мизбон), Бруней.

Гурӯҳи H: Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур (мизбон), Тимори Шарқӣ, Филиппин.

Гурӯҳи "I": Ветнам, Мянмар, Ҳонконг, Тайбэйи Чин (мизбон).

Гурӯҳи J: Тайланд, Малайзия, Лаос, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи "К": Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Камбоҷа.

XS
SM
MD
LG