Дар чанд ҷумла
Теъдоди низомиёни фавтидаи туркман ба 30 кас расид
Бархе аз ҷузъиёти марги 18 низомӣ дар Туркманистон дастраси расонаҳо шуд. Хешовандони фавтидагон гуфтанд, сабаби марги онҳо садамаи нақлиёт будааст. Манобеъ гуфтанд, дар он ҳодиса на 18, балки 30 низомӣ фавтидааст. "Ҳангоми аз нишебӣ фуруд омадан ронандаи КамАЗ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд ба мошине бархурдааст, ки аз муқобил меомад", - гуфтанд манобеъ. Дар пайи ин ҳодиса ҳамчунин 20 каси дигар дар бемористон бистарӣ шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 18 июл рух дод.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
"Ба таҳлука афтодаанд." Дар Тоҷикистон бо HIV чӣ гуна мубориза хоҳанд кард?
“Дар Тоҷикистон хатари аз даст додани пешрафтҳо барои коҳиши маргумир аз вируси норасоии масунияти бадан ё HIV вуҷуд дорад.” Мутахассисони UNAIDS ё Барномаи Созмони Милал дар мавриди мубориза бо ВИЧ/СПИД дар ин бора изҳорот додаанд. Гузориши онҳо рӯзи 30-юми ноябр нашр шуд.
Таваҷҷуҳ ба ин масъала имсол бо сабаби коҳиши маблағгузории барномаҳои мубориза бо ВИЧ/СПИД, ки як бахше аз корҳои Оҷонси рушди байнулмилалии ИМА ё USAID мебошад, боло гирифт.
Гузориши UNAIDS мегӯяд, қатъи маблағгузорӣ бештар ба кори созмонҳои иҷтимоие ба мисли Шабакаи занони гирифтори ВИЧ/СПИД ва ё “Спин Плюс” дар Тоҷикистон таъсир расондааст. “Ҳоло ин талошҳо таҳти хатар ҳастанд,” -- менависад UNAIDS.
Таҳмина Ҳайдарова, раиси Шабакаи занони гирифтори ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон гуфтааст, “мардум дар таҳлука афтодаанд. Агар хадамоти мо баста шавад, занони гирифтори HIV, оилаҳое бо кӯдакони гирифтори ин вирус... дигар ҷое барои муроҷиат кардан намеёбанд.”
Таҳмина Ҳайдарова ва Пӯлод Ҷамолов аз гирифториашон ба бемории ВИЧ/СПИД ошкоро суҳбат карда, барои ёрӣ ба ҳамқисматони худ созмонҳои иҷтимоӣ таъсис додаанд. Онҳо мегӯянд, талошҳои бисёрсола барои аз байн бурдани стигма ва ёрӣ ба гирифторони вирус метавонанд аз даст раванд.
Ҳайдарова мегӯяд, 97 дарсади занони олуда ба HIV дар Тоҷикистон ҳатто аз хешовандони наздиктарин бемории худро пинҳон медоранд. 64%-и онҳо гуфтаанд, ки бо сабаби доштани ин вирус “бо табъйизи ходимони тиб дучор шудаанд”.
Масалан, Шабакаи занони гирифтори ВИЧ/СПИД ба зане ёрӣ додааст, ки бо сабаби гирифториаш ба HIV дандонпизишке аз муолиҷаи дандони дардманди ӯ парҳез кардааст. Муроҷиати ин зан ва созмон ба додгоҳе дар Тоҷикистон барои тантанаи адолат мусоидат намуд.
Пӯлод Ҷамолов мегӯяд, дар натиҷа “ин нафарон танҳо ба созмону гурӯҳҳои мисли мо эътимод мекунанд. Мо бо кори худ ба мушкилтарин нуқтаҳое ба мисли зиндону деҳоти дурдаст дастрасӣ дорем. Бе иштироки мо ин мардум дар канор гузошта мешаванд”, -- мегӯяд Ҷамолов.
UNAIDS навиштааст, дар Тоҷикистон ҳарчанд мавридҳои маргумир аз HIV аз соли 2020 ду баробар кам шудааст, 60% маблағгузории барномаҳои ёрӣ дар ин кишвар ҳамоно аз донорҳои байнулмилалӣ вобаста мебошад. 20%-и ин маблағҳо то январи имсол тавассути барномаи PEPFAR таъмин мешуд, ки онро дар навбати худ USAID дастгирӣ мекард.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳатто коҳиши 10-20-дарсадии маблағгзуории барномаҳои мубориза бо СПИД боис ба афзоиши 135-дарсадии олудашавӣ ва 5% афзоиши мавридҳои марг бар асари ин беморӣ мегардад.
Соли ҷорӣ бори аввал ҳукумати Тоҷикистон маблағгузории 10%-и доруҳои зидди ретровирусиро ба ӯҳда гирифт, вале UNAIDS мегӯяд, “бидуни ёрии сармоягузорон, ҳукуматҳо ва шарикони байнулмилалӣ дастовардҳо метавонанд аз байн раванд.”
Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД навишт, дар Тоҷикистон то поёни сентябри соли ҷорӣ беш аз 13 ҳазор шахси олуда ба HIV сабт шудааст, ки беш аз 7 ҳазор нафари онҳо мард мебошанд.
“Чораи зарурӣ андешед.” Талаби сафорати Чин аз мақомоти тоҷик
Сафири Чин дар Тоҷикистон, Го Чжизюн, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки барои таъмини амнияти ширкат ва шаҳрвандони чинӣ “тамоми чораҳои заруриро биандешанд”. Дар ин бора вебсайти сафорати Чин дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми декабр хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Чжизюн дар пайи ҳамла ба роҳсозони чинӣ дар ноҳияи Дарвоз “ба таври фаврӣ” бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини аввали раиси КДАМ Фарҳод Камолзода гап задааст.
Дар баёнияи сафорати Чин омадааст, ки “Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳрвандони Чинро қотеона маҳкум намуда, изҳор дошт, ба талабҳои Чин аҳамияти калон медиҳад ва барои ҳимоят аз ширкату шаҳрвандони чинӣ билофосила чораҳои амниятиро тақвият медиҳад”.
Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди тамоси сафири Чин ва ҷузъиёти гуфтугӯи онҳо хабар надодааст.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи Global Times рӯзи якуми декабр навишт, ки дар муроҷиате тавассути шабакаи WeChat аз шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон хоста шудааст, сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро тарк кунанд ва ё аз сафар ба онҷо худдорӣ намоянд.
Дар як ҳафтаи охир аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон ду ҳамла анҷом шудааст. Дар ҳарду ҳодиса панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ гаштаанд. Онҳо дар як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ширкати роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз кор мекарданд.
Тоҷикистон ҳамлаҳоро дар марз “амали террористӣ” номид
Нерӯҳои марзбонӣ, як ниҳоди вобаста аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамла ба роҳсозони чиниро дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон тасдиқ кард ва онро "кори аъзои гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ" номид, вале аз ҳеч созмоне ном нагирифт.
Радиои Озодӣ қаблан бо такя ба манобеаш гузориш дод, ки дар ҳамлае шоми 30-юми ноябр дар деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвоз ду шаҳрванди Чин кушта шудаанд.
Нерӯҳои марзбонӣ дар изҳороте аз 1-уми декабр гуфт, дар ин ҳамла, ки "аз ҳудуди деҳаи Рузваяки вилояти Бадахшони Афғонистон сурат гирифт", ду коргари ширкати “China Road and Bridge Corporation” низ маҷруҳ гаштаанд.
“Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими сарҳади давлатӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандони кишвар ва хориҷӣ чораҳои иловагӣ меандешад,” -- гуфта шудааст дар изҳорот. Маълум нест, чораҳои иловагӣ аз чӣ иборат хоҳад буд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин аз ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон хостаанд, ки “ҷиҳати таъмини амну субот дар хатти сарҳади давлатии ду кишвар ва дастгир намудани афроди ба ин амалҳои мудҳиш дастдошта тадбирҳои муассири саривақтӣ андешанд.”
Дар ҳамин ҳол, телевизиони “Тулуъ” ба нақл аз Эҳсонуллоҳ Комгор, сухангӯйи фармондеҳии Бадахшони Афғонистон, гуфтааст, ки дар пайванд ба ҳамла ба коргарони чинӣ ду нафар дастгир шудааст.
Дар як ҳафтаи охир ин ҳамлаи дувум аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон аст. Дар умум, ба иттилои расмӣ, дар ҳарду ҳодиса панҷ шаҳрванди Чин кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.
Аз ин пеш, шаби 26-уми ноябр, дар як ҳамла ба қароргоҳи як корхонаи заршӯйӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ки ба гуфтаи мақомот аз сӯи Афғонистон анҷом шуд, 3 шаҳрванди Чин кушта шуданд. Захмиҳо низ ҳастанд.
Баъди ба сари қудрат омадани "Толибон" заршӯӣ ва истихроҷи тило дар соҳили дарёи Панҷ зиёд шуд. Дар баробари шаҳрвандони Афғонистон чиниҳо ҳам дар он ҷо тило меҷӯянд ва гурӯҳе аз онҳоро ба далели убури ғайриқонунии марз боздошт ҳам кардаанд.
Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, феълан “вазъ дар сарҳад ором ва зери назорат аст” ва ҳамзамон таҳқиқи ҳодисаҳо идома дорад.
Ба сокинон гуфтанд, дар як вақт аз 4 киловат зиёд барқ истифода набаранд
Масъулони Шабакаҳои тақсими барқ бо фиристодани паёмак ба мардум, аз ҷумла сокинони Душанбе, ҳушдор додаанд, ки агар онҳо дар як вақт аз 4 киловат бештар барқ истифода баранд, интиқоли барқ ба хонаҳояшон барои 30 дақиқа ба таври худкор қатъ мегардад. Ин муроҷиат ба сокиноне рабт дорад, ки аз ҳисобгираки якфаза (220В) истифода мебаранд.
Аз мардум хоста шудааст, ки дар як вақт аз чанд дастгоҳи барқӣ, ба мисли уту (дарзмол), печҳо ва дастгоҳи ҷомашӯӣ истифода накунанд.
Мақомот зарурати кам кардани истифодаи барқро ба камшавии об дар дарёҳо рабт додаанд, ки ба гуфтаи онҳо ба ҳаҷми истеҳсоли он таъсир расондааст.
Шабакаҳои тақсими барқ дар паёмак ба сокинон гуфтааст, ин чораҳо муваққатӣ буда, барои сарфаи об роҳандозӣ шудаанд.
Ҳафтаҳои охир сокинони зиёде дар Душанбе аз мушкили бебарқӣ ва ҷорӣ шудани маҳдудият ё лимити шадид шикоят доранд. Дар бисёре аз ноҳияву минтақаҳои дигари Тоҷикистон сокинон мегӯянд, дар шабонарӯз ҳамагӣ 1-3 соат барқ доранд.
Дар як номаи дигар, ки бо имзои раҳбари Шабакаҳои тақсими барқ ба мақомоти зертобеи он фиристода шудааст, гуфта шудааст, ки барқ тавассути ҳисобкунакҳои ҳушманд "мувофиқи навбат ва бо тартиби муайян аз системаи биллингӣ хомӯш карда мешавад".
Дар ин нома, ки нусхаи он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дастур шудааст, ки барқи корхонаҳои давлатӣ ва идораҳои буҷавӣ аз соати шаши бегоҳ то оғози рӯзи корӣ қатъ шавад. Ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати саркашӣ аз ин дастур, шахсони масъул ҷазо хоҳанд гирифт.
Вазорати мудофеа аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳии сокинон ба артиш хабар дод.
Ин ниҳод рӯзи 29 ноябр бо нашри иттилоияе гуфт, нақшаи даъват дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар пурра иҷро шудааст.
Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз якуми октябри оғоз шуд.
Вазорат аз чанд вилояту ноҳия барои иҷрои пеш аз мӯҳлати нақша тавсиф кардааст. Ин ниҳод таъкид кардааст, ки бо талоши комиссияҳои даъватӣ ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба Артиши мепайванданд, сол то сол зиёд мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар ин даъват ҳам шикоят аз сарбозшикор кам набуд. Сокинон аз шаҳру минтақаҳои кишвар аз "облава" ва фишори мақомот норозигӣ мекарданд ва чанд ҳодисаи бо зӯр ва маҷбурӣ ба хидмат бурдани ҷавонон ҳам ба шабакаҳо роҳ ёфт.
Аз ҷумла, дар моҳи октябри имсол наворе пурбаҳс шуд, ки ба гуфтаи муаллифаш, лаҳзаи "облава"-и як ҷавон дар шаҳри Кӯлоб аст.
Вазорати дифои Тоҷикистон дар вокуниш гуфт, ҳодиса сарбозшикор набуд, балки лаҳзаи боздошти як гумонбар дар фурӯши маводи мухаддир буд.
Аммо наздикони ҷавони боздоштшуда даст доштани ӯ дар фурӯши маводи мухаддирро рад карда буданд.
Нерӯҳои амниятии Озарбойҷон раҳбари ҳизби мухолифро дастгир кардаанд
Намояндагони ҳизби Ҷабҳаи мардумӣ, созмони умдаи мухолиф дар Озарбойҷон, 30-юми ноябр иддао карданд, ки раҳбари ин ҳизб дастгир шудааст.
Онҳо гуфтанд, мақомот зимни амалиёт рӯзи шанбе хонаи ӯро дар шаҳри Боку кофтукоб карданд ва аз он замон ҷойи будубоши Алӣ Каримлӣ маълум нест.
Писари Маммад, як узви раёсати ҳизб, дар Фейсбук навиштааст, ки беш аз даҳ маъмури амниятӣ хонаи падари ӯро низ кофтукоб карданд. Турон Иброҳим афзудааст, “онҳо телефон ва компютерро гирифта, ба макони номаълум бурданд”.
Чанд узви дигари ҳизби Ҷабҳаи мардумӣ дар Озарбойҷон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пиромуни таъқибу назорати бештар шикоят карданд.
Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои амниятии Туркия Гултекин Ҳоҷибейлӣ, як фаъоли дигари сиёсии Озарбойҷон (узви Маркази ҳамоҳангсозии Шӯрои миллии нерӯҳои демократӣ)-ро дастгир карданд.
Ҳоҷибейлӣ шоми 28-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯро дар Боздоштгоҳи Истанбул ҷойгир кардаанд. Дертар ҳамкоронаш гуфтанд, ӯро пайдо карда натавонистанд.
Расонаҳои тарафдори ҳукумати Озарбойҷон ва матбуоти дигар гузориш доданд, ки эҳтимол Истанбул хонум Ҳоҷибейлиро ба Боку таслим кунад.
"Хиёнат, ҳамкорӣ ва сафар ба Душанбе." Ихроҷи се узви "Гурӯҳи 24"
"Гурӯҳи 24", ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар ҳудуди кишвар мамнуъст, дар як моҳи охир се узви созмонро аз сафаш берун кардааст.
Масъулони созмон дар эъломияе Қурбоналӣ Орифов ва Мустафо Ҳаётовро ба "риоя накардани оиннома ва боло гузоштани манфиатҳои шахсӣ аз манофеи умумии ҷунбиш" гунаҳкор донистанд.
Ба иддаои онҳо, аввалӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва дувумӣ дар Фаронса паноҳанда ҳастанд. Мустафо Ҳаётов дар вокуниш ба қарори Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Фейсбук навиштааст, “ҳаргиз дар ин роҳи душвор ҳадафи шахсӣ надоштам. На мансаб мехостам, на шуҳрату салтанат."
Ин фаъоли “Гурӯҳи 24”-ро соли 2019 аз Лаҳистон (Полша) ронда буданд ва ӯ дар рӯзҳои аввали расиданаш ба Тоҷикистон дар наворе иддао кард, ки дар озодист. Дар бораи сарнавишти баъдияш иттилое дар даст набуд.
Қурбоналӣ Орифов дар саҳифааш дар Фейсбук ҳанӯз дувуми ноябр гуфтааст, ки “бо хоҳиши худ” аз сафи “Гурӯҳи 24” берун шуд: “Сабаби ин қарор на ихтилоф, балки танҳо дидгоҳи шахсӣ ва хоҳиши идомаи кори мубориза дар шакли озодтар аст. Мо ҳама як ҳадаф дорем, озодии миллат ва поёни зулм. Фақат роҳҳо ва шаклҳои муборизаи мо метавонанд гуногун бошанд."
Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” далели ихроҷи Туйчӣ Маллоев, узви дигари созмонро “хиёнат ба арзишҳо ва ҳадафҳои мубориза, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии режими диктатории Раҳмон ва сафари ӯ ба шаҳри Душанбе” номидааст.
“Амали мазкур на танҳо бар зидди меъёрҳои дохилӣ, балки бар хилофи усулҳои асосии муборизаи сиёсӣ ва эътимоди аъзои ҳаракат мебошад,” – гуфта шудааст дар эъломияи созмони “Гурӯҳи 24”.
“Гурӯҳи 24” мегӯяд, яке аз қарорҳо рӯзи 10 ва дигаре рӯзи 12-уми ноябр содир шуд ва ин се нафар аз лаҳзаи тасдиқи қарор, “дигар намоянда ва узви ҳаракат нестанд ва ҳаракат масъули ягон амал, изҳорот ва фаолиятҳои минбаъдаи онҳо намебошад”.
Бори аввал нест, ки “Гурӯҳи 24” баъзе аз аъзои худро аз сафаш берун мекунад. Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” моҳи августи соли 2024 эълом кард, ки узвияти Убайдулло Носиров, машҳур ба Убайдулло Саидиро “бо сабаби пойбанд набудан бо оинномаи ҳаракат” бекор кард. Саидӣ даъво дошт, ки “ғайриқонунӣ” ронда шудааст ва дертар созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон"-ро фаъол кард.
Фаъолияти “Гурӯҳи 24”, ҷунбиши мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ”-ст. Масъулонаш созмонро сиёсӣ ва фаъолияти онро дурусту қонунӣ медонанд. То ин дам бо гуноҳи пайравӣ аз “Гурӯҳи 24” даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархе ба муддати дароз зиндонӣ шудаанд. Созмонро соҳибкор ва муҳандис Дилшод Шарифов раҳбарӣ мекунад.
Финландия дар соли 2026 сафораташро дар се кишвар мебандад
Финландия эълон кард, ки сафораташро дар Афғонистон, Покистон ва Мянмар мебандад.
Вазорати корҳои хориҷии Финландия дар изҳороте аз 28-уми ноябр далелҳои ин иқдомро "дипломатӣ" номид ва гуфт, он дар соли 2026 ба иҷро хоҳад даромад.
Дар баёния аз ҷумла гуфта мешавад, "ин далоил ба дигар шудани вазъи сиёсии кишварҳо ва равобити андак ё маҳдуди тиҷоратӣ ва иқтисодии онҳо бо Финландия пайванд дорад."
Баъди ба қудрат расидани гурӯҳи "Толибон", бисёре аз кишварҳои аврупоӣ сафорату консулгариҳои худро дар Афғонистон бастаанд.
Боздошти як шаҳрванди дигари Афғонистон дар Амрико
Вазорати амнияти дохилии Амрико як шаҳрванди Афғонистонро бо гумони таҳдиди таркондани биное дар Техас боздошт кардааст.
Тришиа Маклафлин, ёвари вазири амнияти дохилии ИМА, рӯзи 29-уми ноябр дар шабакаи иҷтимоии "X" (Твиттер) ӯро "Муҳаммад Довуд Алокозай" муаррифӣ кард.
Вай навишт, Алокозай дар як навор дар ТикТок таҳдид кардааст, ки биноеро дар минтақаи Fort Worth дар Техас хоҳад тарконд.
Маклафлин гуфт, ин гумонзад як рӯз қабл аз ҳамлаи Раҳмонуллоҳ Лаканвол, як шаҳрванди дигари Афғонистон, ба ду сарбози Горди миллии Амрико боздошт шудааст.
Лаканволро рӯзи 26-уми ноябр бо иттиҳоми тирандозӣ ба ду сарбози Горди миллии Амрико дар Вашингтон дастгир карданд.
Ин ҳодиса боис гардид, ки Амрико дархости муҳоҷирати афғонҳоро ба Иёлоти Муттаҳида боздорад.
Ҳушдори сафорати Амрико дар Душанбе дар бораи "Green Card”
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон эълон кард, ки ба зудӣ дар бораи барномаи DV2027 ё даври навбатии озмуни "Green Card” маълумот дода мешавад. Ин ниҳод бо нашри баёнияе рӯзи 29-уми ноябр ба сокинон ҳушдор додааст, ки эҳтиёт кунанд ва ба “миёнаравоне, ки иддао доранд, сабтином... аллакай оғоз шуд” бовар накунанд.
Сафорат ҳамчунин аз оғози муборизаи ҳукумати Амрико бо қаллобӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ хабар додааст. Ба иттилои ин ниҳод, рӯзҳои наздик тариқи сомонаҳои расмии Иёлоти Муттаҳда дар бораи сабти дархост барои "Green Card" маълумот дода мешавад. Ин ниҳод таъкид кардааст, ки корбарон бояд фақат ба сомонаҳое бовар ва такя кунанд, ки дар охираш навиштаи ".gov" доранд.
Солҳои пеш озмун барои дархости "Green Card" дар аввали моҳи октябр эълон мешуд, вале имсол рӯзи дақиқи он маълум нест. Хоҳишмандони зиёде дар Тоҷикистон оғози сабтином барои корти сабзро интизоранд ва бо вуҷуди он ки санаи он маълум нест, аз пеш дар марказҳои махсуси хидматрасонӣ навбат гирифтаанд.
Амрико барои муҳоҷирон кишвари фурсатҳо ва ҷойи кору ояндаи хубе арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, аз ҳар гӯшаи дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, бо ҳар роҳе талош мекунанд, ба ин кишвар бирасанд.
Аз Тоҷикистон соли гузашта наздики се ҳазор нафар барандаи лотерея шуданд.
Департаменти давлатии Амрико барои хоҳишмандони ширкат дар бахтозмоӣ ё лотереяи ҳаққи иқомат дар Амрико ё “Грин корт” бори аввал пардохти ҳатмие ба миқдори 1 доллар ҷорӣ намуд.
Чин аз шаҳрвандонаш хост, аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон берун шаванд
Дар пайи ҳамлаи маргбор ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва кушта шудани се нафар, Чин аз шаҳрвандонаш хостааст, аз минтақаи марзӣ берун шаванд. Дар ин бора хабаргузории "Ройтерз" бо истинод ба сафорати Чин дар Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин ҳамлаи мусаллаҳона, ки шаби 26-уми ноябр ба қароргоҳи як корхонаи заршӯӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз кишвари ҳамсоя анҷом шуд, 3 шаҳрванди Чин кушта шуда, як корманди дигари чинӣ дар ҷараёни тирандозӣ сахт захмӣ шудааст.
Бино ба навиштаи "Ройтерз" мақомоти Чин аз Душанбе хостаанд, ҳодисаро таҳқиқ кунад.
Чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамлаи маргбор дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро теpрористӣ хонда, шадидан маҳкум карданд.
Бино ба навиштаи рӯзномаи “Кайҳон” Исмоил Бақоӣ, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба хонаводаи кушташудаҳо изҳорӣ ҳамдардӣ карда, ба ҳамбастагии Эрон бо ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин таъкид кардааст.
Ин мақомдори эронӣ ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба барои мубориза бо чунин ҳамлаҳо ишора кардааст.
Вазорати умури хориҷии Покистон ҳам рӯзи 28-уми ноябр кушта шудани се шаҳрванди чинӣ дар Тоҷикистонро «ҳамлаи шариронаи террористӣ» ва таҳдиди ҷиддӣ бархоста аз хоки Афғонистон хонда, маҳкум кардааст.
Вазорат бо нашри як баёнияи расмӣ ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ ва ҳамраъй кардааст. Дар ин баёния омадааст, истифода аз паҳподҳои ҷангӣ дар ин рӯйдод, умқи таҳдид ва «ҷасорати гурӯҳҳое»-ро нишон медиҳад, ки дар дохили Афғонистон фаъолият мекунанд.
Вазорати умури хориҷии Покистон ҳамчунин гуфтааст, ки мардуми ин кишвар дарду ранҷи Чин ва Тоҷикистонро дарк мекунанд, зеро худ «борҳо қурбонии ҳамлаҳои террористӣ созмондиҳишуда аз хоки Афғонистон» шудаанд.
Толибони ҳоким дар Афғонистон ҳам бо нашри як баёнияе гуфтаанд, ки “ба хотири рӯйдоди ногувори кушта шудани се табааи кишвари Чин дар минтақаи Шамсуддин Шоҳин вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамдардии худро бo Ҷумҳурии Халқи Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорад ва ин рӯйдодро бо шадидтарин алфоз маҳкум мекунад.”
Дар баёнияи Ҳафиз Зиё Аҳмад, сухангӯи вазорати умури хориҷии Толибон, ки дар шабакаи иҷтимоии Х нашр шудааст, омадааст, “бар асоси арзёбии аввалия ва иттилоот ба дастомада аз ниҳодҳои амниятии Толибон дар ин рӯйдод доираҳое “даст доранд, ки барои эҷоди ошӯб, бесуботӣ ва доман задан ба беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа талош мекунанд.” Дар ин баёния аз ҳеч гурӯҳ, ё ҳалқае ном набурда, Толибон гуфтааст, бо ҳукумати Тоҷикистон дар шиносоии омилони ҳамла ҳамкорӣ хоҳад кард.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки шаби 26-уми ноябр дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба қароргоҳи як корхонаи заршӯӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин се коргари чинӣ кушта шуданд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, яке дигар аз шаҳрвандони Чин дар ин ҳамла захмӣ шудааст.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, ҳамла бо аслиҳаи оташфишон ва зоҳиран паҳпод ё дронҳои хурди қотил сурат гирифтааст. Вазорат ҳамларо қотеона маҳкум карда аз Толибони ҳоким дар Афғонистон хостааст, ҷиҳати таъмини суботу амният дар сарҳад “тадбирҳои муассир биандешад.”
Раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина истеъфо дод
Раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина аз мақомаш истеъфо дод. Дар ин бора Владимир Зеленский дар як муроҷиаташ ба сокинони ин кишвар хабар дод.
Субҳи ҷумъа, 28-уми ноябр Идораи миллии мубориза бо коррупсия дар Украина ва Додситонии махсуси зидди коррупсия хонаи Андрей Ермакро тафтиш ва ҷустӯҷу кардаанд. Расонаҳои Украина бо такя ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки ҳанӯз муфаттишон ба Ермак нагуфтаанд, ки ӯро ба чӣ гумонбар медонанд.
Маълум нест, ки ҷустӯҷуҳо ба чӣ сабаб сурат гирифтаанд. Зоҳиран он ба амалиёте бо номи “Мидас”, ки аз сӯйи Идораи миллии зидди фасоди Украина барои ришвахорӣ дар самти энержӣ гузаронида мешавад, рабт дорад. Гумонбари аслӣ дар ин қазия, соҳибкор Тимур Миндич аст, ки Украинаро тарк кард. Вай аз ҳалқаҳои наздик ба президент Владимир Зеленский будааст.
Андрей Ермак яке аз мансабдорони бонуфузи Украина аст. Расонаҳо аз ӯ шахси дуввуми кишвар ҳам ном мебурданд. Вай соли 2020 раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии таъин ва яке аз афроди наздики Владимир Зеленский шуд. Ҳафтаи гузашта Ермак ҳайати музокиротии Украинаро дар гуфтугӯҳо бо Амрико дар Женева дар бораи поён додан ба ҷанг роҳбарӣ мекард.
Пас аз сар задани моҷаро оид ба ришвахорӣ дар бахши “Энергоатом” мухолифони Зеленский ва бархе аз муттаҳидонаш истеъфои Ермакро талаб карданд, вале рӯзи 20-уми президент таъкид карда буд, қасди тағйири раҳбари дастгоҳашро надорад.
Трамп амр дод, ки дорандагони "Green Card" аз 19 кишвар санҷида шаванд
Дар пайи ҳамла ба сарбозони Горди Миллӣ дар ИМА, Доналд Трамп амр дод, ки "Green Card" ё кортҳои сабзи пешниҳодшуда ба зодагони 19 кишвари “мушкилзо” бозбинӣ шаванд.
Ин тасмим ҳам пас аз он гирифта шуд, ки дар ҳамлаи як муҳоҷир аз Афғонистон дар Вашингтон ба сарбозони Горди Миллӣ, як нафар ҳалок ва як тани дигар маҷруҳ шуд. Дар пай президенти Амрико хост, сиёсати муҳоҷират тағйир дода шавад.
Ҷо Эдлоу, раҳбари Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати ИМА дар изҳороте дар саҳфаи “X” навишт: “Бо дастури президент ман супориш додам, ки ҳар як грин корте, ки ба шаҳрвандони кишварҳои мавриди нигаронӣ дода мешавад, ҷиддан ва ҳамаҷониба санҷида шавад. ”
Ба суол дар бораи ин, ки кадом кишварҳо ба ин феҳраст шомил хоҳанд шуд, ин ниҳод ба баёнияи президент дар моҳи июни соли равон ишора кардааст, ки ба 19 кишвар, аз ҷумла як давлати Осиёи марказӣ равона шудааст.
Ба ин феҳраст аз ҷумла кишварҳое чун, Афғонистон, Мянмар, Ҷумҳурии Конго, Гвинея, Эрон, Сомалӣ, Судон, Яман, Венесуэла ва Туркманистон шомиланд. Бар асоси ин қарор, вуруди шаҳрвандони 19 кишвар ба Амрико қисман ё пурра маҳдуд шудааст.
Русия даҳҳо ҳазор патентро бекор кардааст. Сабаб чист?
Вазорати корҳои дохилии Русия аз аввали соли ҷорӣ тақрибан 60 000 иҷозатномаи кори муҳоҷирон ё патентро беэътибор кардааст. Дар ин бора муовини дабири Шӯрои амнияти Русия Александр Гребенкин дар сӯҳбаташ бо "Российская газета" баён доштааст.
Сабаби бекор шудани ин теъдод иҷозатнома, пешниҳод накардани маълумот дар бораи фаъолияти меҳнатӣ мебошад. Ин мақомдор ёдовар шудааст, ки сар аз соли 2024 муҳоҷирон баъди дарёфти патент бояд дар давоми ду моҳ ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи ҷои корашон хабар диҳанд.
Дар акси ҳол, патент беэътибор дониста мешавад ва барои ҳузури муҳоҷирон дар қаламрави ин кишвар асос шудан наметавонад.
Дар Русия шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ надоранд, ки бе патент кор кунанд. Парвонаи кор бояд мунтазам дароз ва пули ҳармоҳаи он пардохт карда шавад, вагарна, шаҳрванди хориҷӣ ҳаққи дарёфти даромади расмиро аз даст медиҳад.
Шуруъ аз 1-уми январи соли оянда пантент барои муҳоҷирони корӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия боло меравад. Аз ҷумла муҳоҷироне, ки дар Маскав кор мекунанд барои патент ба ҷои 8 ҳазору 900 рубл 10 ҳазор рубл пардохт хоҳанд кард.
Покистон ва ҳам Толибон ҳамла ба Тоҷикистонро маҳкум карданд
Вазорати умури хориҷии Покистон кушта шудани се шаҳрванди чинӣ дар Тоҷикистонро «ҳамлаи шариронаи террористӣ» ва таҳдиди ҷиддӣ бархоста аз хоки Афғонистон хонда, маҳкум кардааст.
Вазорат рӯзи 28-уми ноябр бо нашри як баёнияи расмӣ ҳамчунин ба ҳукумати Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ ва ҳамраъй кардааст. Дар ин баёния омадааст, истифода аз паҳподҳои ҷангӣ дар ин рӯйдод, умқи таҳдид ва «ҷасорати гурӯҳҳое»-ро нишон медиҳад, ки дар дохили Афғонистон фаъолият мекунанд.
Вазорати умури хориҷии Покистон ҳамчунин гуфтааст, ки мардуми ин кишвар дарду ранҷи Чин ва Тоҷикистонро дарк мекунанд, зеро худ «борҳо қурбонии ҳамлаҳои террористӣ созмондиҳишуда аз хоки Афғонистон» шудаанд.
Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки Покистон ҳамвора таъкид кардааст, ки хоки Афғонистон набояд ба пойгоҳи фаъолиятҳои террористӣ алайҳи ҳамсоягон ё ҳеч кишвари дигар табдил шавад. Вазорат гуфтааст, «истифодаи батакрори хоки Афғонистон тавассути гурӯҳҳои террористӣ ва ҳузури мудаввоми онҳо таҳти ҳимояти режими Толибон» нигаронии ҷиддӣ барои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ эҷод карда аст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки шаби 26-уми ноябр дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба қароргоҳи як корхонаи заршӯӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин се коргари чинӣ кушта шуданд. Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, яке дигар аз шаҳрвандони Чин дар ин ҳамла захмӣ шудааст.
Толибони ҳоким дар Афғонистон ҳам бо нашри як баёнияе гуфтаанд, ки “ба хотири рӯйдоди ногувори кушта шудани се табааи кишвари Чин дар минтақаи Шамсуддин Шоҳин вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тассалият ва ҳамдардии амиқи худро ба Ҷумҳурии Халқи Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорад ва ин рӯйдодро бо шадидтарин алфоз маҳкум мекунад.”
Дар баёнияи Ҳафиз Зиё Аҳмад, сухангӯи вазорати умури хориҷии Толибон, ки дар шабакаи иҷтимоии Х нашр шудааст, омадааст, “бар асоси арзёбии аввалия ва иттилоот ба дастомада аз ниҳодҳои амниятии Толибон дар ин рӯйдод “ҳалақоте даст доранд, ки барои эҷоди ошӯб, бесутботӣ ва доман задан ба беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа талош мекунанд.” Дар ин баёния аз ҳеч гурӯҳе, ё ҳалқае ном набурда ва гуфтаанд, ки ҳукумати Толибон омода аст, бо ҳукумати Тоҷикистон дар шиносоии омилони ҳамла ҳамкорӣ кунад.
Гуфтугӯ