Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои дипломатии Кобулу Исломобод зимни рабуда шудани духтари сафири Афғонистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ин шабу руз миёни Афғонистон ва Покистон ҷанҷоли дигаре бархостааст. Ин бор пархош сари ҳимояти Покистон аз Толибон нест, балки ҳоло Кобул Покистонро дар бадрафторӣ бо духтари сафири худ дар Исломобод гунаҳкор мекунад. Дар ҷавоб раиси ҷумҳури Афғонистон сафир ва дигар дипломатҳои баландпояи кишварашро пас хондааст. Ҳоло воқеаи рабуда шудани духтари сафири Афғонистон дар Покистон боиси ҷанҷоли дипломатӣ миёни ду кишвар шудааст.

Се руз пеш Силсила Алихел аз сӯи одамони номаълум рабуда ва шиканҷа шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон мегӯяд, ки ӯ рӯзи ҷумъа замоне рабуда шудааст, ки аз бозор ба хона бармегашт. Сафири Афғонистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии духтараш хуб аст.

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон рӯзи якшанбеи 18-уми июл гуфт, ки президент Ғанӣ ба вазири корҳои хориҷии он кишвар дастур додааст, ки то ҷазо гирифтани онҳое, ки Силсила Алихелро рабудаанд, сафир ва дипломатҳои дигари афғон ба Кобул фаро хонда шаванд.

Дар ин байн, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон дар "Твиттер"-и худ навишт, ки "рабуда ва шиканҷа шудани духтари сафири Афғонистон равони миллати моро захмӣ кардааст. Равони миллии мо захмӣ шудааст".

Вазорати корҳои хориҷии Покистон шаби гузашта аз тасмими раиси ҷумҳури Афғонистон дар робита ба фаро хондани сафири худ аз Исломобод, ибрози таассуф кардааст. Тибқи ин баёния, вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ бо Наҷибуллоҳ Алихел, сафири Афғонистон мулоқот кардааст. Мақомоти покистонӣ умедворӣ кардаанд, ки ҳукмати Афғонистон қарори худро бознигарӣ мекунад.

Толибон ҳам дар вокуниши худ гуфтаанд, ки рабуда шудани як духтари афғон дар Покистон коре зидди ислом ва башарият аст ва бо шиддат онро маҳкум мекунанд. Муҳаммад Наъим, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар шаби гузашта дар паёми твиттерӣ аз ҳукумати Покистон хост, ки ҳарчӣ зудтар касонеро, ки дар рабуда шудани духтари сафири Афғонистон дар Покистон даст доранд, боздошт кунад ва ҷазо диҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон рӯзи шанбе сафири Покистон дар Кобулро ба ин вазоратхона даъват кард ва эътирози сахти худро ба ӯ расонд.

Имрон Хон, сарвазири Покистон ба вазири дохилии худ дастур додааст то ин масъаларо дар давоми 48 соат ҳал кунад. Шайх Рашид Аҳмад, вазири корҳои дохилии Покистон ба хабарнигорон гуфт, ки вобаста ба ин воқеа се ронандаи таксӣ бозҷӯӣ ва таҳқиқ шуда, ин парванда ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.

Шайх Рашид афзуд, "суханони ҳар се ронанда мавҷуд аст. Чизе ки духтари сафир гуфтааст, низ дар парванда сабт шудааст. Онҳо шикоят кардаанд ва мо онро сабт кардаем. Дастури нахуствазир ин буд, ки ин қазия дар 48 соат баррасӣ шавад, агар дар 48 соат нашуд, дар 72 соат такмил хоҳад шуд".

Рабуда шудани духтари сафири Афғонистон дар Исломобод вокунишҳои сахтеро дар дохил ва хориҷи Афғонистон барангехтааст. Рӯзи якшанбе садҳо нафар дар Кобул ва Нангарҳор раҳпаймоӣ карданд. Эътирозгарон гуфтанд, ки ҳукумати Покистон дар ин қазия даст дорад.

Покистон қаблан низ ба саҳлангорӣ дар таъмини амнияти дипломатҳои афғон муттаҳам шудааст. Абдулхолиқ Фароҳӣ, сафири пешини Афғонистон дар Исломобод соли 2008 рӯзона дар Пешовар рабуда шуд ва ду сол баъд дар натиҷаи амалиёти низомии печида, дар як минтақаи марзӣ раҳо карда шуд.

XS
SM
MD
LG