Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик аз Токио бо чӣ бармегарданд? Пешбинии коршинос. САДО


Дар Бозиҳои ХХХII тобистонаи олимпӣ, ки 23-юми июл дар Токио, маркази Ҷопон, шурӯъ шуда, то 8-уми август идома хоҳад кард, Тоҷикистонро даҳ варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Се нафари онҳо -

  • Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, дзюдо), дар вазни 90 кило
  • Анастасия Тюрина
  • Олимҷон Ишонов (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) –

бори дуюм аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шудаанд. Ҳарсе соли 2016 дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия иштирок кардаанд.

Ҳафт нафари дигар -

  • Сомон Маҳмадбеков (дар вазни -73 кг),
  • Акмал Муродов (-81 кг),
  • Темур Раҳимов (+100 кг) - ҳарсе дар риштаи ҷудо,
  • Баҳодур Усмонов (-63 кг),
  • Шаббос Неъматуллоев (-81 кг),
  • Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) - ҳарсе оид ба бокс,
  • Илдар Аҳмадиев оид ба варзиши сабук (давидан ба масофаи 100 метр) – бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Оё варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио-2020 имкони гирифтани медалро доранд? Дар ин мавзуъ коршиноси соҳа Маҳмуд Абдуллоев ба пурсишҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Аз варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ дар Токио чӣ гуна натиҷаҳоро интизоред?

Маҳмуд Абдуллоев: Дар Олимпиадаи Токио варзишгароне, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон натиҷаҳои хуб ба даст меоранд, хеле каманд. Зеро ки аксари варзишгарони тоҷик бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд.

Маҳмуд Абдуллоев.
Маҳмуд Абдуллоев.

Аз чаҳор варзишгаре, ки дар мусобиқаи ҷудо (дзюдо) иштирок мекунанд, Комроншоҳи Устопириён таҷрибаи бой дорад. Ӯ дар Олимпиадаи пешин иштирок кардааст, қаҳрамони дукаратаи Осиё ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалист. Ба назари ман, Комроншоҳ метавонад, ба даврҳои дуюму сеюм роҳ пайдо кунад. Инчунин Темур Раҳимов ва Сомон Маҳмадбеков низ имкон доранд ба даврҳои баъдӣ роҳ ёфта, ба натиҷаҳои хуб ноил шаванд. Аммо бисёр чиз дар ҷудо (дзюдо) аз натиҷаҳои қуръакашӣ бастагӣ дорад. Агар дар даврҳои муқаддамотӣ рақиби аввалини паҳлавонони мо гуштингирони пурқуввату пуртаҷрибаву номдор ва дар рейтинги ҷаҳонӣ пешсаф шаванд, онҳоро мағлуб кардан ба гумон аст. Чунин ҳолат дар Олимпиадаи Рио-2016 бо Комроншоҳ рух дода буд, ки ӯ дар аввалин рақобаташ аз гуштингири машҳури гурҷӣ мағлуб гашт.

Аз байни муштзанҳо, ба фикри ман, Баҳодур Усмонов, собиқ қаҳрамони Осиё, имкони дохил шудан ба қатори даҳ беҳтаринҳои вазни худро дорад, вале ба гумон аст, ки ӯ ҷоизадори олимпӣ шавад.

Дар ду намуди дигар - шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод (Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов) ва варзиши сабук (давидан ба масофаи 100 метр, Илдар Аҳмадиев), ки аз рӯи квота дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзанд, натиҷаҳои баландро чашмдор шудан номумкин аст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Ба ин тартиб, ба назари Шумо варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Токио наметавонанд медал ба даст биёранд?

Маҳмуд Абдуллоев: Бале, ин ҳақиқати ҳол аст. Агар мо чаҳор медали дар замони Истиқлол дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба даст овардаи варзишгаронро таҳлил намоем, ба хулосае меоем, ки варзишгар дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон пеш аз Олимпиада кадом натиҷае ба даст оварда бошад, дар Бозиҳои олимпӣ низ ба ҳамон натиҷа мушарраф мешавад.

Гуштингирҳо Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов, муштзан Мавзуна Чориева дар Бозиҳои олимпӣ ба ҳамон натиҷае даст ёфтанд, ки қаблан дар чемпионати ҷаҳон ноил шуда буданд. Яъне дар Олимпиада ба мисли чемпионати ҷаҳон Юсуф медали нуқра, Расул ва Мавзуна медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Гурзандоз Дилшод Назаров пеш аз Олимпиадаи Рио-2016 дар чемпионати ҷаҳон медали нуқра гирифта буд. Дар Бозиҳои олимпӣ кораш хеле омад кард ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Вале он варзишгарони тоҷик, ки дар риштаҳои ҷудо ва бокс ба Олимпиадаи Токио роҳхат гирифтаанд, дар чемпионатҳои охирини ҷаҳон натавонистанд медал ба даст биёранд. Аммо дар варзиши касбӣ баъзан натиҷаҳои ғайричашмдошт ё чи тавре мегӯянд “сенсатсия” рух медиҳад. Ба ҳар ҳол ноумед намешавем.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG