Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷиди калонтарини Тоҷикистонро кай ба истифода медиҳанд?


Мақомот мегӯянд, ин масҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд
Мақомот мегӯянд, ин масҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд

Сохтмони масҷиди калонтарини Тоҷикистон бо сармояи Қатар "пурра ба охир расида", аммо замони ба истифода доданаш ҳанӯз мушаххас нест.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, рӯзи 22-юми июл гуфт, "вазъи беҳдоштӣ сафари меҳмононро аз Қатар ба таъхир гузошт. Лоиҳа дуҷониба аст. Ҳангоми ба истифода доданаш бояд тарафи дигари ҳам иштирок кунад."

Масҷиди бузургтарин дар Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз чаҳор манораи баландиашон 65-метрӣ, гунбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.

Сохтмони масҷидро соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ оғоз карда буданд.

Дар гузашта мақомот мегуфтанд, сармоягузори асосии тарҳ Қатар аст, ки барои сохтмони он 70 миллион доллар ҷудо кард. Тоҷикистон ҳам гуфт, барои бунёди ин масҷид 30 миллион доллар додааст.

Бунёди масҷиди бузургтарин дар ҳолест, ки созмону кишварҳои ғарбӣ ба камияш даҳ соли охир Тоҷикистонро барои бастани баъзе ибодатхонаҳо ва маҳдуд кардани озодиҳои динии сокинон танқид мекунанд. Мақомот ҳамвора тасмимҳои худро барои пешгирӣ аз ифротгароӣ муҳим хондаанд.

XS
SM
MD
LG