Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии "Хуҷанд" дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон


Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд.
Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд.

Рӯзҳои 10-11-уми июл бозиҳои даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Се бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва як дидор бо ғалабаи меҳмонон анҷом пазируфт, як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

«Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Бо ҳамин ҳисоб «Эсхата»-и Хуҷанд бар дастаи меҳмон - «Файзканд»-и Восеъ ва «Равшан»-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бар «Хатлон»-и Бохтар пирӯз шуданд. «Душанбе»-и шаҳри Душанбе дар майдони худ бар «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Бозӣ миёни дастаҳои ССКА-и Душанбе ва «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол ба охир расид.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа «Хуҷанд» бо 25 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. «Эсхата» бо 20 имтиёз ба зинаи дувум баромад. «Истаравшан» бо 19 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад.

Бозии мавқуфмондаи даври 4-уми мусобиқа миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хатлон» рӯзи чоршанбеи 14-уми июл доир мегардад. Бозиҳои даври 14-уми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 7-8-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 13-ум

«Хуҷанд» – «Истаравшан» – 1:0

Гол: Абдулмуъмин Забиров, 67 – аз пеналти.

Беҳтарин бозигари дидор: Далер Ёдгоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

10-уми июл. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 6700 тамошобин.

«Хатлон» – «Равшан» – 0:1

Гол: Анвар Муродов, 7.

Беҳтарин бозигари дидор: Анвар Муродов («Равшан»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

10-уми июл. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 4700 тамошобин.

«Душанбе» – «Кӯктош» – 2:1

Голҳо: Амирҷон Сафаров, 16 (0:1). Иззатулло Рӯзиев, 20 – аз пеналти (1:1). Амир Меъморӣ Манеш, 81 (2:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Амир Меъморӣ Манеш («Душанбе).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

11-уми июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

ССКА – “Истиқлол” – 0:0

Беҳтарин бозигари дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев (ССКА).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

11-уми июл. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 200 тамошобин.

«Эсхата» – «Файзканд» – 1:0

Гол: Мубинҷон Муъминов, 67.

Беҳтарин бозигари дидор: Мубинҷон Муъминов («Эсхата»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

11-уми июл. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 3000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

12

8

1

3

26-13

25

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

13

6

2

5

22-25

20

3

«Истаравшан» (Истаравшан)

13

5

4

4

14-12

19

4

«Истиқлол» (Душанбе)

9

5

3

1

20-6

18

5

«Хатлон» (Бохтар)

12

4

5

3

14-12

17

6

«Равшан» (Кӯлоб)

12

4

4

4

15-15

16

7

«Файзканд» (Восеъ)

12

3

4

5

10-13

13

8

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

13

3

4

6

17-25

13

9

«Душанбе» (Душанбе)

13

3

4

6

17-28

13

10

ССКА (Душанбе)

13

2

5

6

14-20

11

Нишонзанҳо: Акобир Тураев («Эсхата») – 8 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан»), Артём Сердюк («Хуҷанд») – 7-тӯбӣ, Рустам Соиров («Истиқлол»), Абдухалил Боронов («Файзканд»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 6-тӯбӣ.

Бозии мавқуфмондаи даври 4-ум

14-уми июл (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

«Истиқлол» – «Хатлон»

Даври 14-ум

7-уми август (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:30

«Истаравшан» – «Эсхата»

ССКА – «Хатлон»

8-уми август (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:30

«Истиқлол» – «Файзканд»

«Кӯктош» – «Хуҷанд»

«Равшан» – «Душанбе»

XS
SM
MD
LG