Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад


Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки аз 23-юми июл то 8-уми август дар Токио баргузор мешавад, Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунад.

Се нафари онҳо - Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, -90 кг), Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов (ҳарду оид ба шиноварӣ) – бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд.

Ҳафт нафари дигар - Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) - ҳарсе дар риштаи ҷудо, Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) - ҳарсе оид ба бокс, Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук – бори аввал дар Олимпиада иштирок хоҳанд кард.

Бо шарҳи ҳоли мухтасари варзишгароне, ки Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Токио намояндагӣ мекунанд, шинос шавед.

Баҳодур Усмонов (бокс)

21 декабри соли 1997 дар Душанбе таваллуд шудааст. Вазни то 63 кг. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон. Мураббӣ - Мирзо Шамсиев. Устоди варзиши Тоҷикистон дараҷаи байналмилалӣ. Дастовардҳо – медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ дар қаҳрамонии Осиё ва як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ.

Шаббос Неъматуллоев (бокс)

21 сентябри соли 1997 дар Душанбе таваллуд шудааст. Вазни то 81 кг. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон. Мураббӣ - Аббос Неъматуллоев (падар). Устоди варзиши Тоҷикистон дараҷаи байналмилалӣ. Дастовардҳо - медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон байни донишҷӯён, медали биринҷии қаҳрамонии Осиё.

Сиёвуш Зуҳуров (бокс)

5 январи соли 1993 дар Кӯлоб таваллуд шудааст. Вазни зиёда аз 91 кг. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Мураббӣ – Парвиз Аҳмадов. Устоди варзиши Тоҷикистон. Ғолиби чандинкаратаи қаҳрамонии Тоҷикистон, иштироккунандаи нахустин Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур.

Акмал Муродов (ҷудо)

14 январи соли 1994 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Вазни то 81 кг. Мураббӣ – Муҳаммад Абдураҳмонов. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Устоди варзиши Тоҷикистон дараҷаи байналмилалӣ. Дастовардҳо – медали нуқра дар қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон.

Комроншоҳ Устопириён (ҷудо)

7 январи соли 1993 дар ноҳияи Масчоҳ таваллуд шудааст. Вазни то 90 кг. Мураббиён – падараш Усто Устопиров, Воҳид Сарлак. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Устоди варзиши Тоҷикистон дараҷаи байналмилалӣ. Дастовардҳо – қаҳрамони дукаратаи Осиё, ғолиби як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ. Соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат варзидааст.

Темур Раҳимов (ҷудо)

8 июли соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Вазни +100 кг. Мураббиён - Муҳаммад Абдураҳмонов (дар дастаи мунтахаб), Суҳроб Абдураҳмонов. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон. Устоди варзиши Тоҷикистон. Дастовардҳо - ҷоизадори қаҳрамонии Осиё ва як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ.

Сомон Махмадбеков (ҷудо)

24 марти соли 1999 дар Иркутски Русия таваллуд шудааст. Вазни то 73 кг. Мураббиён - Муҳаммад Абдураҳмонов (дар ҳайати дастаи мунтахаб), Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо. Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон. Дастовардҳо - қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон, медали нуқра дар қаҳрамонии Осиё, ҷоизадори як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ.

Анастасия Тюрина (шиноварӣ)

27 сентябри соли 2001 дар Душанбе таваллуд шудааст. Тарзи озод, 50 м. Мураббӣ – Алишер Чингизов. Донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон. Соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат кардааст.

Олимҷон Ишонов (шиноварӣ)

21 июни соли 1998 дар Душанбе таваллуд шудааст. Тарзи озод, 50 м. Мураббӣ - Алӣ Сомон Мӯсоев. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон. Устоди варзиши Тоҷикистон. Соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия иштирок кардааст.

Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук)

1 марти соли 2000 дар Ҳисор таваллуд шудааст. Давидан ба масофаи 100 метр. Мураббӣ - Ғайрат Неъматов. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон. Устоди варзиши Тоҷикистон. Дастовардҳо - медали нуқра дар қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон.

XS
SM
MD
LG